Arzon march 2024
ШАРТ: Ё МАН Ё КӮДАК?
8474

Субҳ надамида, Сулҳия Аброрро аз хоб бедор кард. “Хезед, дер шуд, оби ҳаммом гарм, зуд шустушӯ карда, бароед...” Аброр низ хоболуд, чашмонашро базӯр боз карда, ҷониби ҳаммом рафт. Сулҳия бошад, ғарқи фикру хаёл шуд. “Уфф, то кай чунин зиндагӣ идома мекунад? Ақаллан маро ба никоҳаш медаровард...”-гуфт ба худ ва оби чашмаш рехт...

Берӯзӣ

 

Сулҳия корманди як ташкилоти хориҷӣ аст ва дар лоиҳаҳои байналмиллалӣ кор мекунад. Феълан ӯ тарҷумон ва мушовири як лоиҳаи кишоварзӣ аст. Бо вуҷуди он ки дар ҷавонӣ рашки ҳамсолонаш буд ва ба ҳар як тори мӯяш як ҷавон дилкашолӣ дошт, зуд шавҳар накард. Мактабро, ки аъло хатм карда буд, ба донишгоҳ дохил шуд ва онро ҳам аъло хатм карда, зуд ба як ташкилоти бонуфуз ба кор гузашт, зеро забонҳои русиву англисиро медонист ва дидадаро ҳам буд. Зуд миёни кормандон обрӯ ёфт, пулёб шуд, аммо бахташ нахандид.

Бори аввал падару модараш ба як ҷавон фотеҳа кардандаш. “Ҳамдеҳаамон, бачаи нағз, оилаашон нағз”-гуфта, ба умед доданд, вале зиндагии онҳо дер напоид. “Ман дар Русия зан дорам, келинатон ба ман даркор не”-шунид овози шавҳарашро, ки бо хусуру хушдоманаш ҷангҷол дошт. Ҳамин тавр, баромада рафт. Шавҳари дуюмаш марди хуб буд, аммо 7 сол зиндагӣ карду фарзанд наёфт...

Аз ӯ низ ҷудо шуд, ҷудо шуду танҳо монд...

Ишқ аз нигоҳи аввал

Баъд аз он ки ду маротиба бахташ баргашту танҳо монд, қавл дод, ки дигар оиладор намешавад, вале...

Зимни яке аз сафарҳои хизматӣ дар ноҳияи Фархор сарнавишти Сулҳия тағйир ёфт, ӯ ба доми ишқи Аброр афтод.

Ташкилоти онҳо дар ноҳияҳо барои баланд бардоштани савияи дониши кишоварзон семинарҳои омӯзишӣ мегузаронид. Гардонандаи яке аз ин семинарҳо Сулҳия буд. Дар яке аз чунин дарсҳо, вақти хӯроки нисфирӯзӣ ҷавонмарди олуфтае ба ӯ наздик шуда пурсид:

-Шумо бисёр зебо бо забони русӣ суҳбат мекунед, мисли русҳо.

-Ташаккур.

-Ман дар умум занҳои русзабонро дӯст медорам.

Ҳамин тавр, суҳбат аз ину он мерафт ва Аброр Сулҳияро беш аз беш мафтуни худ мекард. Ӯ дар мавриди тиҷораташ, фаъолияташ дар вазорату сафоратхона, мошину хонаҳояш ва сафарҳояш нақлҳои ҷолиб мекард.

Ҳар лаҳза ба Сулҳия илтифот карда, ба ӯ хушгӯйӣ мекард, барояш чой меовард, ширинӣ пешниҳод карда, қабл аз нишастанаш курсиашро ҷо ба ҷо мекард. Қабл аз ӯ мехест ва ҳамеша ҳамроҳаш буд.

Дар дили сарди Сулҳия оҳиста-оҳиста нисбати Аброр гармӣ пайдо шуд. Ба худ мегуфт: “Марди идеалӣ”...

Дар яке аз суҳбатҳо баъди дарс дар ҳавлии меҳмонхонае, ки иштирокчиёни семинар хоб мекарданд, ӯ ба Аброр дарди дил кард ва сарнавишти талхи хешро гуфт. Гуфту гирист... Ҳатто эҳсос накард, ки Аброр дасташро ба гардани ӯ ҳалқа кардаву оғӯшаш кардааст. Чун дарк кард, ки дар оғӯши ӯст, хост, ки вайро аз худаш дур кунад, вале чизе монеъ шуд. Оғӯши мард барояш марҳам буд. Аброр ҳам чизеро эҳсос кардагӣ барин аз гардан ва гӯши Сулҳия оҳиста-оҳиста ду маротиба бӯсид ва гуфт: “Азизам, ин ҷо сард аст, хез ба дохил дароем, вақти хоб шуд”...

Лаҳзае хушбахтӣ

Як сол мешавад, ки Аброру Сулҳия бо ҳам ҳастанд. Онҳо якдигарро дӯст медоранд. Сулҳия ҳам хеле шоду масрур аз таваҷҷуҳи Аброр аст. Боре дар оғӯши Аброр гуфт:

-Ҷонам, чаро мо дер-дер вомехӯрем?

-Азизам, ҳафтае як маротиба кифоя аст барои мо. Охир, ман одами зандор. Ҳар рӯз наметавонам бо ту бошам.

-Кай маро ба никоҳи худ медарорӣ?

-...биё мон ин гапҳоро, беҳтараш биё оғӯшат кунам, бибӯсам.

-Чаро аз ин мавзӯъ мегурезӣ?

-Медонӣ, азизам, вақте вохӯрдем, ман ба ту никоҳ ваъда накардаам.

-Яъне, ин ҳама навозишу муҳаббати ту дурӯғ буданд?

-Чаро дурӯғ, ман воқеан, аз сидқ туро навозиш мекунам... медонӣ, мардон ба хотире офарида шудаанд, ки занонро навозиш кунанд, занҳо бар ивазаш ба мардон муҳаббат ҳадя намоянд. Тамом.

-Яъне, ту бо ман никоҳ карданӣ нестӣ?

-Не, албатта. Наранҷ аз ман. Одати ман ҳамин, як рӯз бо ту рӯзи дигар бо каси дигар... Зани ман як то, оне ки фарзандонамро ба воя мерасонад.

Бо ҳамин лаҳзаи хушбахтии Сулҳия анҷом ёфт, дунё дар сараш фурӯ рехт, вале чӣ илоҷ?

Шӯйи бегона

Сари Сулҳияро модар сила карда мегуфт:

-Духтарам, гиря накун, беҳуда нагуфтаанд, шӯйи бегона ҳеҷ вақт ба одам шӯ намешавад... ба тақдират тан те.

-Оча, ман чӣ гуноҳ дорам, ки бадбахтам?

-Ҳеҷ, бачем, ҳеҷ, тақдират будааст.

...Қариб як моҳ Сулҳия ба зангҳои Аброр посух надод, бо ӯ вонахӯрд, вале дилаш ҳамеша майли оғӯши ӯро мекард. “Шӯйи бегона” гуфтани модар пеши роҳаш мешуд, вале ӯ дилаш мехост, ки дар оғӯши ӯ бошад. Ӯ ошиқ буд. Билохира, боз бо Аброр пайваст...

Хушхабар ё шумхабар?

Чанд рӯзи охир Сулҳия бемор аст. Гоҳ сараш дард мекунад, гоҳ дилаш мешӯрад, гоҳ пеши чашмонаш сиёҳӣ мезанаду гоҳ сараш чарх мезанад. Иштиҳо ҳам надорад. Рӯз аз рӯз ҳолаташ бадтар мешуду беҳтар не. Маҷбур шуд, ки назди табиб равад. Терапевт баъди бодиққат шунидани шикоятҳои ӯ гуфт:

-Хоҳарам, шумо як ба утоқи 18 равед.

Чун Сулҳия ба назди утоқи 18 расид, дид, ки дар пушти дар навишта шудааст: “Ҷаводова Замира, генеколог”. Ҳайрон шуд. Табибзан баробари дидани Сулҳия гуфт: “Худатонро дар қайди поликлиникаи ҷойи истиқомат монед, шумо ҳомила ҳастед...”

Ин хабар Сулҳияро чун барқ зад.

Ин барояш шумхабар буд ё хушхабар. Охир, ӯ барои бефарзандӣ аз шавҳар ҷудо шуда буд. Аз тарафи дигар номи ҳаромизойро бардоштан осон нест...

Аброри номард

Аброр аз душ баромад. Сарашро бо сачоқ қоқкунон гиряи Сулҳияро диду гуфт:

-Бу ту чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? Шаб ҳам хавосат парешон буд...

-Ҳеҷ...

-Гӯй росташро. Ягон мушкил бошад, ҳал кунам.

-Не. Ман мушкил надорам, мушкили ман туӣ.

-Чаро. Чӣ шуд?

-Ман ҳомиладор ҳастам, Аброр.

-Ба ман чӣ? Исто, ки аз кӣ?

-Албатта, аз ту.

-Шояд аз ман набошад, аниқ кун...

-Ман бо марди дигар робита надорам, Аброр.

-Ҳеҷ гап не, ҳозир,-гуфта, Аброр аз ҷайбаш як саддолариро бароварда, рӯйи диван партофту идома дод: - Имрӯз рафта, тоза кун кӯдакро. Ба ман мушкил, даркор не.

Ва мисле, ки ҳеҷ гап нашуда бошад, либосашро пӯшидан гирифт.

Сулҳия ҳамоно мегирист.

Аброр рафт...

Қарори модар

Сулҳия дар ҳавлии бемористон нишаста буд. Модараш дар паҳлӯяш. Ҳар ду ашк мерехтанд. Ин лаҳза Аброр занг зад:

-Ҳа, чӣ кор кардӣ? Кӯдакро исқот кардӣ?

-Не.

-Чаро?

-Ман ба хулоса омадам, ки ин корро накунам.

-Ту девонаӣ? Ба ман фарзанд лозим нест.

-Ба ман лозим.

-Медонӣ, расвои олам мешавӣ...

-Ба ман фарқ надорад, ман модар шудан мехоҳам.

-Гӯш кун, ман ба он кӯдак дахл надорам.

-Бошад, дигар телефон накун. Фарзандамро худам калон мекунам...

Телефон хомӯш шуд.

Модару духтар бе овоз менишастанд.

Сулҳия гиряолуд пурсид:

-Кори дуруст кардам, оча?

-Намедонам, бачем. Намедонам.

-Оча, ман қариб 40- сола шудам. Худо ба ман бахт надод, лекин фарзанд дод. Ӯро калон мекунам. Ба ман фарқ надорад, ки мардум чӣ мегӯянд. Ман модарам, модар.

-Худат медонӣ, бачем. Манам модар. Модар ҳама вақт пушти бачаша мегирад. Ман тарафдори ту...

ШОҲИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД