Arzon march 2024
"КОВИД"-И ИМСОЛА АЗ ПОРСОЛА ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
12666

 

Намуди нави тамғаи ҳиндии бемории “Ковид-19” бо номи "Делта" ва "Делта-плюс" доман паҳн намудааст, ки аз навъи вируси корунои пештара батамом фарқ дорад.

Ҳақназар Ҳақназаров, ҷарроҳ-трансфузиолог дар саҳифаи фейсбукиаш дар бораи фарқияти “Ковид 19”-и соли гузашта, аз “Ковид -9”-и имсола, вобаста ба таъсири вирус дар организм ва оризаҳои илтиҳоби шушҳо, ки ба вазниншавии ҳолати беморӣ оварда мерасонад, маълумот додааст.

“Имрӯзҳо дар тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистони мо намуди нави бемории Ковид-19, штампи ҳиндӣ бо номҳои "Делта" ва "Делта-плюс" доман паҳн намудааст. Ин беморӣ аз коруноӣ пештара (соли гузашта) фарқ дорад.
1. Давраи инкишофи беморӣ беҳад кӯтоҳ аст, ҳатто дар байни чанд соат ҳолати бемор метавонад тағйир ёбад.
2. Сабабҳои сироятёбӣ гуногунанд, аз ҷумла истифодаи ғизоҳои сарди яхдонӣ, оббозӣ дар оби сард ва тағйирёбии иқлим метавонад боиси сар задани беморӣ гардад.
3. Сироятёбии кӯдакон.
4. Баландшавии ҳарорат дар аксар мавридҳо як ё ду рӯз давом мекунад.
Чаро бештар шушҳо илтиҳоб мегиранд?
Рагҳои хунгарди шушҳо 50 дар сади рагҳои хунгарди баданро ташкил намуда, дар нигоҳ доштани мувозинати ҳолати гемостаз ва гомеостази организм иштирок мекунанд, ки ин яке аз вазифаҳои ғайринафаскашии шушҳо мебошад. Дар натиҷаи осеб дидани ҳамаи рагҳои хунгарди бадан, беморро беҳолатӣ, мондашавӣ ва дардмандии тамоми мушакҳою бофтаҳои бадан азият медиҳад, зеро вайроншавии гардиши хун дар рагҳои хунгарди шушҳо бо пайдошавии тромбозҳо мушоҳида мешавад, ки дар натиҷаи он гардиши хун дар баъзе қисматҳои шушҳо қатъ мегардид.
Ҳақназар Ҳақназаров илова кардааст, ки “Дар тамоми ҳолатҳои гирифтори бемориҳои вирусӣ, ягон намуди маводҳои зиддивирусӣ вуҷуд надорад, баьзе маводҳое, ки имрӯзҳо бар зидди ин ё он вирусҳо истифода мебаранд, ҳамааш эксперимент мебошанд, таьсири мусби расонида наметавонанд, танҳо каме иммунитети баданро баланд мебардоранду халос.

Пешгирии беморӣ
Духтур роҳҳои пешгирии бемориро бо якчанд банд шарҳ додааст:
1. Эҳтиёт намудан аз ҳолатҳои тағйирёбии шароити иқлими зиндагӣ 2. Нӯшидани оби ҷӯшомадаи гарм ё ҳарораташ муътадил, дар як шабонарӯз то 4-5 литр.
3. Истеъмоли ғизоҳои гарму табиӣ, на суньӣ.
4. Истеъмоли меваю сабзавот ва кабудиҳо.
5. Ҳамарӯза истифода бурдани ягон маводи антиагрегантӣ ба монанди аспирин, ним ҳаб, ду бори баьд аз хӯрок то тамом шудани пандемия.
Ҳамчунин, табиб ҳангоми беморӣ якчанд тавсияҳо додааст, ки он ҳам нӯшидани оби ҷушомадаи гарм, пуф кардани пуфак бо гимнастикаи нафаскашӣ, истифодаи ғизоҳои гарму табиӣ, истифодаи асалу имбир ва лимӯ 1 қошуқи 3 бор бо як истакон оби ҷушомада мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД