formula
Таомҳои идонаи насрониёнро хӯрдан равост?
576


Мо дар Русия зиндагӣ мекунем ва миёни русҳо дӯстони зиёд дорем. Онҳо моро ба маросимҳои оилавиашон зиёд даъват мекунанд. Оё барои мусалмон ҷоиз аст, то аз хӯрокҳое, ки аҳли китоб ё мушрикон дар рӯзҳои идашон омода кардаанд, бихӯрад ва ё туҳфаи онҳоро ба хотири идашон бипазирад?
САМАНДАР

              Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
- Барои мусалмон ошноӣ, дӯстӣ ва равуо бо насрониён гуноҳ нест. Хӯрдани таомашон низ ва гирифтану додани туҳфа низ иҷозат аст, агар ин корҳо бидуни мақсад сурат гирад. Яъне барои мусалмон ҷоиз нест, ки таомҳоеро, ки яҳудиён, насрониён ё мушрикон барои идҳояшон омода мекунанд, бихӯрад. Ҳамчунин, барои мусалмон ҷоиз нест, ки туҳфаи онҳоро ба хотири идашон бипазирад, зеро ин амал ба маънои эҳтироми онҳо, ҳамкорӣ бо онҳо дар зоҳир намудани оинҳои динии онон, таблиғи бидъатҳои онҳо ва ширкат варзидан дар шодии онҳо дар рӯзҳои идҳояшон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД