shoh palace
СИËВУШИ ФАРИДУН ДУРӮҒ МЕГӮЯД? ДИЛОВАР АЗИМОВ ЗИНДА АСТ?
3067

 Аз хурдӣ қобилияти кунҷкобӣ доштанамро пайваста чанде аз наздиконам ба рӯям мегуфтанду лаҳзаҳои хотирмонамро то ҳол дар хотир дорам. Ин кунҷкобӣ маро имрӯз аз шаҳри Хуҷанд ба Истаравшан бурд.

Зеро дар шабакаи иҷтимоии фейсбук нафаре бо номи Сиëвуши Фариддун хабареро паҳн намудааст, ки гӯë мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан ба бемории сироятии коронавирус гирифтор шуда, вафот кардааст. Ин матлаб бароям аҷиб намуд. Барои он ки ман чанде пеш бо он кас сӯҳбат карда будам.
Ҳангоми мутолиаи хабари Сиëвуш барои супоридани рисолаи хатм омодагӣ дида истода будам, Ҳамин ки рисолаи хатмамро супоридам, барои ҳақиқатро фаҳмидан зуд сӯи Истаравшан равон шудам.
Баъди расидан вориди ҳуҷраи кории мудири шуъбаи маориф Азимов Диловар шудам. Ҳолати ӯ аз пештара чандин маротиба хубтар буду бо чеҳраи кушод маро пешвоз гирифт ва бо баҳои аъло супоридани рисолаи хатмамро шунида, бароям комëбӣ дар роҳи илм хост. Намедонистам устод аз ин хабари дурӯғи Сиëвуш огоҳ буданд ë не. Ба ҳар ҳол, ман аз устод пинҳонӣ як расмашон гирифтам, то ки ин дурӯғро ифшо созам.
Ба хотири расми пинҳонӣ гирифтаам аз устод маъзарат мехоҳам. Ба ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтаниам, ки ба ҳар гуна хабарҳои беасос бовар накунед ва нуқтасанҷу дақиқназар бошанду ҳушëрии сиëсиро аз даст надиҳеанд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД