Arzon march 2024
САДҚАИ МЕҲРУБОНИҲОЯМ ШАВӢ, МАРДАК!
10.04.2021
ОИЛА
4001

 

Ҳошим! Кош аз аввал чӣ гуна мард буданатро медонистаму бо ту хонадор намешудам. Аблаҳ буданатро агар пештар медонистам, зану шавҳар шудан он тараф истад, намегузоштам, ки ақалан лаби домонам ба чангат афтад. Афсӯс, надонистам, ки бо марди ҳақиқӣ не, бо як ваҳшӣ риштаи умрамро пайвастаам! Лаънат ба тақдири бадам, ки маро бо ту рӯ ба рӯ намуда, бадбахти олам ва таънашунави дӯсту душман кард!

Намедонам, то ба кай ба чунин зиндагӣ тоб меоварда бошам?! Эродгириҳоят ба ҷонам заданд, мардак! Ба ҳама кор, либоспӯшӣ, хӯрокпазӣ, ҳатто ба хӯрокхӯриам айб мемонӣ. Наход мард ҳамин қадар миҷинг шавад-а?! Косаи сабрам лабрез шудааст, дигар бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам! Маъқул набошам, ҳам ҷони ману ҳам ҷони худатро дар азоб намонда, талоқам деҳ, то ба хонаамон баргардам. Фақат як чизро фаромӯш накун, ин ман будам, ки ба қилиқҳои хунуки ту тоқат карда мегаштам.

Пас аз рафтани ман дигар ягон зани дунё бо ту созиш намекунад! Боварӣ дорам, ки агар зани нав бигирӣ, як ҳафта пас ба рӯят туф карда, баромада меравад. Мани содда солҳо ба ҳама найрангҳоят сабр намуда, рӯзамро бо умед шабу шомамро саҳар карда гаштам, ки ягон вақт ақлат ба сарат мезанаду одам мешавӣ, вале аз ту ҳеҷ бӯйи одамгарӣ набаромад, ки набаромад! Садқаи меҳрубониҳоям шавӣ!

Мардак, дониста бош, агар баъди хондани номаам ҳам ислоҳ нашавӣ, ба Худо қасам, ки бому даратро тарк намуда, ба хонаи падарам меравам!

Ҳабибаи Норакӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД