Arzon march 2024
Омӯзгоре, ки роҳи ҷавонони тоҷикро ба Олмон мекушояд
824


Омӯхтани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботҳои асосии ҷаҳони муосир мебошад, зеро касе, ки забон медонад, тамоми дарвозаҳои олам ба рӯяш боз мешаванд.

Наврасону ҷавонони мо бо ду сабаб забони хориҷӣ меомӯзанд. Якум, барои таҳсил дар ягон мактаби олии кишварҳои хориҷӣ. Дуюм, барои имкони кору зиндагӣ пайдо кардан дар дигар давлатҳо. Онҳое, ки дар марказҳои забономӯзӣ машғули омӯхтани забони хориҷианд, ба гурӯҳи якум дохил мешаванд ва аз ҳар ҷиҳат барои миллату давлати мо дар оянда метавонанд хизмат кунанд.

Дар ин росто, Юсуф Амакиев, омӯзгори забони олмонӣ, ки ҳам дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва ҳам дар маркази забономӯзии “Ориён, забон омӯз” 16 сол инҷониб ба донишҷӯёну хоҳишмандон забони олмонӣ омӯхта ба қадри имкон барои таҳсилу кор дар Олмон мусоидат мекунад, хизмати назаррас доранд. Мо бо эшон доир ба муҳимияти забономӯзӣ, тафовути дарсҳои донишгоҳ ва маркази забономӯзӣ, роҳҳо ва имконоти сафар ба Олмон ва дигар паҳлуҳои омӯзгорӣ суҳбат кардем.

ОМӮЗГОР – РОҲНАМО

Омӯзгорӣ касби серталаб ва бисёр мушкил аст, чаро ин касбро интихоб кардед?

- Ман дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааму бародаронам омӯзгор буданд. Медидам, ки онҳо чӣ гуна барои соҳибилму бомаърифат шудани шогирдонашон талош мекунанд ва аз ин шавқ мебурдам. Албатта, муҳит ба ман бе таъсир намонд ва ба қароре омадам, ки забон омӯхта, омӯзгор мешавам. Омӯзгорӣ барои ман касб не, балки тарзи зиндагист, ишқ аст.
- Чаро маҳз забони олмониро омӯхтед ва дар чанд муддат?
- Вақте 10-сола будам, филми “17 лаҳзаи баҳор” тамошо кардам ва аз ҳамон ҷо шавқи омӯхтани забони олмонӣ дар дилам пайдо шуд. Ман аз 10-солагӣ инҷониб забон меомӯзам ва инак, 43 сол мешавад, ки ба қавле дар даруни забони олмонӣ меҷӯшам.
- Дар ҳоли ҳозир ба андешаи шумо омӯзгор дар ҷомеа чӣ рисолат дорад?
- Рисолати омӯзгор роҳнамоӣ аст. Омӯзгор бо донишу хиради худ ҳамчун шахси намунавӣ шогирдонро ба роҳи рост ва накӯкорӣ роҳнамо мегардад. Инсони покдилу нексириштест, ки муваффақияти худро дар пешравию донишомӯзии шогирдонаш мебинад ва пайваста мекӯшад, ки чун шамъ равшанкунандаи ҳаёти онҳо бошад. Рисолату вазифаи омӯзгор имрӯзҳо хеле бурузг аст, зеро падидаҳои замони муосир диққати хонандагону донишҷӯёнро ҳар замон ҷониби худ мекашанд ва барои онҳоро ба илмомӯзӣ роҳнамоӣ кардан, кӯшиши зиёд мебояд кард.

ОМӮЗИШУ ОМӮЗОНДАНИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ
- Шумо таъсисдиҳандаи маркази забономӯзии “Ориён, забон омӯз” ҳастед. Бигӯед, ки дар марказ дарсҳо чӣ гуна мегузаранд?
- Шукр, даҳ сол мешавад, ки маркази забономӯзии мо фаъолият мекунад. Аз ин марказ садҳо нафари синнусоли гуногун забон омӯхтаанд ва ҳоло дар дохилу хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд. Мо ифтихор дорем, ки ба онҳо кӯмак кардем. Дарсҳои мо ҳафтае се маротиба дар ҳаҷми ду соатӣ мегузаранд ва кӯшиш мекунем дар вақти муайяншуда ба забономӯзон муҳимияти забони олмониро омӯзонем.
- Шумо дар баробари фаъолият дар маркази забономӯзӣ, боз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳам дарс мегӯед. Бигӯед, ки дар куҷо ба шумо дарс додан осонтар аст?
- Дар донишгоҳ дарс додан осонтар аст, чунки онҳо аллакай донишҷӯ ҳастанд, фаҳмиш ва аз ҳама муҳим қариб, ки сатҳашон баробар аст. Аммо дар марказ синнусол гуногун аст ва ин боис мегардад, ки раванди дарсгузарӣ халал ёбад, чунки фаҳмишу ҷаҳонбинӣ фарқ дорад ва ҳар забономӯз ба қадри худ мавзуъҳоро дарк мекунад.
- Усули дарсҳои марказ аз донишгоҳ чӣ фарқ доранд?
- Аввалан, дарсҳо бо ҳаҷм фарқ мекунанд. Дар марказ як дарс ду соат аст, аммо дар донишгоҳ 50 дақиқа. Дар донишгоҳ кӯтоҳу ихҷам омӯзонида мешавад, аммо дар марказ ҳама мавзӯъҳо васеъ фаҳмонида мешаванд.
- Барномаи таълимии марказро чӣ гуна сохтаед ва як забономӯз дар чанд муддат забони олмониро меомӯзад?
- Дар марказ мо бо усули интерактивӣ (усули фаъоли таълим) дарс мегузарем. Ин усули аврупоист ва барои омӯхтан, махсусан аз худ кардани забони хориҷӣ хеле мувофиқ аст. Дар муддати шаш моҳ забономӯзон метавонанд озодона бо забони олмонӣ суҳбат кунанд.
- Хурдтарин ва калонтарин шогирдатон дар марказ чандсолаанд?
- Дар ҳоли ҳозир дар маркази мо аз 11-сола то 55-сола таҳсил мекунанд.

ЧӢ ГУНА МЕТАВОН БА ОЛМОН РАФТ?
- Барои ба мактаби олии Олмон дохил шудан, чанд муддат бояд дар Ватан забон омӯхт?
- Ин масъала нозукиҳои худро дорад. Таҳсил дар Олмон ба шарте имконпазир мегардад, ки забономӯз ҳадди ақал якуним сол забон омӯзад ва гувоҳномаи “С1”-ро ба даст орад.
- Дар мавриди гувоҳнома додан маркази шумо чӣ нақш мебозад?
- Мо то гувоҳномаи “С1” медиҳем, аммо барои онро гирифтан забономӯзон дар дигар ҷо, маҳз дар Филиали Донишкадаи ба номи Йоҳан Волфганг Гёте дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дар Душанбе дар маркази забономӯзии „SLZ“ имтиҳон месупоранд. Барои ҳақи додани чунин гувоҳномаро ба даст овардан, ба мо аккредитатсияи байналмилалӣ лозим аст, ки ҳоло марказ надорад.
- Аксари онҳое, ки забони олмонӣ меомӯзанд, ният доранд, ки пас аз омӯзиш ба Олмон сафар карда, кор ё таҳсил кунанд. Ба онҳое, ки мақсади кор кардан дар Олмонро доранд, шумо чӣ кумак карда метавонед?
- Пас аз муддати муайяни таҳсил, ман аз шогирдонам мақсади омӯзиш ва нақшаҳои ояндаашонро мепурсам. Ба онҳое, ки бо нияти кор кардан ба Олмон сафар намудан мехоҳанд, мусоидат мекунам, ки бо намояндагони ширкатҳои корфармо тариқи интернет ҳамсуҳбат шаванд. Дар натиҷаи мусоҳиба маълум мешавад, ки шогирдони ман аз имтиҳони онҳо мегузаранд ё не. Агар ба ширкатҳои корфармо лозим бошад, ҳуҷҷатҳоро омода карда, ба кор мефиристем.
- Мутахассисони кадом соҳаҳо ба Олмон лозим аст?
- Аввалан, мутахассисони тиббӣ бисёр лозиманд, ки ҳар нафар метавонад дар ин соҳа кор ёбад. Мутахассисони хоҷагии қишлоқ, аз қабили обёрӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва ғайраҳо низ даркоранд. Ва боз даҳҳо касбу кори дигар, аз ҷумла, сартарош, ошпаз, кафшергар, оҳангар, электрик...
- Шумо аз соли 2006 инҷониб ба омӯзонидани забони олмонӣ машғулед. Бигӯед, ки дар ин муддат чанд шогирдатон имкони ба Олмон сафар карданро барои таҳсилу кор пайдо карданд?
- То ҳол тахминан зиёда аз чор ҳазор шогирди ман барои таҳсил ва кор ба Олмон рафтаанд, ки аз ин теъдод 50 фисадашро донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ташкил мекунанд.

Барои суҳбати пурмуҳтавоятон сипос мегӯем ва бароятон дар ин ҷодаи пурмаҳсул барору комёбӣ мехоҳем. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД