shoh palace
Штамми нави коронавирус "Омикрон" дар чанд кишвар сабт шуд?!
927

Штамми нави коронавирус "Омикрон" дар чанд кишвар сабт шуд?!
Штамми нави бемории сироятии коронавирус "Омикрон" бо суръати хеле баланд паҳн гашта, дар чанд рӯзи охир дар якчанд кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии "Даракчи уз" дар такя ба манбааш хабар додааст.


Ба қавли манбаъ, бемории мазкур аллакай дар зиёда аз 20 кишвари олам сабт шудааст. Аз ҷумла дар Испания, Австрия, Ҷопон, Канада, Чехия, Дания, Австралия, Белгия, Ботсвана, Португалия, Африқои Ҷанубӣ, Исроил, Нидерландия, Гонконг, Олмон, Шветсия, Британияи Кабир, Бразилия, Италия, Нигерия, Швейтсария ва Арабистони Саудӣ гирифторони ин вирус ба қайд гирифта шудаанд.
Роҳбари СҶТ мегӯяд, ин раванд дар ҳоли афзоиш қарор хоҳад ёфт. Дар вазъияти ба амал омада СҶТ ба нафарони аз 60 - сола боло ва касоне, ки монанд ба ин беморӣ доранд, тавсия додааст, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сайру гашт набароянд.
Барои пешгирии ин беморӣ ба тамоми кишварҳои дунё маслиҳат дода мешавад, ки ваксинагузарониро дар байни аҳолӣ суръати тоза бубахшанд.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД