Arzon march 2024
Рӯзи сиёҳи бевазан
2780

 

Ишқи кӯдакӣ

Духтари зеботарини деҳа будам ва аксари хешу табору ҳаққу ҳамсояҳо орзуи келин карданамро доштанд, вале дили ман танҳо ба як ҷавон моил буд. Дар синни шонздаҳсолагӣ ишқ вориди қалбам гашта, зиндагиамро бе дӯстдоштаам тасаввур карда наметавонистам. Умед ҳам барои ман ҷонашро дареғ намедошт. Оҳиста-оҳиста овозаи ишқи ману Умед дар мактаб паҳн шуд. Шояд гапу калочаи мардум ба гӯши волидонам ҳам расид, ки рӯзе падарам маро шинонда гуфт:

- Духтарам, мо туро аз давраи кӯдакиат ба писари аммаат гаҳворабахш карда будем. Худо хоҳад, имрӯзу пагоҳ мактабро хатм карда ба хонаи бахтат меравӣ. Қадаматро беҷо нагузор.

Ашк дар чашмонам бо шунидани ин гап ҳалқа зад. Падарам сабаби оби дида рехтанамро пурсид. Сархам пичиррос задам:

- Дадаҷон, ман дигар касро дӯст медорам.

- Ту чиҳо мегӯӣ? Маро шарманда кардан мехоҳӣ? Аз хурдиат аммаат ҳамеша барои ту туҳфаҳои қиматбаҳо меорад. Мо ба ӯ чӣ ҷавоб медиҳем?-Бонг зад падарам ва таъкид намуд, ки агар маро бо Умед бубинад, сарамро аз танам ҷудо мекунад. Акнун фаҳмидам, ки чаро аммаам нисбати ман ин қадар меҳрубон будааст… Мани сода хурд будаму мақсадашро пай набурда, барои туҳфаҳои овардааш хурсандӣ мекардам, вале аммаам нияти дигар доштааст.

Ваъдаи ошиқ

Ҳамаашро рӯзи дигар ба Умед фаҳмондам. Авзоаш якбора тағйир ёфта ангуштонашро мушткунон таъкид намуд: «Мафтуна, то рӯзе, ки ман зиндаам иҷозат намедиҳам, ки туро ягон марди дигар аз худ кунад! Барои ба даст овардани дили падарат мубориза мебарам. Барои ба мурод расидан ҳар коре, ки аз дастам меояд мекунам!» Ин ваъдаи Умед умеди мурдаи маро дубора зинда карда бошад ҳам, ҳанӯз бовар надоштам, ки падари мағрурам аз аспи ғурур мефарояд.

Ғамбемор

Дигар аммаамро чашми дидан надоштам, номашро шунавам ба танам мурғак медамид. Дарун-дарун месӯхтаму аммаамро душмани ҷонӣ хонда дар ҳаққаш дуоҳои бад мекардам. Корам мудом гиряву нола буд. Оқибат аз ғам бемор шудам. Рангам торафт зарду афгор мегаштам. Падарам ҳам маро дида дудила шуда монд, намедонист ин гапро ба аммаам чӣ хел фаҳмонад. Дар байни ду дарё монда буд бечора, аз як тараф фарзанди падару аз ҷониби дигар фарзанд.

Фотиҳагардон

Рӯзе аз мактаб омада аммаамро дар хона дидаму дилам сиёҳ шуд. Ғазамбро ба зӯр фурӯ бурда ба наздаш рафтам ва аз рӯи одоб салом додам. Сабаби зард шудани рангамро пурсид, вале ман ба саволаш ҷавоб надода бо чеҳраи гирифта аз наздаш берун шудам. Баъди чанде аз меҳмонхона садои ғало-ғулаи баланд шуд. Оҳиста ба пушти дар рафта гӯш кардам, падарам ба ҷавони дигар дил додани маро ба аммаам нақл мекард.

 

Инро шунида аз шодӣ дари меҳмонхонаро бӯса кардаму ба берун тохтам. Чанд лаҳза пас аммаам ба қаҳр аз хона баромаду «Барои як бегона, ки бачаи маро ноумед кардӣ, худо духтаратро ноумед созад» гӯён, дарвозаи моро шараққосзанон пӯшида рафт. Умед ин хушхабарро шунида зуд хостгорҳояшро равон кард ва падару модарам моро бо ҳам фотиҳа карданд.

Арӯсӣ

Ман худамро хушбахттарин инсон меҳисобидам, чунки на ҳар ошиқ ба висоли маъшуқаш мерасад. Кӯрпаву болин ва дигар ҷиҳози арӯсиамро бо як ҷаҳон умеду орзуҳои ширин дӯхтам. Падарам бароям рахти хоби гаронбаҳо, яхдону телевизор, мошини ҷомашӯӣ ва қолини пат харид, то дар хонаи хушдоманам таънашунав нашавам. Волидонам ташвиши зиёд кашида тӯйи бодабдаба оростанд, вале аммаю амакҳоям ба маърака наомаданд.

Барои фотиҳаи писари аммаамро гардонданаш хешу ақрабо бо падарам қаҳрӣ шуда буданд. Бобою бибиам ҳам ба ман дуои сафед надоданд, вале мани дилдода парвои одаму оламро надоштам. Сармасти висол заминро дар зери поям ҳис намекардам.

Ҷабри хушдоман

Умед падару модарашро маҷбуран ба хонаи мо хостгорӣ равон карда будааст, аз ҳамин хотир хушдоманам, рӯзи аввал ба ман рӯи хуш надод. «Арӯси таърифиат ҳамин қоқи мурдани» гуфта мудом неш задани модаршӯям диламро хун мекард, аммо ба хотири Умед дӯст доштанам лаб зери дандон гирифта, зиндагиро идома медодам.

Замони сериву пурӣ бошад ҳам, доим гурусна мегаштам, бар замми ин бегоҳ хушдоманам бо гапҳои бофта ману Умедро шӯр меандохт. Аввалҳо шавҳарам ба ғур-ғури модараш аҳамият намедод, вале баъдтар заминро об вайрон мекунаду одамро одам гуфтагӣ барин, ҷонаш ба лаб расида, маро мезадагӣ шуд. Ҷабри хушдоман аз як тараф, мушту лагади шавҳар аз ҷониби дигар ва бар замми ин ҳомиладор шуданам дар байни як сол маро чунон афгор намуд, ки мадори роҳгардиам намонд. Вақти таваллуд кардан аз камқувватӣ қариб мемурдам.

Бибии наберабезор

Мувофиқи таомул ба хонаи модарам рафтам. Волидон ва хешу табор сабаби ин қадар афгор шуданамро мепурсиданд, вале аз зиндагии пурдардам ба касе шикоят намекардам. Ба ҳамааш худам гунаҳгор будам ва намехостам пайвандонам ҳолат аз ин бад гӯянд. Тӯли ду моҳи дар хонаи модарам будани ман ғайр аз Умед дигар касе аз хонаашон ба дидорбинӣ наомад. Хушдоманам ақаллан занг зада набераашро намепурсид. Пеши падару модар забонкӯтаҳ будам.

Аз рӯи расму оин баъди баромадани чиллаи кӯдак модарам бо гаҳвораю катчаи хоб ва чизу чораи зиёд маро ба хонаам овард. Хушдоманам дар назди меҳмонҳо ҳатто дастурхон напартофта бо заҳри забон модару янгаҳоямро гусел кард.

Талоқ

Солҳо бо ҳамин ранҷу азоб гузаштанду мо соҳиби се духтар шудем. Хушдоманам ҳамеша Умедро маҷбур мекад, ки зани дигар гирад, то ин ки барояш писар таваллуд кунад. Шавҳарам духтаронашро дӯст намедошт, вале аз ҷангу ҷанҷол ва ғурбати модараш билохира ҷонаш ба лаб расиду рӯзе баъди моҷарои навбатии хушдоманам дод зад:

- Косаи сабрам лабрез шуд. Мафтуна, аздусар ману туро осуда зистан намемонанд. Беҳтараш аз паси зиндагии худат шав. Ҷавобатро додам! Ин гапро шунида беҳуш шуда афтидам. Вақте ки ба худ омадам, аллакай бору буғчаам бастагӣ буд. «Барои кадом гуноҳам ин корро ба ман раво дидӣ? Фарзанд доди худо аст, чаро ношукрӣ мекунӣ? Одамоне ҳастанд, ки ба нохуни фарзанд зоранд, вале худованд ҳатто духтарашон намедиҳад. Оҳи духтаракони бегуноҳам туро мегирад, номард!» гӯён, аз гиребони шавҳарам гирифтам, вале дигар суд набуд.

Ғуломи янга

Бо чашми гирён бо се духтарчаи нозанинам ба хонаи падар баргаштам. Акнун зери таънаҳои падару модару бародаронам монда, сарҳисоби зиндагиро тамоман гум карда будам. Ба худам лаънат мехондам, ки чаро ба писари аммаам хонадор нашудам. «Ҳаргиз бо зани нават роҳат набинӣ, Умед» гӯён, рӯзи дароз шавҳари бевафоямро дуои бад карда, ашк мерехтам. Тамоми кору бори хонаро мекардам, вале рӯям ҳеҷ ба чашми янга гарм наметофт. Моро нонхӯри зиёдатӣ меҳисобиданд.

Писарони бародаронам ҳамеша бо духтаронам ҷанҷол намуда, онҳоро лату куб мекарданд. Рӯзе аз кӯча ба хона даромада дидам, ки янгаи калониам духтарам Дилафрӯзро зада истодааст. Аз даҳону бинии духтарчаам хун ҷорӣ мешуд. «Духтарат писари маро зад, барои ҳамин адабашро додам» пешхезӣ намуд янгаи муштзӯрам.

Бадани сиёҳу кабудгаштаи духтарамро дида, мехостам Азроил омада ҷонамро бигирад, то дигар азобҳои фарзандонамро набинам. «Очаҷон, мо дигар дар ин ҷо зиндагӣ кардан намехоҳем! Биёед ба хонаи худамон равем» зорӣ мекарданд духтараконам. Дилам реш-реш гашту кӯдаконамро гирифта ба хонаи хобам даромадам, вале хоб аз чашмам парида буд.

Субҳ бо падару модарам маслиҳат карда гуфтам:

-Дадаҷон, ман ба шаҳр рафта иҷора мешинам. Дигар тоқати дидани ранҷу озори духтарчаҳои зиндаятимамро надорам!

-Духтарам, танҳо зистани зани бешавҳар гапу калочаи зиёд дорад. Бе ин ҳам сарамро дар байни ҳамсояҳо бардошта наметавонам,- норозигӣ намуд модарам, вале ман аз роҳам нагаштам.

Овора

Ба шаҳр омада иҷора нишастаму духтарчаҳоямро ба боғчаи кӯдакон супорида дар беморхонае ҳамчун фаррош ба кор даромадам. Ҳар бегоҳ аз беморхона хӯрокҳои зиёдатиро оварда шиками фарзандонамро сер мекардам. Зиндагиам оҳиста-оҳиста рӯ ба беҳбудӣ ниҳода соҳиби хонаву дари худ ҳам шудам, духтаронам бузург шуда яке аз дигаре зеботар гашта буданд. Ақли расову ҳусни худододашонро дида хостгорон дари хонаамро охурча мекарданд. Ду духтарамро бо обрӯ ба шавҳар дода, соҳиби домод шудам. Шукр мекардам, ки ба рӯзҳои нек расидам.

Дида ба дида мерасад

Рӯзе домоди калониам бо чеҳраи хандон ба хона омада гуфт:

-Холаҷон фардо ба Манижа хостгор меояд! Талабгор бегона не, ҷияни як рафиқи худам аст.

Азбаски домоди калониро ба ҷои писарам медонистам, чизе гуфта натавонистам.

Рӯзи дигар ду пирамард хостгорӣ омада сафедӣ гирифтану тарадуди тӯй сар шуд. Санаи тӯйро аниқ карда, кӯрпаю куртаҳои арӯсро духтем. Як ҳафта пеш аз тӯй аз тарафи домод мошине чизу чораи зиёд овард. Ногоҳ чашмам ба мӯйсафеди хусурам афтид, ки аз мошин мефаромад. Дасту поям ба ларза даромад. «Худоё, чаро ӯ ба ин ҷо омада бошад?» гӯён, наздиктар рафтам. Чашми хусурам ҳам ба ман афтиду гӯё ӯро барқ зада бошад, ларзида рафт.

Чанде хомӯшона ба ҳамдигар нигаристем. Хусурам чизе гуфтан мехост, вале истиҳола намуда, хомӯш ба мошин нишасту рафт. Ба домодам занг задам, то аз асли воқеа огаҳ шавам. Маълум шуд, ки домодшаванда писари апаи Умед будааст. Бечора домодам миёни обу оташ монда чӣ кор карданашро намедонист.

Бахти шикаста

Ду рӯз пас онҳо омада фотиҳаро гардонданду чизу чораашонро гирифта бурданд. Ҳамин тавр, бахти духтарам ҳам шикаста, тӯям вайрон шуд. Беҳуда нагуфтаанд, ки аз фотиҳа гаштан хосияти хуб надорад, бечора кенҷадухтарам ба 28 қадам мегузорад, вале баъди ин воқеа дигар касе талабгораш нашуд. Ростӣ, аз хушдоманам шубҳа дорам. Гумон мекунам, ки ӯ бахти духтарамро бастааст. Тариқи ҳафтанома ба хушдоманам гуфтаниам:

-Холаҷон, аз ман чӣ мехоҳед? Маро аз бахти аввалам бенасиб ва духтарамро зиндаятим гардонидед. Илтимос, ба бахти духтарам зомин нашавед! Бигзор бахти надидаи модарашонро духтаронам бубинанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД