sebiston july new
Садои азон дар Моҳ?
954


16 июли соли 1969 аз майдони ҳавоии димоғаи Канаверали ИМА таҳти фармондиҳии кайҳоннаварди амрикоӣ Нил Армстронг киштии кайҳонии "Апполон - 11" ба ҳаво хест.

Ҳамроҳи командир дар киштии байнисайёравӣ инчунин ҳавонаварди бахши "Колумбия" Майкл Коллинз ва Эдвин Олдрин, инчунин ҳавонаварди шинохта аз модули "Орел" Базз Олдрин иштирок доштанд.

Парвоз ва қадами аввал ба Моҳ

Баъди яксаду се соати парвоз дар мадори Моҳ модули фурудоии киштӣ, ки дар он Олдрин ва Амстронг ҳузур доштанд, аз "Апполон - 11" ҷудо гардид ва ба сатҳи сайёраи хомӯш бомуваффақият нишаст. Қабл аз баромадани кайҳоннавардон ба сатҳи Моҳ ҳодисаи ногаҳоние рӯй дод. Фишор дар ноқили гармидиҳии модул баланд гардид, ки метавонист ба таркиши сахт оварда расонад. Вале кайҳоннавардон аз уҳдаи бартараф кардани садама баромаданд ва сарпӯшро боз карданд.

 

Нил Амстронг дар Моҳ

Аввалин шуда ба сатҳи моҳ Нил Амстронг қадам ниҳод ва ҳамтои ӯ ин лаҳзаи таърихиро ба навор гирифт. Капитани киштӣ он ҳангом сухани машҳуреро ба забон овард, ки мустақиман дар алоқа бо Замин садо дода буд: "Ин як қадами кӯчак барои одам, вале барои аҳли башар ҷаҳиши бузургест."

Кайҳоннавардон дар сатҳи Моҳ 2,5 соат бозмонда, дар ин маврид барои озмоиш хок ҷамъ оварданд, капсулаеро бо 74 забони бошандагони замин он ҷо гузоштанд ва парчами ИМА - ро барафроштанд. Ҳамзамон барои далелу исботи он ки одамӣ дар Моҳ буд, чандин сурату наворҳои таърихӣ низ гирифтанд.

Баъдҳо, вақте ки он наворҳо ва сабтҳои кайҳоннавардон аз ҷониби олимон омӯхта мешуд, як сухани Амстронг, ки дар нахустин қадамҳояш ба Моҳ гуфта буд, онҳоро ба шигифт меовард: "Барори кор, ҷаноби Горски!"

Дар мусоҳибаҳои зиёд аз Амстронг борҳо роҷеъ ба шахсияти ин номи асроромез пурсида мешуд, вале кайҳоннавард чизе намегуфт. Ниҳоят, баъди гузашти чандин сол кайҳоннавард нақл кард, ки Горскии пурасрор ҳамсояи замони бачагии ӯ буд. Нили хурдсол аз паси тӯп давида, ба ҳавлии ҳамсоя даромад ва тасодуфан шоҳиди суханони маҳрамонаи Горски ва занаш гардид. Хонум Горски хоҳиши шаҳвонии шавҳарашро рад карда, гуфта буд, ки ӯро ҳамон вақт қонеъ мекунад, "агар писарбачаи ҳамсоя рӯ - рӯи Моҳ давад"...

Ҳодисаи ногувор

24 - уми июли соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон - 11" бомуваффақият ба Замин баргашт, ҳарчанд парвоз аз Моҳ бидуни ҳодисаи ногувор ба анҷом нарасид. Вақте ки кайҳоннавардон ба модули фурудоӣ баргаштанд, дарёфтанд, ки тугмаи муҳаррик аз кор баромадааст. Вазъият басо ногувор буд, зеро аз Замин то ба Моҳ муддати се шабонарӯзе, ки кайҳоннавардон дар ихтиёр доштанд, ҳаргиз кӯмак расиданаш мумкин набуд. Баъд, тасодуфан муҳаррикро ба кор дароварданд ва аввалин парвози инсон ба Моҳ бомуваффақият анҷом пазируфт.

Боздид аз СССР

Моҳи майи соли 1970 кайҳоннаварди маъруф Нил Амстронг дар ҳайати намояндагони НАСА ба Ленинград сафар кард. Баъди анҷоми конфронси Ленинград намояндагони НАСА ба шаҳри Маскав равон шуданд.
Амстронг дар ёддоштҳояш вохӯрияшро бо москвагиҳо бисёр гарму самимӣ арзёбӣ мекунад. Бахусус шиносоӣ бо ҳамсарҳои бевамондаи Юрий Гагарин ва Владимир Комаров барояш хотирмон буд. Ҳангоми вохӯрии расмӣ бо намояндагони роҳбарияти мамлакат Нил Амстронг ба раиси Шӯрои вазирони СССР Алексей Косигин намунаи хоки Моҳ ва парчами миниотюрии СССР - ро, ки бо худ ба Моҳ бурда буд, тақдим намуд.

Фаромадан ба рӯи Моҳ: афсона ё ҳақиқат?

Чӣ дар замони зиндагӣ ва чӣ пас аз марги Амстронг дар бораи ӯ ва парвози бесобиқааш ба Моҳ қиссаву ривоятҳои зиёде аз даҳон ба даҳон мегузашт. Чанд муддат назарияе мавҷуд буд, ки кайҳоннавард баъди шунидани садое дар Моҳ дини Исломро пазируфта, мусулмон шуда бошад. Ин ривоят дар асл ҳеҷ асосе надорад, ба истиснои монандии номҳои ҷуғрофӣ - Ливан (Лубнон) дар ИМА ва мамлакати ҳамноми мусулмонӣ.

Дар байни журналистон ва "муҳаққиқон", ҳамзамон, баҳсу мунозираҳои зиёде сурат мегирифтанд, дар он хусус, ки Нил Амстронг дар Моҳ набуд. Роҷеъ ба ин қазия чандин китоб ва мақолаҳои зиёде нашр шуда, чанд филм ҳам бардошта шуд, ки онҳо будани кайҳоннавардонро дар Моҳ зери шубҳа мегузоштанд. Дар яке аз чунин навиштаҳо гуфта мешуд, ки наворҳои ҳуҷҷатиро пиромуни ин парвоз Стэнли Кубрики овозадор сохтакорӣ кардааст ва ҳамаи наворҳо дар павилони киностудия ба навор гирифта шудааст.

Баъдтар маълум гардид, ки он ҳама навиштаҳо қаллобие беш набуда, китобҳову филмҳо бофтаву сохтаҳои бархе аз бадхоҳон ва хаёлпарастон аст. Ҳатто кайҳоннавардони Шуравӣ ҳузур доштани командаи "Апполон" - ро дар Моҳ тасдиқ карданд ва илова намуданд, ки ба ҳар ҳол бархе аз наворҳо барои "равшану возеҳ" нишон додан, метавонад дар Замин сохта шуда бошад.

Нил Амстронг ва дини Ислом

Нил Олден Армстронг 5 августи соли 1930 дар Уапаконетеи иёлати Огайои ИМА ба дунё омадааст. Аз волидайн барояш чунин хислатҳо - хоксориву фурӯтанӣ, дунболи мақсад амал кардан ва хуни ба ҷӯшомадаи олмониву шотландиву ирландӣ ба ёдгор мондааст.
Моҳи феврали соли 1983 ё худ баъди чордаҳ соли парвоз ба Моҳ Нил Амстронг барои иштирок дар конфронси илмӣ ба Миср омад. Дар рафти маҷлис садои азон баланд шуд. Амстронг, ки дар минбар нишаста буд, рангаш парид ва пурсид: "Ин чӣ оҳангест?" Ба суоли ҳайратомези кайҳоннавард иштирокчиёни конфронс посух доданд, ки ин даъвати мусулмонон ба ибодату намоз аст. "Ин савт... ин ҳамон овозест, ки дар нахустин қадамҳоям ба Моҳ шунида, дар баданам мурғак дамида буд!...", - гуфт Амстронг ва иловатан афзуд: "Ман бидуни дуову ибодат ба хоки Моҳ пой ниҳода будам, минбаъд ҳамеша ба ибодат машғул мешавам, метавонед маро мусулмон ҳисоб кунед. "

Собиқ кайҳоннавард он замон мавзӯи муҳокимаи матбуоти даври мамлакатҳои мусулмонӣ қарор гирифт. Онҳо тасдиқ мекарданд, ки кайҳоннавард садои азонро дар Моҳ шунидааст, ки дар натиҷа боиси Исломро пазируфтанаш гардидааст. Баъд аз ин ба унвони Нил Амстронг аз ташкилоту созмонҳои мусулмонони дунё номаҳои зиёде ворид гардиданд, ки ӯро ба ҳамкорӣ даъват мекарданд.
Амстронг изҳор намуд, ки касеро намехоҳад озор диҳад, ё ба ин ё он дин беэҳтиромӣ зоҳир намояд, аммо хабарҳоро доир ба қабул кардани дини Ислом рад кард.

Дар сайти расмии НАСА стенограмма ва сабти овозии ба Моҳ фуруд омадан мавҷуд аст. Он ҷо дар бораи азонро шунидани Нил Амстронг ва ҳайати ҳамроҳонаш ягон ишорае вуҷуд надорад. Ғайр аз ин, пеш аз баромадан ба сатҳи Моҳ Нил Амсронг ва ҳамтои ӯ Эдвин Олдрин барои пос доштани хотираи ҳайати экипажи ҳалокгардидаи Апполон - 1 дақиқае хомӯш истоданд.

Кӣ медонад, аҷаб не Амстронг воқеан ҳам азонро дар Моҳ шунида бошад ва ё нашунида бошад, вале ба ҳар ҳол овозаҳо ва ривоятҳо бе асос пайдо намешаванд.
Ғаффор НУРИДДИНОВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД