Маҳсулоти лозима:
300 грамм гӯшти мурғ (пухта), 50 грамм орд, 2 тухм, 1 дона каду, 150 мл шир, 50 грамм панири сахт, 1/2 қошуқча моддаи ковоккунанда, мурч, каррӣ, гиёҳҳои хушбӯй ва намак мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғро майда реза кунед. Тухмҳоро бо намак ва шир лат зада, орд, моддаи ковоккунанда ва адвияҳоро илова намоед, хамири нисбатан моеъ ҳосил мешавад. Ба он мурғ, панири аз тарошак гузаронида ва кадуи майдабуридашударо ҳамроҳ кунед. Хуб омехта намуда, ба қолаби тафдон резед. Дар тафдони то 200 дараҷа гармшуда 35–40 дақиқа то сурхчатоб шудан пазед.