formula
Вақте, ки кӯдак гул мебарорад
1272

 

Чанд рӯз пеш аввал дар бадани писарчаи 5-солаам ва баъдан духтарчаи 3-солаам якбора доначаҳои майда-майдаи сурхпай дошуданд.

Ростӣ, аввал гумон кардам, кишояд аз ягон мева ё хӯрок ба баданаш аллергия дамидааст, вале модарам мегӯяд, ки ташвиш накашам, кӯдакон гул баровардаанду ба зудӣ мегузарад. Ростӣ, дар ҳарос ҳастам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед.
Муҳайё, аз ш. Турсунзода.

Чаро кӯдак гул мебарорад?
Хоҳари азиз, ба назар мерасад, ки тахмини модаратон дар ҳақиқат дуруст буда, кӯдакони шумо гул баровардаанд. Ба таҳлука наафтед, чунки гулбарорӣ барои инсон, махсусан барои кӯдакон чизи маъмулӣ аст, вале дар ин давра нисбати кӯдак бепарвоӣ зоҳир намудан низ лозим нест.
Беморие, ки мову шумо онро гулбарорӣ мехонем, бештар бо номи русии “Ветрянка” маъруфаст. Бар асари он дар бадани инсон доначаҳои сурхи обдор пайдо мешаванд. Ин беморӣ бештар дар кӯдакон вохӯрда, маъмулан, бачаҳо дар синни 3-6-солагӣ гул мебароранд, вале баъзан тифлакони то 1-сола ва нафарони синну соли нисбатан калонтар низ ба ин беморӣ гирифтор шуданашон мумкин аст. Вале дар натиҷа тахминан 70%-и кӯдакони аз синни 6-сола боло нисбати ветрянка иммунитети пурқувват пайдо мекунанд. Яъне кӯдаке, ки як маротиба гул баровард,дигар аз ин беморӣ тӯли тамоми умр эмин аст.

Гул аз аллергия чӣ фарқ дорад?
Бисёри модарон дар оғози беморӣ гулро аз аллергия фарқ қарда наметавонанд. Барои фаҳмидани он ки фарзанди шумо гул бароварда аст ё аллергия ба ҳолати кӯдак ва шакли доначаҳои дар пӯсташ дамида аҳамият додан лозим аст. Маъмулан аллергия яклухт дамида, пӯсти бадани кӯдак мисли авлон суп-сурх мешавад, мехорад, вале таб намекунад. Гулбарорӣ бошад, нишонаҳои хосаи худро дошта, ду-се рӯз пештар иштиҳои кӯдак баста мешавад, таб мекунад ва баъдан дар баданаш ягон-ягон доначаҳои хурд-хурди обдор пайдо мешаванд. Маъмулан доначаҳои гул аввал дар ҷо-ҷойи бани кӯдак пайдо шуда, бо муруривақт дар бадали чанд рӯз аъзои баданаш пур аз гул мешавад.

Вируси маккор
Эҳтимол шумо гумон мекунед, ки баробари афтодани вирус ба организми кӯдак дарҳол гул мебарорад, вале дар асл чунин нест.
Маъмулан гул барорӣ 3 давраро дар бар мегирад.
1. Давраи инкубатсионӣ-аз 10 то 21 рӯз;
2. Давраи хурӯҷибеморӣ- аз 3 то 8 рӯз;
3. Давраи шифоёбӣ- аз 3 то як ҳафта.

Нишонаҳои аввалини гул баровардани кӯдак инҳоянд:
1. Камтар баланд шудани ҳарорати бадан
2. Камқувватӣ ва дарди сар
3. Гум шудани иштиҳо, баъзан қайкунӣ ва дарунрав
4. Хориши гулӯ
5. Калон шудани лимфоузелҳо
6. Дамидани доначаҳо обдор дар пӯсти бадан

Ветрянка гузарандааст?
Ветрянка касалии гузарандабуда, аз шахси бемор ва одамони солими дар атрофаш буда, сироят карда метавонад, бинобар ин, то ҳадди имкон кӯдаки гул баровардаро аз дигар аъзоёни оила ҷудо кардан лозим аст.

Табобати беморӣ
Кӯдак ба шакли сабуки беморӣ гирифтор шуда бошад, ба ӯ доруву дармони зиёд лозим нест. Танҳо ҳангоми баланд шудани ҳарорати баданаш метавонед барои паст кардани ҳарорат ягон ҳаб ё нӯшдору диҳед. Фақат ба хотири пешгирӣ ба ҷойҳои доначаи сурхак дамида маҳлули фуксин молед, кифоя аст. Мабодо ветрянка вазнинтар гузарад, табиб метавонад доруҳои зидди вирусӣ низ таъин намояд.
Кӯдаки гул бароварда нигоҳубини махсус талаб мекунад. Кӯдак реҷаи бистарироҳатман риоя намояд. Назорат кунед, ки кӯдак доначаҳоро нахорад. Кӯдакони гул бароварда бояд ба парҳез риоя намоянд. Бемашварати духтур ба кӯдак дору надиҳед.

Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД