toyota motors
Ғуломи интернет
63

Ҷавоне бо номи Ардашер дар Инстаграм ва Тик-Ток миллионҳо обуначӣ дошт. Ҳар рӯз видеоҳое мегузошт, ки дар меҳмонхонаҳои қиматбаҳо субҳона мехӯрад, либосҳои брендиро иваз мекунад ва бо мошинҳои охирин модел сайр мекунад.

Ҳазорон ҷавон ба ӯ ҳасад мебурданд ва менавиштанд: “Кош ман дар ҷойи ту мебудам”.

​Яке аз мухлисони ашаддии ӯ, ки дар ҳамсоягии Ардашер зиндагӣ мекард, рӯзе дид, ки Ардашер аз мағозаи одӣ як нони хушк ва як баста лапшаи тезпаз (Ролтон) харида, пинҳонӣ ба хонааш меравад. Ӯ ҳайрон шуд ва аз қафои Ардашер рафт.

​Ардашер дар як ҳуҷраи иҷораи кӯҳна ва нимторик зиндагӣ мекард. Маълум шуд, ки он мошинҳои қиматбаҳоро ӯ танҳо барои 10 дақиқа иҷора мегирифт, то видео созад. ​Он либосҳоро пас аз наворбардорӣ бо барчаспҳояшон (тег) ба мағоза пас мегардонд. ​Ӯ қарздор буд ва ҳатто пули барқро супорида наметавонист.

​Ардашер дар назди камера табассум мекард, вале вақте тугмаи "Stop"-ро пахш мекард, аз танҳоӣ ва фишори қарзҳо гиря мекард. Ӯ асири образи сохтаи худаш шуда буд. Ӯ наметавонист иқрор шавад, ки одӣ аст, чунки метарсид, ки лайкҳо ва обуначиҳояшро аз даст медиҳад.

Мо аксар вақт саҳнаи зиндагии дигаронро бо паси саҳнаи (закулисье) зиндагии худамон муқоиса мекунем. Ин хатои калон аст. Ту нафрат мехӯрӣ ё ҳасад мебарӣ ба чизе, ки аслан вуҷуд надорад.

​Хушбахтии воқеӣ дар он аст, ки ту кӣ ҳастӣ, на дар он ки дигарон туро кӣ мебинанд. Ардашер миллионҳо мухлис дошт, вале як дӯсти ҳақиқӣ надошт, ки ба ӯ дарди дил кунад. Мо бо чашмонамон чизҳои зеборо мехӯрем, вале рӯҳамон гурусна мемонад.

​Ба ҳар чизе, ки дар экран мебинӣ, бовар накун: Бисёр вақт онҳое, ки бештар хушбахтӣ намоиш медиҳанд, дар асл бештар аз ҳама муҳтоҷи меҳранд. Сохтани образи дурӯғин мисли сохтани хона аз қум аст, бо як борони воқеият мерезад.

Шояд ту мошини қимат надорӣ, вале нони ҳалол ва хоби ором дорӣ, ки Ардашер дар орзуяш буд.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД