arzon replenishment
Ғургӯшак ва сурхакон ба кӯдакон чи хатар доранд?
708


Ғургӯшак яке аз бемориҳои паҳншудаи кӯдакона ба шумор меравад. Аломати асосии ин беморӣ пайдо шудани варам дар бехи гӯш,баланд шудани табби кӯдак, гум шудани иштиҳо ва камқувватӣ мебошад.

Аксари волидон ғургӯшакро бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, ба духтур муроҷиат намекунанд, ки ин хатои маҳз мебошад. Ин касалӣ махсусан дар писарбачаҳо хавфнок буда, метавонад бачаро дар оянда ба мушкилоти бенаслӣ гирифтор созад. Ғургӯшак оқибатҳои ногувор дошта, метавонад боиси паст шудани шунавоӣ ва ҳатто кар шудани кӯдак гардад, агар онро сари вақт ва пурра табобат накунанд.

Сурхакон-ба ин беморӣ бештар кӯдакони аз 2то 9- солае гирифтор мешаванд, ки эмгузаронӣ карда нашудаанд. Сурхакон бемории сироятӣ буда, ҳангоми муносибати наздик-дар як кат хобидан, дар як хона бо кӯдаки бемор зиндагӣ кардан ва ё тариқи ҳаво мегузарад. Кӯдаке, ки ба сурхакон гиирфтор шудааст, таббаш ниҳоят баланд шуда, дар тамоми баданаш сурхӣ медамад. Роҳи асосии пешгирии касалӣ ҳатман сари вақт эмгузаронӣ кардани кӯдак аз сурхакон, яъне “краснуха” мебошад. Вақте ки шумо фарзандатонро эмгузаронӣ мекунед, нисбати ин бемори иммунитет пайдо мекунад ва организми кӯдак дар оянда худаш худашро ҳимоя хоҳад кард.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД