arzon replenishment
ЗАХМИ МЕЪДА! ЧАРО БЕШТАР МАРДҲО ГИРИФТОРИ ОН МЕШАВАНД?
01.08.2021
ОИЛА
1858

 

Бемории захми меъда на ин ки аз хӯроки нодуруст, балки аз хислати бади инсон пайдо мешавад. Захми меъда шаҳодатдиҳандаи пайдоиши саратони меъда аст, шумораи аз бемории мазкур фавтидагон дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунанд. Оё бемориро сари вақт муайян ва табобат кардан имконпазир аст? Ба ин савол гастроэнтеролог, профессори рус Леонид Лазебник посух мегӯяд.

    Хӯроки зарарнок захми меъда мекунад?

Сабабҳои асосии пайдоиши захми меъда ғизои нодуруст ва одатҳои бад аст, вале ба ғайр аз хӯроки зарарнок боз омилҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки боиси хурӯҷи бемории мазкур мегардад. Дар ҷавонӣ яке аз сабабҳои пайдоиши захми меъда изтироби шадид мегардад. Пиронсолон бошанд, бо сабаби истеъмоли дурударози дорувориҳои зиддиилтиҳобӣ, ки ҳуҷайраҳои меъдаро осеб мерасонанд, гирифтори он мегарданд. Гунаҳкори асосии пайдоиши бемории мазкур бактерияи маъмултарин - хеликобактер пилори маҳсуб меёбад. Ба ақидаи муҳаққиқон, он душмани аввали меъда аст. Хеликобактер дар меъдаи 70-80% одамон вуҷуд дошта бошад ҳам, на ҳама бемор мешаванд. Бактерия зери таъсироти дигари манфӣ аз қабили пастшавии масуният, изтироби шадид ва ғизои зарарнок фаъол мегардад.

Захми меъда бе аломат мешавад?

Аксарият гумон мекунанд, ки бемории мазкур бо дарди ҷонкоҳи меъда зуҳур менамояд. Дар асл чунин нест. Хусусан дар нафарони калонсол захми меъда бе ягон аломат зуҳур намуда, баъзан бо дарди кунд аз худ дарак медиҳад. Аз ҳамин сабаб, нафарони бемор замоне аз бемории худ дарак меёбанд, ки девораҳои меъдаашон кафида, фавран ҷарроҳӣ гузаронидан лозим меояд. Баъди чунин ҷарроҳӣ то охири умр шахси бемор бояд парҳезро риоя намояд.

Лечебная диета № 1. Правила питания при гастрите и язве желудкаПодробнее

                                     Беморӣ табобат дорад?  

Истеъмоли дорувориҳо (барои табобати захми меъда чанд намуди антибиотик ва дорувориҳоеро тавсия медиҳанд, ки кислотаи гидрокимиёвӣ рафъ месозанд) захми меъдаро дар давоми 1,5 моҳ сиҳат менамояд. Вале табибон бар онанд, ки то замоне сабабҳои пайдоиши беморӣ вуҷуд дошта бошанд, хатари пайдоиши он аз нав вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, аз хеликобактер халосӣ ёфта, ба изтироби шадид роҳ надодану дар истеъмоли хӯрок андозаро нигоҳ доштану эҳтиёткор будан лозим аст. Ҳатто дар сурати пурра махкам шудани захм он мунтазам аз худ дарак медиҳад, зеро яра кашиш хӯрда, девори меъдаро нозук месозад ва ҳангоми ҳазми хӯрок бемор худро ноҳинҷор эҳсос мекунад.

Оқибати захми меъда саратон аст? 

Бо вуҷуди он ки захми меъда ба захми бадфиол тағйир меёбаду яке аз оқибатҳои ногуворӣ беморӣ ба шумор меравад, он на ҳамеша рух медиҳад. Беморӣ аз ҷои ҷойгиршавии захми меъда, синну сол ва дарознокии беморӣ вобастагӣ дорад. Бо сабаби он ки саратони меъда яке аз бемориҳои маъмул ва вазнини бемориҳои онкологӣ ба шумор меравад, дар давраи аввали пайдоишаш ба осонӣ табобат мегардад. нафароне, ки замоне бемории захми меъда доштанд, дар як сол як маротиба бояд аз муоинаи гастроэнтеролог гузашта, ташхиси гастроскопия кунанд. 

Захми меъда бемории мардона аст?

Дар ҳақиқат захми меъда дар мардон бештар дида мешавад. Сабаб дар он нест, ки занҳо ба хӯроки мехӯрдаи худ диққати хоса медиҳанд. Гап сари он аст, ки муҳофизи асосии меъдаи зан ҳормони эстроген аст, ки гардиши хунро дар бофтаҳо ва ҳолати пардаҳои луобии меъда беҳтар месозад. Вале баъди менопауза, вақте ки сатҳи ҳормони эстроген дар ҷисми зан кам мешавад, эҳтимолияти пайдошавии захми меъда дар зану мард баробар мешавад.

                     Хислат гунаҳкор аст?

Алоқамандии байни хислати инсон ва ҳолати меъда амиқ аст. Ҳатто табибони гастро­энтеролог як ибораи маъмул доранд: «Сабаби пайдоиши захми меъда дар хӯроки мехӯрдаи шумо не, балки дар ғаму андуҳи шумост». Нафароне, ки захми меъда доранд, бо бадҷаҳлӣ, зудранҷӣ, хавотирӣ, асабоният аз дигарон фарқ мекунанд. Аз ҳад зиёд инҷиқ будан боиси бештар ҷудошавии кислотаи гидрокимиёвӣ гашта, пардаи луобиро вайрон месозад. Дар натиҷа захми меъда пайдо шуда, мунтазам оқибатҳои ногувор ба бор меорад. Табобати беморӣ бе рафъ намудани мушкилоти равонии мариз имконнопазир аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД