Як кӯдаки 5 сола беному нишон гум шудааст
Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як кӯдаки 5-соларо 6 моҳ боз падару модараш бо чашмони пуроб ҷустуҷӯ доранд. Волидони ин писарак, ки Алираҳмат Мирзозода ном доштааст, зимни суҳбат бо журналистон гуфтаанд, фарзандашон субҳи 22-юми майи соли равон аз манзили зисташон якбора ғайб зад ва аз байн 6 моҳ гузашта бошад ҳам, то кунун ӯро пайдо карда наметавонанд.
Модари Алираҳмати хурдсол Фаридаи Ортиқ қисса кардааст, ки рӯзи 21-уми май сахт бемор шуд ва хоҳаршӯяш ӯро ба беморхона бурдааст. Табибон пас аз ташхис муайян кардаанд, ки зан ба илтиҳоби кӯррӯда, яъне аппендицит гирифтор шудааст ва ӯро ҷарроҳӣ кардаанд.
“Як писарам 7-солаю дуюмаш 5-сола буд, кӯдаконро ба хушдоманам ва шавҳари хоҳаршӯям бовар карда, ба беморхона рафтам, вале писаракам гум шудааст. Азбаски дар беморхона будам, аз вазъи саломатиам нигарон шуда, касе ба ман дар бораи гум шудани писарам чизе нагуфт”, – нақл кардааст ин зан.
Аз нақли Фарида чунни бармеояд, ки ҳамагӣ як рӯз пас аз ба беморхона рафтани модараш Алираҳмат бедарак шудааст, вале наздиконаш ин ҳодисаро аз ӯ пинҳон доштаанд.
“Баъди ҷарроҳӣ боз 10 рӯз дар беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ будам. Танҳо рӯзи рухсат шуданам аз беморхона хонаводаи шавҳарам дар бораи гум шудани писарам хабар доданд. Аз шунидани ин хабар беҳуш шудам. Аз ҳамон вақт шаш моҳ боз дар фироқи фарзанди гумшудаам месӯзам ва натанҳо рӯҳан, балки ҷисман ҳам саломатиамро аз даст додам”, – бор дард қисса кардааст модари фарзандгумкарда .
Фаридаи Ортиқ аз мақомоти дахлдор хоҳиш кардааст, ки барои пайдо кардани писараш тамоми чораҳои заруриро андешанд, зеро дарди дурӣ аз ҷигарбандаш ва надонистани он ки писараш зинда аст ё не, барояш хеле тоқатфарсо ва ҷонкоҳ аст.
Бибии Алираҳмат -Ҳамроҷон Бобоева гуфтааст, ки баъди ин ҳодиса домод бо баҳонаи он ки “барои як кӯдак оиларо ба ғурбат кашондан» намехоҳад, аз духтараш Фа рида ҷудо шудааст. Айни замон Фарида ҳамроҳи писари калониаш Яҳё Мирзозодаи 8-сола дар деҳаи Басманда зиндагӣ мекардааст.
Шахсоне, ки дар бораи ин кӯдак ягон маълумот доранд ё макони будубоши Алираҳматро медонанд, метавонанд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳанд.