Хигиеника
Тифл дар батни модар ба диабети қанд гирифтор мешавад?
504


Бибию холаам бемории қанд дошта бошанд ҳам, модари ман солим аст ва худам низ ба ин касалӣ гирифтор нестам, вале писарчаам дар як солагӣ худ ба худ ба кома афтид.

Табибон аввал ба ӯ диагнози саратони хун гузоштанд, вале баъд маълум шуд, ки кӯдак бемории қанд дошта аст ва қанди хунаш аз 30 баланд шудааст. Бо шунидани ин хабари шум замину осмон дар назарам тираву тор гашт, зеро то он вақт гумон мекардам, ки танҳо одамони калонсол ба диабети қанд гирифтор мешаванд.

Баъдтар фаҳмидам, ки писари ман ягона кӯдаки ба касалии қанд гирифтор шуда набуда, ҳатто тифлакони навзод низ ба диабети қанд мубтало мегаштаанд. Ҳоло боз ҳомиладор ҳастам ва метарсам, ки фарзанди дуюмам низ ба ин касалӣ гирифтор нашавад. Илтимос, дар бораи диабети қанд ва сабабҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ каме маълумот диҳед. Мехоҳам донам, ки тифл дар батни модар ҳам ба ин касалӣ гирифтор шуда метавонад ё не?
Раҷабгул, аз ш. Турсунзода.

Посух

Хоҳари азиз,Раҷабгул!

Дар ҳақиқат натанҳо дар кишвари мо, балки дар сар то сари ҷаҳон солҳои охир шумораи гирифторони диабети қанд афзуда истодааст. Пештар, агар танҳо одамони калонсол ба ин беморӣ гирифтор мешуданд, ҳоло натанҳо насли нисбатан ҷавон, балки ҳатто кӯдакони хурд сол ба диабети қанд мубтало мегарданд. Сабабҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ хеле зиёданд.

Асабонияти шадид, стресс, ғаму андӯҳи зиёд, тарс, фарбеҳию камҳаракатӣ ва ғизои нодуруст боиси якбора ба ин беморӣ мубтало гаштан шуда метавонад.

Ирсият гунаҳкор

Диабети қандирсӣ ҳам мешавад. Шумо қайдкардаед, ки бибию холаатон диабети қанд доранд, вале шумо ва модаратон солим ҳастед. Мубтало будани бибиатон ба ин беморӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар авлоди шумо ин касалӣ ирсӣ будааст.

Бемориҳои ирсӣ метавонанд як насл баъд ҳам хурӯҷ намоянд, яъне агар шахс касалии қанд дошта бошад, фарзанди ӯ метавонад солим ба дунё биёяд, аммо хавфи дар набера ё аберааш хурӯҷ кардани диабети қанд вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир шахсоне, ки дар авлодашон одамони гирифтори диабети қанд ҳастанд, бояд эҳтиёткор бошанд, аз истеъмоли зиёди хӯрокҳои серравғану хамирӣ ва торту шириниҳо худдорӣ намоянд, бештар бо варзиш машғул шуда, кӯшиш кунанд, ки фарбеҳ нашаванд, серҳаракат бошанд ва тез-тез барои ташхис хунсупорида, миқдори қандро дар хунашон санҷида истанд.

Аз стресс эҳтиёт бошед!

Мутаассифона, аксаришахсоне, ки худашон ё ягоншахсиназдикашон ба ин беморӣ гирифтор шудааст, рӯҳафтода шуда, ҳамеша дар ҳоли тарс ва яъсу навмедӣ умр ба сармебаранд. Тавре ки болотар гуфтем, стресс ва асабонияту тарсу ҳарос боиси авҷгирифтани диабети қанд мегардад, бинобар ин, худро ба даст гирифта, дар бораи тақдири ояндаи писарчаатон, ки ба диабети қанд гирифтор аст, зиёд фикр накунед. Гирифтор будан ба диабети қанд маънои онро надорад, ки хушиҳои зиндагии шахс ба поён расидаанд. Бо касалии қанд низ инсон метавонад ҳаёти солим ба сарбарад, агар табобати фармудаи табибонро сари вақт гирифта, ба парҳез риоя намояд. Маъмулан ба кӯдаконе, ки мубтало идиабети қанд ҳастанд, инсулин мегузаронанд. Шумо бояд онро сари вақт ба писарчаатон гузаронед ва мудом назорат карда истед, ки кӯдак ширинию ғизоҳои зарарнокро нахӯрад. Имрӯзҳо барои кӯдаконе, ки диабети қанд доранд, шириниҳои махсус ба фурӯш бароварда мешаванд, ки ба ҷойи глюкоза фруктоза доранд. Ба фарзандатон аз ҳамин шириниҳои парҳезӣ харида,кам-кам дода метавонед, то ки ширинихӯрии дигар кӯдаконро дида, ғашнакунад.


Тифл дар батни модар ба диабети қанд гирифтор мешавад?

Акнун меоем сари суоли шумо дар боби он ки оё тифл дар батни модар ба диабети қанд гирифтор мешавад? Тибқи маълумотҳое, кимо аз сарчашмаҳои гуногун ба даст овардем,агар модар дар давраи ҳомиладорӣ ягон фоҷиаи сахтро аз саргузаронида, ба ғамуандӯҳва стресс гирифтор шавад, ё мудом бо тарсу ҳарос аз чизе зиндагӣ кунад, ҳам чунин агар бемориҳои шадидро аз сар гузаронад, дар ин сурат хатари бо диабет ба дунё омадани тифл ба миён омада метавонад. Тифлаконе, ки ҳанӯз дар батни модар ба касалии қанд гирифтор шудаанд, аз вақти муқаррарӣ дертар ба дунё меоянд ва вазнашон аз 4 килограмм зиёдаст. Ин кўдаконро бештар бо воситаи ҷарроҳии чоки қайсар мегиранд. Ин маънои онро надорад, ки ҳамаи тифлакони навзоди вазнашон аз 4 кило зиёд ба диабети қанд мубтало ҳастанд, аммо эҳтиёт ними ҳаёт гуфтаанд, бинобар ин, солҳои охир дар аксари таваллуд хонаҳо аз навзодони бо вазни калон ба дунё омада барои ташхиси диабети қанд хун мегиранд.
Нишонаҳои беморӣ ва роҳҳои пешгирии диабети қанд
Аслан диабети қанд 2 намуд мешавад. Диабети навъи 1 ва диабети қанди навъи 2. Ба диабети навъи 1 бештар тифлакон гирифтор шуда, бояд сӯзандоруи инсулин бигиранд, зеро ҷисми онҳо аслан инсулин коркард намекунад. Дар одамони калонсол бештар диабети навъи 2 ба мушоҳида мерасад. Нишонаҳои асосии диабети қанд ин тез-тез ташна мондан, арақ кардан, бисёр пешоб кардан, якбора лоғар шудан ва сустию беҳолию камҳаракатӣ мебошад. Шахсоне, ки ин нишонаҳоро дар вуҷуди худ эҳсос менамоянд, махсусан занҳои ҳомила бояд сари вақт ба табибон муроҷиат намуда, барои ташхиси диабети қанд хун супоранд.
Аз ҳама муҳимаш бо шунидани ибораи“диабети қанд” ба таҳлука афтодан лозим нест, зеро дар сурати риоя намудан бо ин беморӣ ва гирифтани дорую дармоне, ки табибон мефармоянд, инсон метавонад ҳаёти солим ба сарбарад.
Маслиҳати мо ба шумо ҳамин аст, ки фикрҳои бадро аз саратон дур карда, натанҳо дар бораи худ ва писарчаатон, балки дар бораи тифли батнатон низ андеша намоед. Бештар дар ҳавои беғубор сайру гашт карда, дар бораи ояндаи неки фарзандонатон андеша кунед, хандед, шӯхӣ кунед, ғизои солим хӯред, он гоҳ тифли батнатон сиҳату саломат ба дунё омада, дунёи шуморо боз ҳам зеботару рангинтар хоҳад кард. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД