Arzon march 2024
СИРИ ЧАШМИ МАРДРО ДОНИСТАН МЕХОҲЕД?
2934

 

 Сиёҳчашмаки очадӯстдор

Равоншиносон мегӯянд, ки хислати мардро аз ранги чашмаш фаҳмидан мумкин аст. Биёед, бубинем.

Инак, агар ҷавони дӯстдоштаатон чашмони қаҳваранги сиёҳ ё чашмони сиёҳ дошта бошад, ба он навъи мардон дохил мешавад, ки дар хона ба коре даст намезананду дар ҷойи кор бо меҳнатдӯстӣ ном баровардаанд. Хеле кам мардони сиёҳчашм ба курсии сарварӣ менишинанд. Миёни чашмсиёҳон мардони инҷиқу худпараст хеле зиёданд. Сиёҳчашмон ба зудӣ ошиқ мешаванд, вале зуд дилсард мегарданд. Ин тоифа хиёнати худашонро чизи муқаррарӣ меҳисобанд, аммо бевафоии занро намебахшанд. Барои модараш фарзанди беҳтарин, бодиққату меҳрубон аст ва ин сабабгори муноқишаи байни зану шавҳар мегардад.

Чашми хокистарӣ чӣ мегӯяд?

Мардони чашмонашон хокистарӣ дар ҷавонӣ дар интихоби арӯс хеле нозуктабъ буда, ҳатман дар ҳар як бону камбудиҳои зиёд меёбанд. Ин мард ба касе дил бубандад, бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад. Маҳз бонувон мурғи илҳоми чунин мардонро ба парвоз меоранд. Аз он ки арӯсаш ба ӯ чӣ гуна тъсир мерасонад, комёбиву нобарориҳояш вобастагӣ дорад. Зани боҷуръату қавиирода насибаш гардад, дунёро ба даст меорад, рафту бо зани данбал ҳамхона шавад, барои беҳбудии рӯзгор кӯшиш нахоҳад кард.

Сирри чашми сабз

Мардони чашмсабз хотираи қавӣ, ақли расо ва қобилияти аз худ намудани тамоми касбу корро доранд, вале шарми модарзодӣ имкон намедиҳад, ки қобилиятҳояшонро нишон диҳанд. Ин хислаташон ба зарари пешравӣ дар мансаб мегардад. Мардони чашмсабз кормандони бовиҷдонанд. Хеле кам кӯшиши сарвар шуданро мекунанд, коргари қаторӣ будан барояшон осонтар аст. Хеле бадқаҳр, вале бе кина ҳастанду хафагиро ба зудӣ фаромӯш мекунанд. Бо душворӣ ошиқ мешаванд, вале танҳо як касро дар умри худ дӯст медоранд. Оила барояшон даргоҳи муқаддас ва маънии ҳаёт аст.

Чашми кабуди суғдӣ

Нафароне, ки чашмони кабуд доранд, дар пиронсолӣ ҳам кӯдаквор рафтор мекунанд. Қисми зиёди чашмкабудон коргарони хубу мутахассисони олидараҷа ҳастан. Табъашон зуд-зуд тағйир меёбад. Якраванд, вале зуд муноқиша намекунанд. Нафаре ки марди чашмкабудро меранҷонад, ҳеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Ҷозибаи чашмони хокистариву сабз

Мардеро ки ранги чашмонаш хокистарии бо сабз омехта аст, ба назар орому бекина менамоянд, аммо хеле якрав аст ва ба зудӣ гардан намефарорад. Орзуи чунин мардон бо кадом роҳе набошад, ҳатман ба курсии сарварӣ нишастан аст ва аксаран ба мақсад мерасанд. Вафодор нестанд, вале занҳояшон аз ин хислати эшон бехабар мемонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД