35 years of independency
Толеънома 14-уми ноябри соли 2026
644

Толеънома 14-уми ноябри соли 2026

Ҳамал

Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон шояд сардӣ эҳсос кунед. Беҳтараш мушкилоти мавҷударо ошкоро муҳокима карда, роҳи ҳалли онро пайдо намоед. Оиладорон метавонанд масъалаҳои рӯзгор ва тақсими вазифаҳои хонаводагиро баррасӣ кунанд. Кӯшиш кунед, ки суҳбат дар фазои орому дӯстона гузарад. Дар кор саросема нашавед ва вазифаҳоятонро сари вақт иҷро кунед. Маблағро дуруст тақсим намуда, ба саломатӣ низ аҳамият диҳед.

Савр

Имрӯз табъатон болида ва рӯҳияатон шӯх хоҳад буд. Дар муносибатҳои ошиқона каме ҷасуртар бошед, вагарна бахти худро аз даст медиҳед. Бегоҳ бо ҳамсаратон метавонед нофаҳмиҳои мавҷударо ба осонӣ бартараф созед. Дар кор эҳтимоли санҷишҳои ғайриинтизор вуҷуд дорад, бинобар ин аз қабули қарорҳои муҳим худдорӣ кунед. Имрӯз зиракӣ ва ҳисси пешбиниатон қавӣ мешавад. Аз кори зиёд ва вайрон кардани реҷаи хоб парҳез намоед.

Ҷавзо

Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона эҳтимоли баҳсу нофаҳмӣ вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед, бо сабру таҳаммул роҳи ҳалли мушкилотро пайдо намоед. Оиладорон метавонанд ба ободонии хона ё қитъаи замини худ машғул шаванд. Дар кор серғайрату фаъол хоҳед буд ва имкониятҳои нави худро ошкор мекунед. Вазъи молиявиатон низ метавонад беҳтар гардад: эҳтимоли даромади иловагӣ ё пайдо шудани имконияти сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Байни кору истироҳат мувозинатро нигоҳ доред.

Саратон

Агар муносибатҳои ошиқонаатон пештара барин набошанд, шояд қатъ кардани онҳо аз кӯшиши дубора барқарор намуданашон беҳтар бошад. Аммо пеш аз қабули чунин қарор хуб андеша кунед. Эҳтимол, хешовандони ҳамсаратон ногаҳон ба меҳмонӣ оянд. Имрӯз беҳтараш аз фикри кор дур шуда, истироҳат кунед. Эҳтимоли гирифтани мукофот, туҳфа ё маблағи иловагӣ вуҷуд дорад. Агар кайҳо боз нияти машғул шудан ба варзишро дошта бошед, ҳоло вақти муносиб аст.

Асад

Муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдоштаатон хуб пеш мераванд, аммо эродҷӯӣ ва серталабии аз ҳад зиёд метавонад ба онҳо халал расонад. Ба андешаи ҳамдигар эҳтиром гузоред ва аз баҳсу мунозира худдорӣ кунед. Тағйир додани ногаҳонии реҷаи рӯз метавонад шуморо хаста созад. Дар масъалаҳои молиявӣ сарфакор бошед, эҳтимоли хароҷоти ғайричашмдошт вуҷуд дорад. Агар кайҳо боз нияти аз муоинаи тиббӣ гузаштанро дошта бошед, онро ба таъхир нагузоред.

Сунбула

Агар танҳо бошед, беҳтараш барои пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ шитоб накунед. Дар муносибатҳои оилавӣ вазъ беҳтар мешавад: мушкилоти кории ҳамсаратон бартараф мегарданд, фарзандон низ таваҷҷуҳи шуморо бештар талаб мекунанд. Имрӯз эҳтимол дорад, якбора бо чанд масъала сарукор гиред. Барои расидан ба мақсадҳоятон фаъолтар бошед, вазъ тадриҷан ба нафъи шумо тағйир меёбад. Бо машқҳои пагоҳирӯзӣ ё сайругашти шомгоҳӣ ба беҳтар кардани саломатии худ машғул шавед.

Мизон

Имрӯз тақдир метавонад шуморо бо шахси ҷолибе шинос кунад. Бодиққат бошед, то имконияти хубро аз даст надиҳед. Дар муносибат бо наздикон аз суханони носанҷида ва баҳсҳои беҳуда худдорӣ кунед, зеро нофаҳмии хурд метавонад ба ҷанҷоли калон табдил ёбад. Дар кор кӯшиш кунед, боварии роҳбариятро сазовор гардед, то дар оянда имкони пешрафт пайдо кунед. Вазъи молиявӣ метавонад муваққатан ноустувор шавад, вале беҳтар мегардад. Ба варзиш низ вақт ҷудо кунед.

Ақраб

Имрӯз барои нигоҳубини мӯю нохунҳо ва оғози машқҳои варзишӣ рӯзи мувофиқ аст. Ҳамчунин, эҳтимоли шиносоии ошиқона ва пайдо кардани ҳамсафари зиндагӣ вуҷуд дорад. Вақтатонро дуруст тақсим кунед, шояд байни корҳои шахсӣ ва вазифаҳои корӣ интихоб кардан лозим ояд. Эҳтимол, муваққатан вазифаи ҳамкори худро ба зимма гиред. Пешакӣ бо роҳбарият масъалаи пардохти кори изофагиро баррасӣ кунед. Имрӯз бештар истироҳат карда, бо наздикон вақт гузаронед.

Қавс

Агар муносибатҳои ошиқонаатон сард шуда бошанд, эҳтимол дорад, ки идомаи онҳо дигар маъно надошта бошад. Баъзан барои оғози зиндагии нав аз муносибатҳои пешина даст кашидан лозим меояд. Норозигӣ ва ранҷишҳои пинҳонӣ метавонанд рӯйи об бароянд. Барои ба ҳамдигарфаҳмӣ расидан гузашт кардан зарур мешавад. Дар фаъолияти эҷодӣ муваффақият ва илҳоми тоза шуморо интизор аст. Имрӯз барои бастани шартномаҳои корӣ ва тарҳрезии тиҷорати шахсӣ мусоид мебошад. Аз хастагии ҷисмонӣ ва асабоният худро эҳтиёт кунед.

Ҷаддӣ

Барои ба даст овардани хушбахтӣ дар муносибатҳои ошиқона бояд ҷасорат ва кӯшиши зиёд нишон диҳед. Имрӯз барои мулоқот бо дӯстон ва шиносоӣ бо одамони ҳамфикр рӯзи хуб аст. Дар кор роҳбарият истеъдод ва қобилияти эҷодии шуморо қадр мекунад, аммо барои пешрафти касбӣ боз ҳам бештар заҳмат кашидан лозим меояд. Вазъи молиявиатон беҳтар шуда, заҳматҳои қаблиатон натиҷа медиҳанд. Агар маблағатонро дуруст истифода баред, метавонед пасандозатонро зиёд кунед.

Далв

Имрӯз шуморо рӯзи пур аз шиносоӣ ва таваҷҷуҳи атрофиён интизор аст. Эҳтимол, ҳам занон ва ҳам мардони ин мучал аз таваҷҷуҳи ҷинси муқобил баҳра баранд. Агар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон якранг шуда бошад, барои рангинтар кардани он тағйироте ворид кунед. Дар кор заҳматҳои пешинаатон қадр шуда, метавонед эътирофи деринтизорро ба даст оред. Ба масъалаҳои молиявӣ ва беҳбудии зиндагӣ низ диққат диҳед. Барои пешгирии асабоният аз кори зиёд худдорӣ карда, бештар истироҳат намоед.

Ҳут

Занони ин мучал бояд дар интихоби муносибатҳои нави ошиқона эҳтиёткор бошанд, мардон бошанд, метавонанд бе андешаи зиёд ба муносибатҳои муваққатӣ ворид шаванд. Нақшаҳои шахсии худро бо ҳар кас дар миён нагузоред, шояд касе ба хушбахтии шумо ҳасад барад. Имрӯз дар кор баъзе душвориҳо пеш меоянд, вале рӯҳияи мусбатро нигоҳ доред ва аз пайи мақсадҳоятон бошед. Бахт ба рӯятон механдад: метавонед аҳдҳои тиҷоратӣ бандед ва харидҳои калон анҷом диҳед. Аз одамони манфияталаб дурӣ ҷӯед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД