formula
Тӯмор шайтонро мегурезонад?
05.06.2023
ОИЛА
447

Аксари мардум дар бадани худ тӯмор мегардонанд, ки номҳои махсус дорад. Сабаб пурсӣ, мегӯянд, ки тӯмор одамро аз балоҳо эмин медорад ва шайтонро мегурезонад. Мегуфтед, ки аз нигоҳи ислом бо худ тӯмор гардондан раво ҳаст ё не? Тӯмор дар ҳақиқат шайтонро мегурезонад ё ин гап танҳо бофтаи кампиракон аст?

Соҳибҷон, ш. Душанбе

Аз нигоҳи уламои мазҳаби ҳанафӣ бо худ гирифтани тӯмор ҷоиз аст, ба шарте, ки дар он оятҳои қуръонӣ ё дуоҳои маъсура навишта шуда бошад. Гирифтани тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд, равост, аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД