formula
Шамолхӯрӣ ба тифлакони навзод чӣ хатар дорад?
569


Ҳар қадар падару модарон фарзандони хурдсоли худро эҳтиёт накунанд ҳам, хоҳ-нохоҳ кӯдак шамол хӯрда, ба зуком ва дигар касалиҳо гирифтор мешавад. Аз шамолхӯрӣ ва бемориҳои сироятӣ ягон роҳи гурез нест, вале ба таҳлука афтидан лозим нест.

Шамолхӯрӣ барои кӯдакон як чизи маъмулӣ аст, вале модарон бояд ба мубориза бо зуком ва дигар бемориҳои сироятии кӯдакона омода бошанд.

Чаро тифлакони навзод бемор мешаванд?
Барангезандаи асосии зуком ва дигар беморҳои сироятӣ микроб, вирус ва бактерияҳои зараровар (риновирус, аденовирус ва ғайра) мебошанд, ки бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ паҳн мешаванд ё аз шахси бемор ва дигар одамони солими дар атрофаш буда сироят менамоянд. Бештар кӯдакони аз 3- сола боло ба ин бемориҳо гирифтор мешаванд, зеро аксари бачаҳо маҳз дар ҳамин давра ба боғчаи бачагона, толорҳои варзиш ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтанро сар карда, ҳамарӯза бо одамони зиёде рӯ ба рӯ мегарданд ва албатта сироят меёбанд.
Саволе ба миён меояд, ки агар чунин бошад, пас тифлакони навзод, ки аз дари хона берун намебароянд, чаро ба зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд?
Гап дар он аст, ки манбаи сирояти тифлакони навзод худи падару модар ва дигар аъзоёни оила ҳастанд, ки ҳар бори ба кор, бозор, мағоза ва дигар ҷойиҳои ҷамъиятӣ рафта омаданашон миқдори зиёди вирусу микробҳоро ба хона меоранд. Махсусан тифлакони навзоде, ки хоҳари бародарони мактабхон ё боғчаравак доранд, хатари тез-тез ба зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ гирифтор гаштанашон зиёд аст.
Вақте ки вирусҳо ба ҳуҷум мегузаранд...
Вирусҳо баробари ба ҷисми инсон афтодан ба афзоиш сар карда, ба харобкорӣ мегузаранд. Азбаски системаи муҳофизатӣ-иммунитети тифлакони навзод чандон пурқувват нест, сироятёбӣ метавонад боиси ба бисёр бемориҳо аз қабили назофарингит, фарингит, лорингит, трахеит, ларингофарингит, бронхит ва пневмония гирифтор шудани онҳо гарданд.
Аксаран волидон ба шамолкашии кӯдак чандон аҳамият намедиҳанд, ҳол он ки як зукоми оддӣ метавонад оризаҳои дигарро ба вуҷуд оварда, боиси ба бемориҳои хеле ҷиддӣ гирифтор шудани тифли навзод гардад. Дар ёд дошта бошед, ки агар шумо “ҳеҷ гап не, грипп шудааст, мегузарад” гуфта, дар табобати фарзандатон бепарвоӣ кунед, шамолкашӣ метавонад боиси ба бронхит, пневмания, отит, синусит, миокардит, менингит, энцефалит ва ҳатто беморҳои сироятии роҳҳои пешобгузар гирифтор шудани кӯдак гашта, табобаташ душвор шавад.
Махсусиятҳои бемориҳои сироятӣ дар тифлакони навзод
Бемориро чӣ гуна пушти сар кардани тифлакони навзод аз бисёр омилҳо аз қабили маҳз аз кадом вирус сироят ёфтан, суръати афзоиши вирусҳо дар организми кӯдак, махсусиятҳои ҷисми тифл, чандмоҳа будан ва ҳатто чӣ гуна шир хӯрданаш вобастагӣ дорад. Тадқиқотҳои олимони соҳаи тиб нишон медиҳад, ки тифлакони шири сина мехӯрда нисбат ба кӯдаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд, камтар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешавнад ва шамол кашанд ҳам, бемориро осонтар мегузаронанд.
Нишонаҳои нахустини беморӣ
Баробари пайдо шудани нишонаҳои аввалини шамолхӯрии кӯдак волидон бояд ҳатман муборизаро ба муқобили беморӣ сар кунанд. Қобили зикр аст, ки роҳи аз ҳама осон ва қулайи ворид шудан ба ҷисми инсон барои вирусҳо ин бинӣ мебошад, чунки мо асосан бо биниамон нафас мекашем, вирусҳо бошанд, бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ мегузаранд. Аз ҳамин сабаб вақте ки кӯдак шамол мехӯрад ё сироят ёфта, ба зуком гирифтор мешавад, аввал биничааш маҳкам мешавад. Маҳкам шудани бинӣ нишонаи аввалини бемор шудани кӯдак буда, оби бинӣ ба шоридан сар мекунад. Рехтани оби бинии кӯдак на танҳо нишонаи зуком, балки як роҳи муборизаи ҷисм бо беморӣ низ ҳаст. Маҳкамшавии биничаашон кӯдакони навзодро хеле азият медиҳад, чунки тифлакон дар моҳҳои аввали ҳаёташон ҳанӯз бо даҳон хуб нафас кашида наметавонанд, бар замми ин, маҳкам будани бинӣ ба синамакӣ ва ширхӯрии кӯдак халал мерасонад.
Чӣ бояд кард?

Фируза редактор тсел, [22.12.2022 11:09]
Модар дар ин ҳолат бояд ба кӯдак ёрӣ расонида биничаашро бишӯяд ва қатрадоруҳои барои бинии тифлакони навзод пешбинишударо, ки дар таркибашон ксилометазолин ё оксиметазолин доранд, чаконад. Фақат фаромӯш накунед, ки ин доруҳоро ба бинии тифлкон аз 5 рӯз бештар чаккондан мумкин нест!
Кӯдак таб мекунад?
Нишонаи дигари шамолхӯрии кӯдак ва ба зуком ё бемориҳои дигари сироятии роҳҳои нафас гирифтор гаштанаш табби баланд мебошад. Таб кардан низ як навъ реаксияи муҳофизатии ҷисми кӯдак аст. Вақте ки ҳарорати бадан баланд мешавад, суръати афзоиши вирусҳо суст хоҳад шуд, вале волидон набояд ба таб кардани кӯдак бепарвоӣ зоҳир намоянд.
Чӣ бояд кард?
Пеш аз ҳама ҳарорати бадани кӯдакро санҷидан лозим аст, агар таббаш чандон баланд набошад, метавонед либосашро сабуктар карда, ба баданаш оби ҷӯшомадаи ширгарм молед, вале ҳарорати кӯдак аз 38 дараҷа боло бошад, доруи пасткунандаи ҳарорати бадан додан лозим аст. Аммо дар ёд дошта бошед, ки танҳо бо фаровардани табби кӯдак масъала ҳал намешавад. Барои он ки шамолкашӣ боиси сар задани оризаҳои дигар нагардад, шумо бояд ҳатман ба духтури кӯдакона муроҷиат намуда, фарзанди худро аз ташхис гузаронед ва дорую давои фармудаи табибро сари вақт бигиред.
Ба “Ёрии таъҷилӣ занг занед, агар...
Вақте ки кӯдакон, махсусан тифлакони то яксола шамол кашида, бемор мешаванд, волидон бояд хеле бодиққат ва мушоҳидакор бошанд. Бемории кӯдак сабук бошад, баъди гирифтани доруҳое, ки табиби кӯдакона фармудааст, тифлак ҳамагӣ 2-3 рӯзи дигар таб карда, баъдан ҳолаш рӯ ба беҳбудӣ меорад, вале дар ин муддат табби кӯдак паст нашавад ё баъди додани дору таббаш фаромада, пас аз чанд соат дубора таб кунад, ин аломати нохуб буда, аз рӯз то рӯз авҷ гирифтани бемориаш дарак медиҳад. Аз 38, 5 баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак, пайдо шудани табларза ва душвор шудани нафаскашӣ зимни шамолхӯрии тифлакони навзод аломатҳои хатарнок ба шумор мераванд, бинобар ин, бо мушоҳида намудани ин ҳолатҳо ва сафед шудани ранги рӯю хунук шудани дасту пояш ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задан лозим аст. Нишонаҳои зикршуда аз пайдо шудани оризаҳои дигар бар асари зукому шамолхӯрӣ дарак медиҳанд. Мабодо тифлаки шумо ба бронхит, пневмония ё бемории дигари сироятӣ гирифтор гашта бошад ва табибон бистарӣ шудан дар беморхонаро тавсия диҳанд, саркашӣ накунед, чунки табобати ин бемориҳо дар шароити хона душвор аст.
Дар охир хотиррасон мекунем, ки роҳи беҳтарини мубориза бо ҳама гуна бемориҳо пешгирӣ кардани касалист, бинобар ин, фарзандони худ, махсусан тифлакони навзодро эҳтиёт намоед!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД