sebiston july new
Тӯйи арӯсу домоди бомж дар Хуҷанд
897


Александра Кудашкина ва Николай Назриев-ду сокини вилояти Суғд, ки солҳои зиёд ба қавле “бомж” буданд, тӯйи арӯсию домодӣ барпо карданд.

Ин ҷуфт даҳсолаҳо инҷониб ҳаёти кӯчагӣ ба сар мебурданд ва дар биноҳои вайрону валангор шабашонро саҳар мекарданд, зеро ҳарду бехонумон ва бомж буда, бар замми ин, ба вируси норасоии масъунияти одам (ВИЧ-СПИД) гирифторанд.

Бо сабаби бехонумонӣ онҳо ҳатто шиноснома надоштанд, вале алорағми номардиҳои қисмат риштаи тақдирашонро ба ҳам пайваста, оила барпо карданд.
Чор сол пеш Александра Кудашкина ва Николай Назриев бо кмаку дастгирии моддӣ ва маънавии Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр"-и шаҳри Хуҷанд ва Олеся Тремасова, корманди созмони ҷамъиятии "Амали нек" соҳиби шаҳодатнома шуда ба зиндагии нав қадам ниҳоданд.

Баҳрӣ Абдураҳмонова мегӯяд ҷараёни таҳияи санад барои ин ду нафар осон набуд ва танҳо баъди муроҷиат ба вазири корҳои дохилӣ тариқи телефони "Боварӣ" тавонистем ба ин ҷуфт шиноснома дастрас намоем.
Қисмати якранг ду дили озурдаро пайвасту...
Александра Кудашкина ва Николай Назриев тақдири якранг дошта, ҳарду аз кӯдакӣ дар кӯча мондаанд. Онҳо дар кулбаҳои вайронаи маҳаллаҳои нави шаҳри Хуҷанд дар шароити вазнинтарин зиндагӣ мекарданд. Номбурдагон исрор медоранд, ки қисмати якранг ва зиндагии беранг онҳоро ба ҳам овард, зеро ҳарду ҳанӯз овони кӯдакӣ аз падару модар ятим монда, ягон парастор надоштанд ва бо ҳамин сабаб овораву дар ба дар шуданд.
Сабаби кӯчагард шуданашро арӯсак-Александра Кудашкина ба ҷаҳолати бародараш рабт дода мегӯяд:
-Маро дар синни 7-солагӣ бародарам аз хона ронд. Аз ҳамон рӯз то ба имрӯз зиндагии кӯчагӣ ва ҳаёти “бомж”-ӣ доштам. Худо азобҳои маро дида бароям ҷуфти ҳамқисмати худамро рӯ ба рӯ кард. Акнун, ки бо Николай барин марди мефаҳмидагӣ издивоҷ кардам бовар дорам боқимондаи умрамон бо хушию хурсандӣ мегузарад.
Сарчашмаи беморӣ Николой буд
Бори аввал ВНМО дар бадани Николай ошкор карда шудааст. Николай низ дар навбати худ собиқ ҳамсарашро дар гирифтор шуданаш ба ин вирус сабаб медонад.
Аз нақли Николай чунин бармеояд, ки чанд сол пеш вай зани дӯстдоштае доштааст, ки олудаи ВНМО будааст. Ин зан Николайро низ ба ин вирус мубтало сохта, баъдан ба Федератсия Руссия сафар намудааст ва ҳамин тавр бе ному нишон гаштааст.
Николай вақте бо Александра Кудашкина шинос шуд, ӯро низ олудаи ин вирус кард, вале Александраи азбдида, ки солҳои дароз зиндагии сахт ва оворагардона дошт, аз Николай рӯй нагардонда, бо ин марди бемор оила барпо кард. Муносибати инсндӯстонаи ҳамсараш Николайро ба зиндагӣ дилгарм намуда, аз паси табобат шуд.
Пас аз тӯй ин ҷуфти олудаи ВНМО ройгон табобат гирифта истодаанд ва ба гуфти табибони соҳа, истеъмоли ҳаррӯзаи дорҳои зидди ВНМО намегузорад, ки беморӣ авҷ гирифта ба ҷиси нҳо зарари бештар расонад. Акнун Николай ва Александра метавонанд мисли дигар ҷуфтҳо ҳаёти хушбахтона ба сар баранд.
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД