Маҳсулоти лозима:
0,5 истакон мураббо ё ҷем, 80 грамм равғани растанӣ, 50 грамм шакар, 1 қошуқча содаву сирко, 1 халтача ванилин, намак, 3 қошуқ какао, 1,5 истакон орд.
Тарзи таҳия:
Дар зарфи чуқур мураббову шакарро лат зада, ванилин илова кунед. Равғани растанӣ, намак, содаву сиркои омехта, орд, моддаи ковоккунанда ва какао илова кунед. Хамири тайёршударо ба андозаи донаи чормағз канда, дар тобае, ки коғази фолга тунук шудааст, гузошта, бо чангак каме зер кунед. Пачинаро дар ҳарорати 180 дараҷаи тафдон муддати 10 дақиқа пазед.