arzon replenishment
ОВОЗХОН САЪДӢ БӮРИЗОД ҲАМ КОРОНАВИРУС ШУД
5165

 Рӯзи 7 май дар беморхонаи маъруф ба 1 Советскийи пойтахт Саъбагул Бӯриева, модари сароянди тоҷик Саъдии Бӯризод, аз бемории коронавирус ҷон дод.


Гуфта мешавад, ки маъмурияти беморхона ҷасади марҳумро ба наздиконаш надода, ваъда кардаанд, ки худашон бо риояи аркони шариату дин ва қоидаҳои санитарӣ модари сарояндаро ба хок месупоранд.

Вазъи саломатии худи овозхон низ вазнин арзёбӣ мешавад. Айни ҳол, Саъдии Бӯризод бо нишонаҳои коронавирус дар ин беморхона бистарист.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар то имрӯз наздик ба 461 нафар аз ин вирус сироят ёфта, 12 нафар ба ҳалокат расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД