Дар минтақаи марказии Ветнам боришоти сахт дар давоми чанд рӯз боиси ба амал омадани сел ва обхезӣ гаштааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса ҳадди ақал 41 нафар ба ҳалокат расида, 9 нафар нопадид гаштаанд.
Беш аз 52 ҳазор хона зери об мондаанд. Хати барқ хисорот дида, тақрибан 500 ҳазор хона ва муассиса бе барқ мондаанд.
Зарари иқтисодӣ ба ҳисоби пешакӣ 496 миллион долар арзёбӣ шудааст.