Тӯю маъракаро бо дабдаба гузаронед, беш аз 120 ҳазор сомонӣ ҷарима мешавед
Дар Тоҷикистон барои риоя накардани қоидаҳои баргузории тӯю маъракаҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Маблағи он вобаста ба навъи қонуншиканӣ ва мақоми шахс фарқ мекунад.
Тибқи қисми 4 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои вайрон кардани тартиби хизматрасонӣ ҳангоми баргузории маъракаҳо ба шахсони ҳуқуқӣ 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад. Бо назардошти он ки аз 1 -уми январи соли 2027 як нишондиҳанда ба 81 сомонӣ баробар мешавад, маблағи ҷарима ба 121 ҳазору 500 сомонӣ мерасад.
Барои шахсони воқеӣ бошад, чунин қонуншиканӣ 300 нишондиҳанда ё 24 ҳазору 300 сомонӣ ҷарима дорад. Ҳамчунин, барои баргузории маъракаҳои манъшуда ва риоя накардани тартиби муқарраршудаи тӯю маросим низ ҷазо пешбинӣ шудааст.