sebiston july new
Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат
1269

Солимии зан кафили хушбахтии тамоми аҳли оила аст, вале мутаассифона, на ҳамаи бонувон ба саломатии худ диққат медиҳанд. Аксари хонумҳо вақте ба ин ё он бемории занона гирифтор мешаванд, аз шарму ҳаё, камбудии иқтисодӣ ба духтур муроҷиат намекунанд.

Сари вақт аз пайи дармони дарди худ нашудан табобати бемориро душвор мегардонад, аз ҳамин хотир, имрӯз мо қарор додем дар бораи 5 бемории паҳншудаи занона ва хатарҳои ин касалиҳо ба шумо каме маълумот диҳем.

Илтиҳоби бачадон занро безурриёт мекунад
Илтиҳоби бачадон бемории хеле паҳншудаи занона буда, аз ҳар се зан яке ба ин дард гирифтор аст, вале аксари бонувон ба илтиҳоб бисёр бепарвоёна муносибат мекунанд. Барангезандаи асосии ин беморӣ гонококк, стрептококк ва дигар микробҳое мебошанд, ки ба орзанизми зан афтида, баробари суст шудани иммунитет ба харобкорӣ сар мекунанд.

Занон аксаран баъди шамолкашии сахт, гузоштани спирал бо мақсади пешгирии ҳомиладорӣ ва исқоти ҳамл ба илтиҳоби бачадон гирифтор мешаванд. Нишонаҳои асосии беморӣ ин дарди миён дар қисмати поёнии шикам, ташарруҳоти зиёди бадбӯй (выделение) беқувватӣ ва табби баланд мебошад.

Дар сурати сари вақт табобат накардан тухмдонҳо ва найчаҳои бачадон низ ба илтиҳоб гирифтор гашта, найчаҳои бачадон метавонанд маҳкам шаванд ва зан ба мушкили безурриётӣ рӯ ба рӯ гардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ 20%-и занҳое, ки шанси модар шуданро аз даст дода, ба мушкили безурриётӣ гирифтор шудаанд, пештар ба илтиҳоби бачадон гирифтор шуда, бемории худро сари вақт табобат накардаанд.

Аз ҳамин хотир, ба тамоми бонувон маслиҳат медиҳем, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои илтиҳоби бачадон ҳатман ба духтури занона-гинеколог муроҷиат намуда, аз паси табобат шаванд.

Миомаи бачадон чӣ хатар дорад?
Бемории дигари паҳншудаи занона ин миомаи бачадон мебошад. Миомаи бачадон омоси хушаъфол (доброкачественная опухоль) буда, қариб, ки ягон нишонаи хос надорад. Аксари занҳо вақти гузаштан аз муоинаи духтури занона ва анҷом додани ташхиси ултрасадо- УЗИ тасодуфан аз гирифториашон ба миомаи бачадон бохабар мешаванд.

Сабаби асосии пайдоиши миома вайроншавӣ, яъне пасту баланд шудани ҳормонҳо, махсусан эстроген ва прогестерон дар хун, тез-тез исқоти ҳамл намудан, худдории дурудароз аз муносибатҳои шаҳвонӣ ва бисёр нишастан (сидячий образ жизни) мебошад. Бо мурури замон миома калон шуда, хавфи хунравиро ба миён оварда метавонад, аз ин хотир, бемориро сари вақт табобат кардан лозим аст.

Эндометриоз ва сабабҳои пайдоиши он
Эндометриоз-аксари занҳо номи ин бемориро шунидаанд, вале сабабҳои пайдоиши онро на ҳамаи бонувон медонанд. Эндометриоз бештар дар занони синну соли репродуктивӣ бо сабаби тағйиротҳои ҳормонӣ ва паст шудани қувваи муҳофизатии организм сар мезанад. Беморӣ хислати ирсӣ низ дорад.

Нишонаҳои асосии беморӣ инҳоянд:
1. Дарди сахт ва хунравии зиёд зимни ҳайзбинӣ.
2. Вайрон шудани ҷараёни ҳайз.
3. Камқувватӣ ва беҳолию бемадорӣ.
4. Гоҳ-гоҳ дард кардани миён.
5. Хунравиҳое, ки ба ҳайз алоқамандӣ надоранд.
Шакли сабуки эндометриозро бо дорую дармон табобат кардан мумкин аст, вале дар сурати кӯҳнаи беморӣ амалиёти махсуси лапороскопӣ гузаронида мешавад.

Эрозияи гарданаи бачадонро чӣ гуна ташхис мекунанд?
Эрозияи гарданаи бачадон бештар дар занҳои ҷавони синну соли репродуктивӣ ба мушоҳида мерасад. Ин беморӣ бештар бо сабаби гирифтор шудан ба илтиҳоби узвҳои занона, тағйиротҳои ҳормонӣ, пастшавии иммунитет ва бемориҳои эндокринологӣ пайдо мешавад.

Нишонаҳои асосии эрозияи бачадон ин эҳсоси дард ҳангоми ҷимоъ, зиёд шудани ташарруҳот ва хориши узви ниҳонии зан мебошад. Ногуфта намонад, ки худи эрозия ба ҳаёти зан хатар надорад, вале ба хотири пешгирии оқибатҳои нохуш бемориро бояд сари вақт табобат намуд. Барои ташхиси беморӣ колпоскопия гузаронидан лозим аст.

Кандидоз аз чӣ пайдо мешавад?
Тибқи маълумотҳои оморӣ 75%-и занон дар умри худ ҳеҷ набошад, як маротиба ба кандидоз гирифтор гаштаанд. Барангезандаи асосии ин беморӣ замбуруғҳои Candida мебошанд.

Аслан ин навъи замбуруғ дар организми ҳар як инсон вуҷуд дорад, вале бар асари истифодаи аз ҳад зиёди антибиотикҳо, риоя накардан ба тозагӣ ва гигиенаи шахсӣ ва паст шудани иммунитет миқдори Candida дар ҷисми инсон якбора хеле зиёд шуда, бемориро ба вуҷуд оварда метавонад.

Нишонаҳои асосии кандидоз инҳоянд:
1. Рафтани ташарруҳот (виделение)- и сап-сафед, ки зоҳиран як навъ бӯйи туршӣ дорад.
2. Хориши сахти узви занона, махсусан баъди алоқаи ҷинсӣ.
3. Эҳсоси дард дар қисмати поёни шикам ва бачадон.
Дар сурати бепарвоӣ ин беморӣ метавонад кӯҳна шуда, тез-тез шуморо нороҳат созад, бинобар ин, ба бонувон тавсия медиҳем, ки сари вақт аз паси табобат шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД