ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ФЕВРАЛИ СОЛИ 2026
1624

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз нерӯи зиёд доред ва метавонед муносибатҳои ошиқонаро гармтар кунед ё саҳифаи наве дар зиндагӣ боз намоед. Шоми рӯз дӯсти дерина аз худ дарак медиҳад — аз мулоқот даст накашед. Кӯшиш кунед миёни кор ва зиндагии шахсӣ тавозун нигоҳ доред. Қарорҳои молиявиро шитобкорона нагиред. Хастагии рӯзҳои охир эҳсос мешавад, бинобар ин бештар истироҳат карда, ба саломатӣ аҳамият диҳед.

Савр (20 апрел-20 май)

Дар ҳаёти шахсӣ имкониятҳои нав барои хушбахтӣ пайдо мешаванд, агар онҳоро боисрор талаб накунед. Хабари хуш ё вохӯрии дилхоҳ дар пеш аст. Бо ҳамкорон нофаҳмӣ имкон дорад, вале онро ба ҷанҷол табдил надиҳед. Камбуди маблағ эҳсос мешавад, аз хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ кунед. Агар нишонаҳои беморӣ пайдо шаванд, зуд ба духтур муроҷиат намоед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шиносоии ногаҳонӣ метавонад оғози муҳаббати ҷолиб гардад. Бо наздикон баҳси хурд пеш меояд, аммо бо гузашт кардан ҳал мешавад. Имрӯз бояд ҷиддан кор кунед, зеро натиҷааш фоида меорад. Бо пул ва ҳуҷҷатҳо эҳтиёткор бошед. Ба эҳсоси ғамангез роҳ надиҳед, то ба афсурдагии тӯлонӣ табдил наёбад. Бо рӯҳияи мусбат рӯзро идома диҳед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар муносибати ошиқона сард шуда бошад, бо суҳбати ошкоро онро беҳтар кардан мумкин аст. Аз робитаҳои хешутаборӣ барои манфиати шахсӣ истифода набаред. Имрӯз дар бисёр корҳо муваффақ мешавед, гарчанде ҳасудон пайдо мешаванд. Монеаҳоро паси сар мекунед. Саломатӣ хуб аст ва неруи зиёд доред, ки барои анҷоми корҳои муҳим кумак мекунад.

Асад (23 июл-22 август)

Дар муносибат бо шахси дӯстдошта мулоим бошед ва якравӣ накунед. Муоширати аз ҳад зиёд бо дӯстон метавонад боиси рашк гардад. Рӯзи фаъолу эҷодӣ аст — истеъдоди худро нишон диҳед. Кори дастаҷамъона натиҷаи хуб медиҳад. Барои тартиб додани буҷети моҳона вақти муносиб аст. Агар худро нотоб ҳис кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашуда, ба мутахассис муроҷиат намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Рӯзҳои наздик шиносоии нав зиндагии шуморо ҷолибтар месозад. Барои эҳёи муҳаббат кӯшиш кунед шарики худро бо чизе хушҳол намоед. Муошират бо ҳамфикрон ба ҳал шудани ихтилофҳои кӯҳна мусоидат мекунад. Масъалаҳои молиявӣ ва рӯзгор бо рӯҳияи мусбат ҳал мешаванд. Агар имкони танҳо мондан бошад, онро истифода баред, то оромона андеша кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ба намуди зоҳирии худ диққат диҳед, ин таваҷҷуҳи дигаронро ҷалб мекунад. Оиладорон бояд ба ҳамсар вақти бештар ҷудо намоянд. Дар касбу кор назорат ва масъулият муҳим аст. Имкони васеъ кардани робитаҳои корӣ вуҷуд дорад. Шумо нияти дигаронро хуб дарк мекунед ва метавонед созиш кунед. Рӯйдоди муҳим метавонад ба вазъи саломатӣ ё кор таъсир расонад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Зиндагии шуморо худатон месозед, бо боварӣ амал кунед. Хешовандон метавонанд ба зиндагии шумо таъсир расонанд. Эҳтимол тағйироти ҷиддии дохилӣ эҳсос намоед, ки ҷаҳонбиниатонро дигар мекунад. Сирри зиндагии оилавиро овоза накунед. Имрӯз аз табобати дандон худдорӣ намоед, зеро натиҷа қонеъкунанда намешавад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона мушкилоти хурд пеш меояд, вале бо ҳамдигарфаҳмӣ ҳал мешавад. Маслиҳати шахси калонсол метавонад фоидаовар бошад. Пешниҳодҳои ҷолиби касбӣ имкон доранд. Соҳибкорон метавонанд шартномаи судманд банданд. Вазъи саломатӣ қаноатбахш аст, аммо аз ғизои тезу шӯр парҳез кунед, то меъдаатон озурда нашавад.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз фазои орому ҳамоҳанг эҳсос мешавад. Дар муносибатҳои ошиқона шунидани якдигар муҳим аст. Дар кор бо ҷиддият ва устуворӣ ба муваффақият мерасед. Нимаи рӯз тағйироти ногаҳонӣ нақшаҳоро дигар мекунад. Эҳсосоти худро пурра ошкор накунед, то нияти дигаронро беҳтар дарк намоед. Аз фишори ҷисмонӣ ва муомилаҳои хавфнок худдорӣ кунед, саломатиро ҳифз намоед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Вохӯрии тақдирсоз имкон дорад, бинобар ин фаъол бошед. Ба намуди зоҳирӣ ва рафтори худ назар андозед. Кори дастаҷамъона мушкилотро осонтар ҳал мекунад. Эҳтимоли мушкилоти молиявӣ ё гум шудани чизе ҳаст, эҳтиёткор бошед. Ғизои мунтазам ва нӯшидани обро фаромӯш накунед. Дар охири рӯз истироҳат кунед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Нофаҳмиҳои миёни шумо ва шахси наздик ба зудӣ бартараф мешаванд ва ҷойи онҳоро гармӣ мегирад. Агар аз зиндагӣ норозӣ бошед, фикр кунед, ки чӣ чизро бояд тағйир диҳед. Ба мушкилот оромона муносибат намоед, баъзан беҳтар аст шитоб накунед. Субҳ бахт ёратон мешавад. Нимаи дуюми рӯз эҳтимоли хастагӣ ҳаст, худро зиёд азият надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД