formula
Сабринаи Назрӣ дар бораи хонаи наваш чӣ мегӯяд?
1034


Сабринаи Назрӣ яке аз чеҳраҳои машҳури фазои маҷозии кишвар буда, ҳамчун ровӣ ва ҳунарманд бештар дар байни мардум шуҳрат ёфтаву имрӯз яке аз блогерони муваффақ ба ҳисоб меравад.

Ҳафтаи равон ин бонуи ҳунар дар меҳмонии ҳафтаномаи “Оила” қарор дошт ва аз фурсат истифода бурда, ба саволҳои сершумори мухлисон дар мавриди зиндагии оилавии эшон посух гирифтем, ки фишурдаашро пешкаши хонандагон мегардонем.
-Рӯзи Сабринаи Назрӣ пеш аз модар шудан чӣ гуна оғоз мешуд ва айни ҳол чӣ гуна оғоз мегардад?
-Пеш аз модар шудан субҳгоҳон сараввал барои шавҳарам хӯрок тайёр мекардам. Аз рӯзе, ки модар шудам, аввал фикри фарзандамро мекунам.
-Азбаски хеле модари серкору серташвиш ҳастед, дар як рӯз барои Карашмабону чанд соат вақт ҷудо мекунед?
-Ҳар хел, рӯзе, ки корам зиёд бошад, субҳ мебарояму шом ба хона меоям. Рӯзе, ки корам сабук бошад, аз назди Карашмабону дур намешавам.
-Баъзеҳо мегӯянд, ки Карашмабону ба падараш монанд аст, бархи дигар духтарчаатонро ба шумо монанд мекунанд. Ба фикри худатон Карашмабону бештар ба шумо монандӣ дорад ё ба падараш?
-Ростӣ, намедонам,вале аксари мухлисон мегӯянд, ки духтарамон ба падараш монанд аст. Худам ҳам мехоҳам ба падараш монанд бошад, чунки ӯ духтари падару пайваста бо падараш аст.
-Даромади асосии шумо аз ҳисоби тӯю маъракаҳо аст ё сабти ролику рекламаҳо?
-Даромади асосии ман аз ҳисоби меҳнати ҳаррӯзаам аст. Фарқ надорад, ки аз тӯй аст, аз маърака аст, реклама аст ё ролик.
-Дар як ҳафта то чанд тӯйро обод ва чанд ролик сабт мекунед?
-Инашро ман ҳисоб намекунам.
-Бисёриҳо аллакай медонанд, ки шумо хонаи шахсии худро сохта истодаед. Дар ин бора худатон “сториз” кардед ва акаи Абдулло низ дар эфир гуфтанд, ки айни ҳол дар паи сохтани хона ҳастед. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки хонаатон дар кадом маҳалла аст ва сохтмон ба анҷом расидааст ё не?
-Муддати қариб 6-7 моҳ мешавад, ки сохтмон дорем. Дар дохили ҳавлии хушдоманам хона сохта истодаем. Насиб бошад, хонаамон омода шавад, бо хусуру хушдоман ва қайсингил зиндагӣ мекунем.
-Сабрина, росташро гӯед, ҳар рӯз чанд соати худро барои ороиш сарф мекунед?
-Якуним ё ду соат.
-Санаи 23-юми декабр навореро дар саҳифаи инстаграми худ гузоштед, ки дар тарабхонаи “Яккасарой” ҳамроҳи акаи Абдуллоҳ рақс карда истодаед. Дусолагии тӯятонро ҷашн гирифтед ё ягон чорабинии дигар буд?
-Мо ҳар куҷое бошем, он ҷо тӯю хурсандӣ мешавад. Он рӯз дар чорабинии 13-солагии мағозаи ҷавоҳироти “Ақиқа” қарор доштем. Инчунин рӯзи тӯйи худро низ дар он ҷо ҷашн гирифтем.
-Аксаран хӯрокро аз берун фаромоиш медиҳед ё мисли дигар занҳои тоҷик худатон дар хона хӯрок мепазед?
-Ман дар як рӯз як маротиба хӯрок истеъмол мекунам. Субҳгоҳон наҳорӣ намекунам, нисфирӯзӣ хӯрок намехӯрам. Ҳама корҳоямро анҷом дода, бегоҳ хӯрок мехӯрам.
-Мегӯянд, ки акаи Абдулло ҳам бисёр ошпази хуб ҳастанд ва шумо дар хона бо навбат таом мепазед. Рост аст?
-Не, чунин нест. Шавҳарам хӯрокҳои пухтаи худамро дӯст медорад. Дӯст медорад, ки ман хӯрок пазам, дар кӯча кам хӯрок мехӯрад. Ӯ низ хӯрок омода карданро дӯст медорад ва хӯрокҳои пухтааш хеле бомазза ҳастанд, вале бо хоҳиши худаш мепазад, ман маҷбур намекунам. Хусусан вақте ки ҳомиладор будам, ҳис мекардам, ки дилаш ба ман месӯхт. Мехост ягон хубиву меҳрубонӣ карда, маро шод намояд.

-Соле, ки сипарӣ гашт, барои шумо чӣ гуна сол буд?
-Наметавонам гӯям, ки соли хуб буд ё соли бад. Шукр, солро бо хурсандӣ паси сар кардам. Соле буд, ки фақат кор кардам.
-Шуморо яке аз хушбахттарин оилаҳо дар Тоҷикистон мешуморанд. Хушбахтии худро дар чӣ мебинед?
-Хушбахтӣ барои ман солимии падару модар, фарзандони падар, ҷигарбанди худам, шавҳарам ва тамоми наздикону пайвандонам аст.
-Дар оянда чӣ нияту нақшаҳо доред?
-Ман шахсе ҳастам, ки барои имрӯз зиндагӣ дорам. Дар дилам нақшаҳо зиёданд, вале қудрат ба тавоноӣ гуфтаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД