sebiston july new
Ҳоҷӣ модарашро тори сар карду...
984

Навори як ҳоҷӣ, ки ҳангоми адои Ҳаҷҷи Умра модарашро дар сари китфаш бардошта бурда истодааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷӯҳи зиёд қарор гирифт.

Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин амали ҳоҷӣ дар иҷрои бузургтарин қарзи фарзандии худ, ки ғамхорӣ дар ҳаққи модар аст, хеле гарм истиқбол намуда, навиштанд, ӯ фармудаи Паёмбари Худо (с..в.с.)-ро бо тамоми маъно иҷро кардааст, ки дар моҳи шарифи Рамазон модашаро болои китфон бардошта, тавоф дорад, зеро “Биҳишт зери пойи модарон аст".

Дар ин навори видеоӣ саҳнаи эҳтиром ва ғамхории самимии як ҳоҷӣ нисбат ба модараш ва сари китф бардоштани ӯ дар наздикии Каъбаи муқаддас дар шоми ҷумъа нишон дода шудааст. Дар навор дида мешавад, ки пиразани ҳоҷӣ аз шодӣ лабрез аст.

Бисёре аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳҳои худ ин ҳоҷиро, ки бо адои хидмати содиқона ва фидокорона ба модараш худшиносӣ ва хушбахтиро дар итоати фармудаҳои Худои муттаол мебинад, ситоишҳои зиёде кардаанд.

Онҳо қайд кардаанд, ки ин як ҷузъи бозгардонидани меҳру муҳаббати модар нисбат ба фарзанд мебошад, ки барои нигоҳубини писар дар давраи кӯдакиаш кардааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД