shoh palace
Писарамро аз марг наҷот диҳед!
11.03.2022
Оила
1171

Гулизор Рӯзиева сокини кӯчаи Колхозчиён 13 “А”-и шаҳри Ҳисор мебошад. Ин зани тоҷикро мушкили хеле ҷиддӣ-дарди фарзанд ба идораи ҳафтаномаи “Оила” овардааст. ПисарчаиГулизор-Усмонҷони 7-сола дар умри кӯтоҳаш аллакай 8 маротиба ҷарроҳӣ шуда бошад ҳам, то ҳол ба пуррагӣ шифо наёфтааст. Кӯдак ҳоли зоре дорад ва барои аз қабзаи дарду ранҷ наҷот доданаш табибон бояд Усмонҷонро бори нуҳум ҷарроҳӣ намоянд, вале тамоми дороии падару модараш сарфи ҳашт ҷарроҳӣ шуда, дигар дар бисоташон чизе надоранд, ки фурӯхта, ҷони фарзандашонро бихаранд. Гулизор Рӯзиева бо дили пурумед рӯ ба мардуми меҳрубони тоҷик овардааст, ки шояд одамони хайрхоҳ барои ризои худованд ба писараки ӯ, ки ҳафт сол боз бо марг даст ба гиребон аст, дасти мадод дароз менамоянд. Биёед, дарди дили ин модари зорро аз забони худаш бишнавем.

-Шуморо чӣ ба идораи ҳафтаномаи “Оила” овард?

-Эҳ хоҳарам, одам ба хотири фарзандқаландар мешудааст. Дарди фарзанд, дарди писараки рангзардам, ки аз рӯзи ба дунё омаданаш ягон рӯзи хушро надидааст, маро маҷбур кард, ки кофта-кофта роҳи идораи шуморо ёбам.

-Метавонед ошкортар ҳарф занед, ки писаратон чандсола аст ва чӣ мушкил дорад?

-Писарам Усмонҷон нав 7-сола шудааст, вале дар ин умри кӯтоҳаш аллакай 8 ҷарроҳиро аз сар гузаронида, ба қавле чанд бор мурда зинда шуд, вале Худованд шояд нолаҳои ҷигарсӯзи ману падарашро шунида, ӯро дубора ба мо бахшид.

-Усмонҷон чӣ беморӣ дорад, ки табибон ӯро на як бору ду бор, балки 8 маротиба ҷарроҳӣ карданд?

-Гурдаҳои писарам иллат доранд. Табибон ба ӯ “норасоии кори гурда” ташхис гузоштаанд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, бар замми гурдаҳо, рӯдаҳояш низ иллат пайдо карда, ҳолаш аз буда бадтар гашт.

-Аз чандсолагӣ ба ин иллат гирифтор шуд?

-Усмонҷони мо гуфтан мумкин, ки аз вақти таваллуд шуданаш бемор аст, чунки писарам ҳанӯз яксола нашуда, ҳолаш бад шуд ва мо ӯро ҷарроҳӣ кардем.

-Шамол кашида бемор шуд ё модарзод гурдаҳояш иллат доштаанд?

-Ростӣ, инашро аниқ намедонам, фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки вақте пешоб карданӣ шавад, гиря мекард. Пояк медоштам, баъди пешоб кардан ором мешуд. Ҳайрон мешудам, ки тифлаки хурд асту вақте пешобаш ояд, худаш инро ҳис карда гиря мекунад, вале баъдтар маълум шуд, ки гиряҳои писарчаам бе сабаб набуда, пешобаш мисли дигар кӯдакон озод намебаромадааст.

-Чанд фарзанд доред?

-Шукри Худо чаҳор фарзанд дорам, вале ҳамаашон ноболиғанд.

-Дигар фарзандонатон солиманд?

-Шукри Худо дигар кӯдаконам ягон иллат надоранд. Аз байни чаҳор фарзандамон фақат Усмонҷон камтар бачаи касалманд шуд.

-Аксар вақт чунин нуқсонҳои модарзодӣ аз никоҳи хешу таборӣ пайдо мешаванд. Шумову шавҳаратон хешу табор нестед?

-Не, мо тамоман бегонаем, вале Худованд дар насибамон чунин рӯзҳоро навишта будааст.

-Гуфтед, ки ҳанӯз яксола нашуда, Усмонҷон рӯйи мизи ҷарроҳӣ хобида буд. Ҷарроҳиро дар куҷо гузаронида будед ва табибон чӣ гуфтанд?

-Аввал дар пеши нофи писарам ба андозаи донаи нахӯд чизе пайдо шуд ва муддати се моҳ дар беморхонаи шаҳри Ҳисор онро табобат кардем. Кирм аст гуфтанд, аммо баъд маълум шуд, ки кирм не, балки яке аз нишонаҳои иллати гурда будааст. Табибони Ҳисор чун диданд, ки ҳоли кӯдак рӯз то рӯз бадтар шуда истодааст, моро ба беморхонаи Қарияи Боло равон карданд. Дар ин ҷо баъди ташхис гуфтанд, ки гурдаҳои кӯдак нағз кор намекунанд ва писарамро ҷарроҳӣ карданд. Тахминан як сол баъди ҷарроҳӣ ҳоли писарам хуб буд, вале баъд боз бемор шуда, таббаш баланд шудан гирифт. Аксар вақт таббаш то ба 40-41% баланд мешуд. Гул баровард. Фикр кардем, ки баъди гул сиҳат шуда меравад, вале пешобаш манъ шуд. Ба беморхонаи Ҳисор бурдем, аммо табибон моро ба беморхонаи кӯдаконаи касалиҳои гурда, ки ҳамон вақтҳо дар наздикии кинотеатри Ҷомӣ воқеъ буд, фиристоданд. Вақте ки омадем, беморхонаро аллакай вайрон карда буданд ва моро ба “Истиқлол” фиристоданд. Дар “Истиқлол” боз писарамро ҷарроҳӣ карданд, аммо муддати се моҳ дар беморхона хобида бошем ҳам, ҳоли кӯдак беҳ нашуда, баръакс аз шикамчааш пешоб сар кард...

-Нафаҳмидам, чӣ хел аз шиками кӯдакпешоб сар кард?

-Пӯсти наздики нофаш ба андозаи пушти нохун худ аз худ сӯрох шуда, аз ҳамон ҷо пешоб мебаромад. Бо умеди он ки маҳкам мешавад, ҷойи сӯрохшударо дӯхта, табибон моро ба хона ҷавоб доданд, вале захмаш ба ҷойи маҳкам шудан дубора кушода шуда, боз пешобравӣ сар шуд. Ҳамин тавр писарам бори сеюм ҷарроҳӣ карданд, вале аз шикамчаи писаракам ҳамоно пешоб мерафт. Вақте ки бори чорум Усмонҷонро ба “Истиқлол” бурдем, қабул накарда гуфтанд, ки мо тамоми кори аз дастамон меомадаро аллакай кардем, беҳтараш кӯдакро ба ягон ҷойи дигар баред.

-Ба Вазорати тандурустӣ муроҷиат накардед?

-Кардем. Он вақт вазири тандурустӣ як марди калонсол буданд, вале ному насабашон дар ёдам намондааст. Ҳоли писарамро дида, он кас худашон ба беморхонаи Қарияи Боло роҳхат ва дастур доданд, ки кӯдакро фавран ҷарроҳӣ кунед. Дар ин беморхона писарамро пай дар пай боз 4 маротибаи дигар ҷарроҳӣ карданд. Пас аз ҷарроҳии шашум пешобравӣ аз шикамчааш бас ва сурхии пеши нофаш маҳкам шуд, вале кӯдак ҳамоно мустақилона пешоб карда наметавонист. Дар баданаш якбора ду шланг гузошта буданд ва бо воситаи ҳамон рӯдачаҳо пешоб мекард. Барои гирифтани яке аз он рӯдачаҳо бори ҳафтум писарамро ҷарроҳӣ карданд. Ҷарроҳӣ соати 8-и саҳар оғоз ёфта, тахминан соатҳои дуи рӯз ба охир расид. Умед доштем, ки пас аз ин ҳоли писарам хуб мешавад, аммо ду рӯз пас шикамчааш дам карда, ахлоташ аз даҳонаш меомадагӣ шуд. Креатинаш ба 330 расид. Табибон ба ташвиш афтида, ӯро фавран ҷарроҳӣ намуданд. Ростӣ, худи табибон низ ба зинда мондани Умедҷон боварӣ надоштанд, вале ҳарчи бодо бод гуфта, ночор ба гузаронидани ҷарроҳӣ розигӣ додем. Пас аз ҷарроҳӣ гуфтанд, ки писарам рӯдапечак шудааст. Ҳамин тавр, писарам 8 бор ҷарроҳӣ шуд. Раҳмат ба профессор Сафедов, ки тамоми ҳунарашонро сарф карда, писарамро аз панҷаи марг наҷот доданд. Шаб аст, нисфи шаб аст, ба хотири Усмонҷон ҳатто аз хонаашон хеста меомаданд.

-Айни замон писаратон чӣ мушкил дорад?

-Пешбаш намеистад, бар замми ин, ахлоташ бо воситаи рӯдае, ки табибон онро аз шикамаш баровардаанд, мебарояд, барои ҳамин бояд Усмонҷонро бори нуҳум ҷарроҳӣ кунанд, вале дар бадали чанд соли бемории писарам дигар дар бисотамон дигар чизе намондааст. Усмонҷон фақат бо дору зиндагӣ мекунад. Доруҳое, ки барои баланд бардоштани иммунитет ва нигоҳ доштани фаълияти гурдаҳояш таъин мекунанд, бениҳоят қимматанд. Тамоми дороиямонросарф кардем, бар замми ин, аз чанд бонк қарздор ҳам шудем, дигар ягон имконияти гузаронидани ҷарроҳиро надорем.

-Ҳадафатон аз муроҷиат кардан ба редаксия чист?

-Шунидам, ки муштариёни сомонаи Оила. ТЧ ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила” ба чандин бенавоёну мӯҳтоҷон беғаразона дасти ёрӣ дароз намудаанд. Аз ҳамин хотир, ман ҳамчун як модари тоҷик , ки фарзандаш 7 сол боз бо марг даст ба гиребон аст, аз ҳоҷиён, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатманд хоҳиш ва илтиҷо мекунам, ки дар чунин рӯзҳои душвор ва тақдирсоз барои ризои Аллоҳи меҳрубон дасти моро гирифта, дар гузаронидани ҷарроҳии нуҳуми писаракам Усмонҷон ёрии худро дареғ надоранд.

-Умедворем, ки дарди дили шумо ба гӯши саховатпешагон расида ба сӯятон дасти мадад дароз менамоянд ва бо албатта бо инояти парвардигор писаратон шифои комил ёфта, дар даврони пирӣ асои дастатон мегардад.

Ф. Сатторӣ

Р/С

Шахсоне, ки мехоҳанд барои табобати Усмонҷони 7-сола ёрӣ расонанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкиизерин гузаронанд: 9762 0000 2223 5146 Корти миллӣ аз Душанбе-Ситти

ё ба рақамҳои 907-81-12-81 занг зада, бо волидони Усмонҷон ҳамсӯҳбат шаванд. Рақами телефон бо корт пайваст аст. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД