arzon replenishment
Соли паланг киро хушбахт месозад?
21710

Муш (1936, 1948, 1960, 1972, 1984, 1996, 2008, 2020)

Дар соли паланг зодагони мучали мушро лозим аст, ки кӯмаку дастгирии касеро интизор нашуда, танҳо ба қувваи худ умед банданд. Ақлу фаросатро кор фармуда, дар кору зиндагӣ ва саломатӣ бурд мекунед. Дар соли нав бо тиҷорати нав машғул шудан ё ҷои кори худро иваз карданро тавсия намедиҳем. Нафаронеро, ки ҳамсарашон дар мучали асп тавлид ёфтааст, дучори ҷангу ҷанҷол мешаванд. Ба саломатии меъдаву рӯдаҳо диққати хоса дода, пайваста бо варзиш машғул шавед.

Бақар (1937, 1949, 1961, 1973, 1985, 1997, 2009, 2021)

Барои ба мақсаду ниятҳои худ расидан меҳнат кардану босабр буданатон лозим аст. Ба ҳеҷ ваҷҳ кори зиёдатиро ба уҳда нагиред, ҳатто ба хоҳиши наздикон низ гӯш надиҳед. Соли нав барои нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, хеле бобарор меояд. Даромади пулии худро нигоҳ дошта метавонед, вале барои зиёдтар карданаш душворӣ мекашед. Охири сол дар касбу кор дучори мушкилиҳо мегардед. Барои беҳдошти саломатӣ реҷаи хоби худро муътадил созед.

Паланг (1938, 1950, 1962, 1974, 1986, 1998, 2010, 2022)

Нафарони дар мучали паланг тавлидёфтаро комёбиҳои беназир дар пеш аст. Нимаи аввали сол меҳрубонтар бошед, дилрабоиву самимият қудрати шуморо болои сари дигарон меафзояд. Ба моҷарову низои рақибон диққат надиҳед, айни замон барор ҳамсафари шумост. Метавонед ҷасурона ҷои кору ҷои истиқоматро иваз намуда, ба саёҳат бароед. Бемории шахси бароятон наздик оилаи шуморо тифоқ месозад. Аксари нафарони муҷаррад ошиқ шуда, издивоҷ мекунанд.

Харгӯш (1927, 1939, 1951, 1963, 1975, 1987, 1999, 2011)

Дар масоили иқтисодӣ боэҳтиёт бошед, дар дигар соҳаҳои зиндагӣ шуморо барор ҳамсафар мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат ва дӯстӣ муваффақ мегардед. Шумо бо суханпардозӣ атрофиёнро мафтун карда метавонед. Барои он ки дар касбу кор комёб бошеду маблағи хуб ба даст оварда тавонед, сарчашмаи даромад ҷуста, дониши худро мукаммал намоед. Агар маблағи худро захира карда тавонед, бе малол хароҷот карда метавонед. Саломатиятон хуб, нерӯ ва сабру таҳаммулатон басанда аст.

Наҳанг (1928, 1940, 1952, 1964, 1976, 1988, 2000, 2012)

Соли паланг барои зодагони мучали наҳанг бобарор меояд. Дар касбу коратон эҳтимоли рух додани тағйиротҳои мусбӣ дар назар аст. Саломатиятон ташвиш намедиҳад. Дар ҷодаи муҳаббат лаҳзаҳои ширинтарини ошиқонаро аз сар мегузаронед, нафаре хеле бошитоб издивоҷ мекунад, нафаре ҳомиладор мешавад, нафаре тифл ба дунё меорад. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявӣ дар назар аст. Муваффақияти бештар насиби нафарони эҷодкор мегардад.

Мор (1929, 1941, 1953, 1965, 1977, 1989, 2001, 2013)

Барои зодагони мучали мор соли имкониятҳои нав дар касбу кор ва муносибатҳои шахсӣ фаро мерасад. Заҳматписандиву ҷиддият шуморо ба кулли мақсад мерасонад. Дар ҷодаи муҳаббат интихоби мушкил карданатон лозим меояд, бодиққат бошед, то ки ба иштибоҳ роҳ надиҳед. Ба рафтору гуфтори худ диққат диҳед, вагарна дучори оқибатҳои ногувор мегардед. Нимаи аввали сол дар ҷодаи муҳаббат тағйиротҳои гувороро интизор бошед.

Асп (1930, 1942, 1954, 1966, 1978, 1990, 2002, 2014)

Диққати зодагони мучали асп дар соли нав ба ободониву роҳатбахш намудани хонаву дар равона мегардад. Сохтмон, таъмир ва обод сохтани хона вақту қувваи зиёдро талаб мекунад. Дар касбу кор комёбӣ ва пешравиҳои назаррас имконпазир аст. Робитаҳои оилавиро тақвият бахшида, бо ҳамсафари ҳаётии худ наздиктар бошед. Нафарони муҷаррад парвои муҳаббат надоранд, балки дар фикри роҳати шахсии худ ҳастанд. Саёҳат ва варзиш саломатиятонро беҳтар месозад.

Гӯсфанд (1931, 1943, 1955, 1967, 1979, 1991, 2003, 2015)

Аз ҳад зиёд инҷиқу хӯрдагир нашавед, вагарна муносибатҳои оилавиятонро вайрон месозед. Ба моҷарову низоъҳо дахолат накарда, обрӯи худро нигоҳ доред. Ҳунару маҳорати худро ба касе исбот накунед, атрофиён ба қадри шумо мерасанд. Даромади калони пулиро интизор нашавед, вале хароҷоти зиёд ҳам карда наметавонед. Нафарони муҷаррад бахти худро пайдо намуда, издивоҷ мекунанд. Нисбати наздикон ғамхору меҳрубон бошед, он гоҳ дар ҷавоб дастгирии эшонро эҳсос мекунед.

Ҳамдуна (1932, 1944, 1956, 1968, 1980, 1992, 2004, 2016)

Соли сар задани ҳодисаҳои хуш фаро мерасад. Шуморо шиносоиҳои хубу судманд, сафару саёҳатҳо интизоранд. Соли паланг бароятон яке аз солҳои беҳтарини умратон хоҳад буд, ба шарте ки аз тағйиротҳои куллӣ натарсед. Нимаи дуюми сол дар касбу кор муваффақ мегардед. Дар муносибатҳои ошиқона аз муноқишаҳо дурӣ ҷӯед. Давоми сол имкони рушд намудану сарватманд шуданро аз даст надиҳед. Тарки одатҳои бад саломатиятонро тақвият мебахшад.

Мурғ (1933, 1945, 1957, 1969, 1981, 1993, 2005, 2017)

Нимаи дуюми сол дар масъалаҳои пулӣ боэҳтиёт бошед. Ба ҳама бовар накунед, ҳатто бо наздикон ҳушёриро аз даст надиҳед. Соли пурфайз аст ва ҳар нафаре, ки фаъолнокӣ нишон медиҳад, кисааш пури пул ва кордаш болои равған мегардад. Хеле серкор мешавед. Кӯшиш ба харҷ дода, дар зинаҳои мансаб боло рафта метавонед. Харҷу хароҷоти беҳуда накунед. Нафарони муҷаррад дар фикри оиладоршавӣ нестанд. Барои беҳдошти саломатӣ витамин истеъмол кунед, нерӯро бошад, аз аҳли оила мегиред.

Саг (1934, 1946, 1958, 1970, 1982, 1994, 2006, 2018)

 

Соли нав барои нафарони эҷодкор комёбиҳои беназир меорад. Дар ҷодаи муҳаббат тағйирот дида намешавад. Ба камбудиҳои ночизе, ки дар оилаву муносибатҳои дӯстона сар мезанад, чашм пӯшида, бурд мекунед. Ба кӯмаки дӯстон умед набаста, зудтар муваффақ мегардед. Табъи болидаро нигоҳ дошта, ҳама гуна мушкилиро бартараф месозед. Танбалиро аз худ дур созед, иродаи худро мустаҳкам намоед. Варзиш ва ғизои солим саломатиятонро тақвият мебахшанд.

Хубон (1935, 1947, 1959, 1971, 1983, 1995, 2007, 2019)

Зодагони мучали хубонро дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ тағйиротҳои куллӣ интизор аст. Муваффақият танҳо насиби нафарони пурэнерҷӣ ва ҳадафнок мегардад, дигаронро ноумедӣ интизор аст. Ба садои қалби худ гӯш андохта, муваффақ мегардед. Дар муносибатҳои ошиқона сабру таҳаммул ва эътимод ба ҳамдигар лозим аст. Заҳматписандӣ зиндагиятонро ҳамаҷониба беҳтар месозад. Бо варзиш машғул шуданатон хуб аст, вале аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Гулбахор 2023-03-30, 00:44
МАН минатдорам ташаккур барои огохномаатон хар шаб мехонам сахар аз руи хондаам рафтор мекунам
Посух
Шахбози гуломхайдар 2023-05-14, 16:31
Толеномаи мана гапзанен 01.08.199
Посух
замира 2023-07-25, 17:40
Соли Солихархуш Солихархушбарои Солихархушбароики Солихархушбароикихушбахти Солихархушбароикихушбахтимеорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Гулбахор 2023-03-30, 00:44
МАН минатдорам ташаккур барои огохномаатон хар шаб мехонам сахар аз руи хондаам рафтор мекунам
Посух
Шахбози гуломхайдар 2023-05-14, 16:31
Толеномаи мана гапзанен 01.08.199
Посух
замира 2023-07-25, 17:40
Соли Солихархуш Солихархушбарои Солихархушбароики Солихархушбароикихушбахти Солихархушбароикихушбахтимеорад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД