arzon replenishment
Шавҳарам занҷаллоб будааст
3588

 

Шавҳарам пеш аз маро гирифтан се бор оиладор шуда, ҷудо шудааст. Тамоми ҳамсолонам шавҳар карданд, вале гиреҳи бахти ман ҳеҷ кушода намешуд. Падарам бо вуҷуди марди зиёӣ буданаш маро ба марди се бор зангирифта хонадор кард. Мақсади падарам зудтар ба оғӯш гирифтани набераи аввалинаш буд. Гапи падарамро гирифта, бо ин мард издивоҷ намудам, вале дар батнам кӯдаки чормоҳа буд, ки шавҳарам маро партофта рафт. Ҳоло се сол мешавад, ки падари фарзандам маро на суроғ мекунад ва на пул равон мекунад. Акаҳояш маро аз хонае, ки мо зиндагӣ мекардем, пеш карда истодаанд. Онҳо маро ба ҳоли худам намегузоранд ва “рав, шавҳар кун”гуфта, доимо таҳдид мекунанд. Дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондаам, баъзан фикр мекунам, ки дар даврони духтариам бахт наёфтам, акнун маро бо як фарзанд кӣ ба занӣ мегирад?

Нигина, ш.Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД