35 years of independency
Фитнагар
199

 Мавзунаро дар хонаи пиронсолон тамоми бошандагон дӯст медоранд. Ҳарчанд 50-сола бошад ҳам, ӯро аҳли ин даргоҳ “духтарам” гуфта муроҷиат мекунанд. Мавзуна бо вуҷуди табиби калон буданаш бонуи хоксору фурӯтан буда, ба ҳар яки онҳо бо мулоиматии ба худ хос муносибат мекунад. Забони ширини Мавзуна дили шикастаи пиронсолонро пайванду ба дарди онҳо марҳам мебахшад.

Холаи Нуринисо, ки қариб 15 сол боз дар хонаи мурувват зиндагӣ мекунад аз рухсораҳои Мавзуна бӯсида, “духтарам ин қадар ту ширинзабонӣ, хоксориву фурӯтаният ҳамаро мафтун кардааст... Баъзан шишта-шишта ба сабру таҳаммули ту, ба суханҳои нарму мулоиму муассири ту, ба шеърхониву насиҳатгуйии ту ҳайрон шуда мемонам. Туро на инсон, балки мисоли фаришта медонам” гуфт.

Мавзуна бо табассуми ширадору зебандаи худ дастони холаро гирифта бӯсиду ба чашмонаш молид.

- Ташаккур, холаҷон, барои чунин муболиғаи зебо. Аз суханони гуҳарбори Шумо шод шудам. Аслан ҳар як кирдору рафтори Шумо ва аҳли хонаи пиронсолон ба мо ҷавонон роҳнамову роҳбалади зиндагиамон гаштааст. Панду насиҳатҳои муҳиму муфидатон чун лузуми обу ҳаво зарур аст. Охир пир бо тадбир ва ҷавон бошад бо тақсир мешавад, - гуфта посух дод.

Нуринисо ҳам ҷавобан дастони Мавзунаро аввал маҳкам фишурда баъдан молиш доду ба оғӯш гирифт.

- Кош, ҳамаи занҳо аз ҷумла ман ҳам мисли ту қалби поку покиза медоштам. Кош, ман ҳам ба модари худ меҳрубон мебудам. Кош, ман ҳам хушдоманамро тоҷи сар мекардам. Кош, фарзандонамро дуруст тарбия мекардам. Кош, онҳоро ғайр аз хӯру нӯшу кайфу сафо илму донишу одобу маърифат меомӯхтам, - гӯён ашк рехт.

- Гиря накунед холаҷон. Ҳамааш хуб мешавад, - гуфт табиб.

- Аз ман рӯй гардонидани фарзандонамро мебинаму дилу ҷигарам пора мешавад. Хун мегиряму хун мехурам. Охир бо ҳамин орзуву умед фарзанд калон кардам. Бо ҳамин умед нахӯрдаму напӯшидаму хӯрондаму пӯшондам. Мана, ҳамааш соҳиби ҷойи кору давлату савлат шуданду дар охир модарашонро ба хонаи пиронсолон оварданд. Шишта-шишта алам мекунад. Фикр мекунам ман ба ҳеҷ кас лозим не, - талх-талх гирист кампир.

- Гиря накунед холаҷон. Шумо ба давлат лозимед. Шуморо модар-ватан дар оғӯшаш мегирад, парвариш мекунад.

- Ҳа шукр, шукри чунин шароити зебо. Шукри ту барин духтурони доно... Ҳамааш нағзу аммо, дили инсон боз ба фарзандаш гум мезанад. Мехоҳад дар канораш бошад... Аммо афсӯс... Сад афсӯс...

- Мавзуна холаро дилбардорӣ карду ба ҳар як утоқ даромада аз ҳолу аҳволи бошандагон бохабар шуд. Бо ҳазлу шӯхӣ дили онҳоро шод мекард. Аммо сарнавишту тақдири талхи онҳоро шунида ғам махӯрд.

- Наход зоти инсон ба чунин кор даст занад. Наход инсон аз модараш рӯй гардонад. Аз оҳи дили модар наметарсад?

 Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

 - гуфтаанд. Афсӯс баъзе фарзандон якшаба не як лаҳзаина ранҷи модарро ҷуброн карда наметавонанду боз падару модарро ранҷу озор медиҳанд.

- Мавзуна бо ҳамин фикру андеша ба дари охирин утоқ даромад. Дар он чанд моҳ пеш пиразани бемореро ҷой дода буданд. Пиразан бисёр рӯҳафтода буд. Дар чашмонаш айнаки сиёҳ дошт. Як дасташ кор намекард. Дам ба дам оҳ мекашиду "уф" мегуфт. Аз чеҳрааш маълум буд, ки ӯ ҳам дар зиндагӣ азоби зиёд кашидааст...

(Давом дорад)

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД