Аброр Ҳакимзода аз омӯзгорони муваффақи шаҳр буда, тамоми умри бобаракати хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Ин омӯзгори ҳирфаӣ 15-уми июли соли 1956 дар шаҳри бостонии Истаравшан дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1974 ба факултаи химия ва биологияи Институти педагогии шаҳри Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) дохил мешавад. Соли 1979 донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ҳамон сол фаъолияти омӯзгорияшро оғоз менамояд.
Аброр Ҳакимзода аз омӯзгорони эҷодкорест, ки пайваста ба навиштани шеъру мақола машғул аст. Ӯ аз соли 2015 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, соли 2016 барои хизматҳои арзандааш бо нишонҳои Аълочии матбуот ва Аълочии фарҳанг сарфароз гардидааст. Вай то имрӯз зиёда аз 400 хабару мақола ва даҳҳо шеър эҷод намуда, бо нашрияҳои шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҳамкории доимӣ дорад.
Солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои аҳли маориф давраи санҷиши ирода ва садоқат ба касб буд. Дар шароите, ки моҳҳо ва ҳатто солҳо маош пардохт намешуд, омӯзгорони фидоӣ пешаи худро тарк накарданд. Дар ин радиф Аброр Ҳакимзода низ бефосила фаъолият намуд, то шогирдон аз таълим дур намонанд. Садоқат ба касб ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ӯро нагузошт ба таълиму тарбияи насли наврас бефарқ бошад. Ҳарчанд худ шароити вазнин дошт, бо вуҷуди ин, бе маош фаъолият мекард ва тамоми донишу таҷрибаи худро ба шогирдон меомӯзонд. Маҳз самараи меҳнати софдилонааш буд, ки имрӯз даҳҳо шогирдонаш пешаи омӯзгориву табибиро интихоб кардаанд.
Аброр Ҳакимзода давоми 47 соли фаъолияти омӯзгорӣ барои меҳнати софдилона ва дастовардҳои назаррас борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд, Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят қадрдонӣ шудааст.
Аброр Ҳакимзода имрӯзҳо дар МТМУ №33 ба номи Умарҷон Исмоилови деҳаи Қалъачаи Гули Зард бо садоқат ва масъулияти баланд фаъолият дорад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ