Arzon march 2024
Сурхшавии рухсора нишонаи чист?
19.03.2022
ОИЛА
2329

Вақте мо занеро бо рухсораи сурх вохӯрдем, аввалин чизе, ки ба ёд мерасад, ин шармгинии ӯст. Ё гумон мекунем, ки сахт ба ғазаб омадааст.

Аксарияти одамон намедонанд, ки сурхшавии рухсораро сабаб бемории пӯст –розатсея мебошад. Имрӯз мо дар бораи сурхшавии пӯсти рӯй ва табобати он маълумот медиҳем.

Бемории занҳо

Сурхшавии рухсора чандин сабаб дорад, ки бо ноҷурии саломатӣ вобастагӣ дорад. Сурхии пӯст бо сабаби баъзе бемориҳои хун низ дида мешавад. Бемории розатсея асосан дар бонувон дида мешавад. Ин иллати пӯст аслан дар синни наврасакӣ пайдо мешавад. Гирифторони чунин беморӣ ҳис мекунанд, ки бе ягон сабаб рухсораашон сурх мешаваду боз ҳолати пешинаро мегирад. Ин бо васеъшавӣ ва рагкашии рагҳои хунгарди пӯст алоқамандӣ дорад. Агар ин бемориро бетағйиру бетабобат гузоред, он ба оқибатҳои ҷиддӣ ва тағйиротҳои нозеби пӯсти рӯй оварда мерасонад:

рагчаҳо дар шакли ситорачаҳо васеъ боқӣ мемонад;

аз сабаби норасоии оксиген пӯст ноҳамвор шуда, клетчаткаи зери пӯст хусусан дар атрофи бинӣ афзоиш ёфта, дар натиҷа бинӣ ҳаҷман калон шуда, шаклашро тағйир медиҳад;

дар пӯст наракчаҳои гулобӣ пайдо мешаванд.

Офтобу қаҳва гунаҳкоранд?

Омилҳои хурӯҷкунандаи сурхии пӯсти бемор инҳоянд: таъсири нурҳои офтоб, хӯроки тунд, қаҳва, чой, баногаҳ пасту баландшавии ҳарорати ҳаво, хӯроки гарм, машрубот ва асабоният. Дар ҷавоб ба таъсири ин омилҳо пӯсти рӯй тамоман сурх мешавад. Дар бонувон бештар пӯсти рухсора ва дар мардон пӯсти бинӣ сурх мешавад. Сабаби пайдоиши ин беморӣ номаълум аст.

Гелу собуни бе зарар лозим аст

Дар сурати табобати саривақтӣ ва дуруст беморӣ реша намедавонад.

Барои аксарияти беморон розатсея ҷароҳати ҷиддии психологӣ мерасонад. Мутаассифона барои аксари бонувон гирифторшавӣ ба чунин беморӣ баробари марг аст.

Ба беморони гирифтори сурхшавии пӯсти рухсора табибон пешгирӣ намудану аз омилҳои хурӯҷкунандаи беморӣ худро барканор гирифтанро тавсия медиҳанд. Пӯсти беморро нигоҳубини махсус лозим аст: гел ва собунҳои на онқадар шадидро, ки дар таркибашон машрубот, равған ва атсетон надоранд, истифода бубаред. Аз ороишоти косметикие истифода баред, ки беравғану барои пӯсти рихинакдор тавсия шуда бошанд. Боз малҳамҳои косметикие вуҷуд доранд, ки васеъшавии рагҳоро пешгирӣ менамоянд. Чунин воситаҳоро дар аввали пайдоиши беморӣ истифода бояд бурд. Агар сурхии пӯсти шуморо табиб дида, темангиоэтазия номад, онро танҳо тавассути лазер нест кардан мумкин аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД