sebiston july new
РУСИЯ НАМЕРАМ ОЧА!
6085


Соҳиб ном дорам ва сокини пойтахтам. Бепадар калон шудаам. Фарзанди ягонаам, мисли дигарон хоҳару додар надорам.

Модарам муаллима буда, зиндагиамонро бо маоши ночизи омӯзгорӣ пеш мебурд. Мактабро хатм намуда, хостам ба донишгоҳ дохил шавам, аммо шароит, ки надоштем, модарам гуфтанд:

-Як сол дар Русия кор карда биё, баъд дохил мешавӣ!
Ҳамсинфонам бо пулу тағобозӣ ба донишгоҳҳо дохил шудаанду мани босавод мондам. Яқин медонистам, ки Русия равам ҳам, бо дили шикаста бармегардам, чунки дар ин замона ҷойи ақлу тамизу донишро пул гирифтааст. Дар мағозаи як хешамон фурӯшанда шуда кор мекунам, вале модарам ҳамеша «даромадат кам аст, Русия рав» мегӯяд. Азобу ранҷи муҳоҷирони тоҷикро шунида, дасту дилам аз мардикорӣ рафтан хунук шудааст, вале модарам маро фаҳмидан намехоҳад. «Рав, тағоҳоят дар Русия кори хуби сердаромад доранд, дар таги дасташон кор карда, қомататро рост кун, баъд омада мехонию одам мешавӣ» мегӯяд. Росташро гӯям, азми муҳоҷират накарданам боз як сабаби дигар ҳам дорад, духтари дӯстдошта дорам ва метарсам, ки то баргаштанам ӯро шавҳар медиҳанд. Намехоҳам ба умеди чор танга пул аз ёрам ҷудо шавам, вале модарам ду пояшро ба як мӯза андохта маро коркунӣ фиристоданист. Ҳафтаи гузашта ба тағоҳоям занг зада гуфт, ки Соҳибро наздатон мефиристам, зери қанот гиред. Чандин бор ба хубӣ фаҳмондам, ки мардикорӣ рафтан намехоҳам, аммо гапи модарам мисли қонун яктост: ҳоҳӣ ҳам меравию нахоҳӣ ҳам меравӣ!
Мафтунаро сахт дӯст медорам, аз ин хотир чораи дигар наёфта ба «Оила» нома навиштам. Мехоҳам аз ин минбар ба модарам бигӯям:
-Очаҷон, пулҳои фиристодаи додаронатро баргашта равонашон кун! Русия рафта ғуломвор заҳмат кардан намехоҳам!!! Мафтунаамро дӯст медорам ва намехоҳам аз наздаш дур бошам. Ба ҷойи ба ғарибӣ фиристодан писаратро зан деҳ, оча!
Соҳиб, аз маҳаллаи 46

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД