formula55
ҚОТИЛИ ПАДАР
5117


 Аҳмад гирифтории касалии қанд шуда, бар асари ин беморӣ як пою як дасташро духтурон бурида буданду дар дами пирӣ мунтазири ҳамсару яккаписараш гашта буд. Аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб рӯи кати ҳавлӣ зери чойлоби ток нимпаҳлӯ зада, ба дард тоб оварда наметавонист.


Бетоқатона гоҳо ба ин тарафу гоҳо ба он тараф гашта, “вой ҷони дардмандам, вой дарди бедавоям” гӯён, нолиш мекард. Ҳамсараш Рухсора ба сараш дод зада мегуфт:

-Чӣ ин қадар доду вой дорӣ, танҳо ту бемор нестӣ, о одам дардманд, ки шуд, шукрона мекунад, садои додгӯии туро дар тамоми деҳа мешунаванд. Кадом рӯз ҳамсояҳо аз ҷабри нолишҳои дуру дарозат кӯчида мераванд.

Аҳмад, ки худаш пойи равон надошт, неши ҳамсару келин ва беҳурматии писарашро бо резондани сиришки чашмон қабул мекард. Тамоми умр то аз по мондан кор карда буд. Дар зиндагиашон ягон камбудӣ надошт, вале боре шукронаи тани сиҳат намекард, ончунон ғурур дошт, ки ба қавле офтобро сӯз дода мегашт. Ҳеҷ фикр намекард, ки аз ин дунё ҳама бо дасти холӣ мераванд ва ягон дороӣ саломатии инсонро баргардонида наметавонад. Аз дороии зиёд яккафарзандаш- Орзуро дар синфи 9-ум зан дода буд, вале бо сабаби кӯдакдор нашуданашон Мавҷударо, ки мисоли хизматгори хонааш заҳмат мекашиду ҳамаро ҳурмат мекард, ба нею нестонаш эътибор надода, пеш аз писараш дасташро аз дастаки дар канда, ба зӯр аз хона пеш карда буд. Орзу думи як бевазани ҳайдави шаҳриро гирифта, рӯзашро бо айшу нӯш бегоҳ мекард. Аҳмад ба ҷигарбандаш ҳамроҳи худ дар як вазифа кор гирифта доду акнун бурути писару падарро дигар табар ҳам намебуридагӣ шуд.

Келини эрка

Аз ишқварзии Орзуву Гулрӯ се моҳ сипарӣ шуду ӯро бо як дабдабаву тантана арӯс карда, ба хона оварданд. Гулрӯ қаблан шавҳар кардаву аз шавҳари собиқаш соҳиби кӯдак буд ва ҳамроҳи модараш дам ба дам ба шавҳар баромада, аз ҳисоби мардони сарватманд рӯз мегузаронданд. Орзу хушбахт буд ва боре ёди Мавҷуда намекард, ҳарчанд аҳд баста буданд, ки то охирин нафас бо ҳам мемонанд. Мавҷуда баъди он ки аз Орзу ҷудо шуд, марди дорое хостгораш гашту дубора хонадор шуда, баъди як сол соҳиби писар шуда бошад ҳам, ба хотири ишқи аввалинаш гоҳо ашк мерехт. Шояд дуои Мавҷуда хусураш Аҳмадро гирифта буд, ки дар оила на қадраш монда буду на қиматаш.

Шарораи хотираҳо

Аҳмад дар оила писари калон буду ду додару се хоҳар дошт, аммо хеле ҷавони бадқаҳру хашмгин буд. Нигоҳубини падари бемораш, ки дар дами пирӣ аз пои равон монда буд, ба зиммаи писари калониаш Аҳмад афтид. Аҳмад он замон ҷавону мағрур ва чунон назарбаланд буд, ки касе ҷуръати пишакашро пишт гуфтан надошт. Падараш аз як тараф пири заиф гашта бошад, аз тарафи дигар гуруснагӣ заифтараш мегардонд ва ҳангоми аз ҷой хестан сараш чарх зада, пеши чашмонаш торик мешуд. Зану шавҳар ба мӯйсафед нони серӣ намедоданд, то ки зуд-зуд барои қазои ҳоҷат онҳоро ноҳинҷор насозад. Вақте пирамард Аҳмадро дур медид, духтарашро фарёд карда мегуфт, ки “гуруснаам, каме нону як пиёла чой биёру дар пушти дар посбонӣ кун, то акаат наояд, вагарна хӯрданамро дида, ҷангам накунад”. Баъзан нонҳои пинҳонӣ овардаи духтаронаш дар зери болишти сараш зағорак медамиданд. Шабе Аҳмад ба маъракае рафту пеш аз рафтан мӯйсафедро таъкид кард, ки то омаданаш аз хона набарояд, аммо мӯйсафед, ки бемор буд, бо вуҷуди хӯроки дуруст нахӯрдан зуд- зуд ба қазои ҳоҷат мерафт. Баъди марги ногаҳонии кампираш мӯйсафед дубора шикаст хӯрд.

Шабе мӯйсафед бо дасташ деворро қапида, бо зонувонаш заминро палмосида- палмосида, то ҳоҷатхона рафту баъди қазо хост ба хона баргардад, ки ногаҳон Аҳмад расида омаду аз китфи падараш бардошта, ӯро сарзанишкунон то дохили хона дароварду аз китфаш тела дод. Мӯйсафед пешпо хӯрда, ба замин афтиду доду фарёдаш баромад, вале писараш гуфт:

-Хоб кун, ин қадар дод нагӯй, касе ба додат намерасад, пиракӣ!

Баъди ҳамон ҳодиса мӯйсафед бистарӣ шуда, аз олам гузашт. Ҳамаи корҳои дар ҳаққи падар кардааш қабл аз марг як-як аз пеши чашми Аҳмад чун навори филм гузашту пас аз лаҳзае аз даҳонаш каме кафк равон шуда, ҷон дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД