Зане, ки ошиқи китоб аст
376

 

Беҳтарин дӯсти инсон китоб аст, вале дар замони муосир бештари мардум саргарми телефон, интернет ва дигар технологияҳои замонавӣ гашта, чандон ба китоб ва китобхонӣ диққат намедиҳанд. Хушбахтона қаҳрамони мо Адолат Абдуллоева аз зумраи инсонҳои китобдӯст ва маърифатпарвар буда, дигаронро низ ба хондани асарҳои гуногуни бадеъӣ, илмӣ ва таърихӣ ҳидоят менамояд, зеро тавре ки худи ӯ мегӯяд, китоб инсонро тарбия намуда, ба роҳи нек равона месозад.

Адолат Абдуллоева дастпарвари факултаи “китобдорӣ ва таърихшиносӣ”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикиситон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз соли 2018 дар китобхонаи филиали рақами 28-и ноҳияи Синои пойтахт ба ҳайси китобдор фаъолият менамояд.

Сӯҳбати мо бо ин бонуи китобдӯст дар боби нақши китоб дар ҳаёти инсон хеле гуворо буд ва инак пораеро аз муҳовараамон манзури шумо месозем.

-Адолатбону, ҳар як шахс аз хурдсолӣ касберо интихоб мекунад. Оё китобдор шудан орзуи кӯдакии шумо буд?

-Аслан ман аз хурдӣ орзуи духтур шуданро доштам ва хонандаи фаъоли мактаб будам. Дар ҳамон солҳо маҳфилҳои зиёде барпо мегаштанд ва қариб дар ҳама чорабиниҳо иштирок мекардам. Барои омодагӣ дидан ба ҳар як маҳфил тез- тез ба китобхона мерафтам ва ҷевонҳои калони пур аз китобро дида, ҳавасам меомад. Ҳамин тавр орзуи китобдор шудан дар дилам шӯъла афрӯхт.

- Мегӯянд, ки шумо дар байни як-ду рӯз хондани як китоби калонро ба охир мерасонед. Рост аст?

-Ман аз айёми кӯдакӣ то ҳол ошиқи китоб ҳастам ва пайваста китоб мехонам. Дар кӯдакӣ хондани “Афсонаҳои халқи тоҷик”- ро дӯст медоштам ва тамоми афсонаҳояшро аз ёд карда будам. Вақте, ки бо ҳамсинфонам ба китобхона мерафтем, китоби бисёре мегирифам. Онҳо ҳайрон шуда мепурсиданд, ки ин қадар китобро дар мудати кӯтоҳ хонда метавонӣ? Вале ман китобҳои калонро дар бадали як-ду рӯз мутолиа намуда, 10 китобро дар 4 ё 5 рӯз ба пуррагӣ мехондам. Ман ба калонсолон, махсусан ба падару модарон тавсия медиҳам, ки аз овони кӯдакӣ фарзандонашонро бо китоб қарин гардонида, ба онҳо афсона хонанд, ба кӯдакон ба ҷойи ҳар хел бозичаҳои нолозим китоб тӯҳфа кунанд, зеро китоб сифатҳои некро дар инсон тарбият намуда, ҷаҳони маънавии шахсро бой месозад.

-Имрӯзҳо хонандагон ба китобхона бисёр меоянд ё миқдорашон хеле кам аст?

-Тӯли чандин сол мешавад, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад ва бо шарофати ин озмун сафи хонандагони китобхонаҳо низ зиёд шудааст. Ин озмун ба китобхонаҳо ҳаёти нав бахшид. Мо хонандагоне дорем, ки дар озмуни мазкур ғолиб омадаанд ва то даври ҷумҳуриявӣ рафтаанд. Инҳо Тошматова Дилбар, Мирсалимов Умарҷон, Саъдиева Дилбар мебошанд. Барои боз ҳам бештар гаштани сафи китобдӯстон мо чораҳои зиёде андешида, тез-тез маҳфилҳои адабии “Рӯдакихонӣ”, “Шоҳномахонӣ” ва “Китоби беҳтарин”-ро баргузор менамоем. Ногуфта намонад, ки соли 2023 дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин” китобхонаи мо сазовори ҷойи сеюм гашта буд.

- Китобдор будан осон аст?

-Албатта ҳар як кор заҳмат металабад ва китобдорӣ низ як касби масъулиятталаб аст.

-Аз касби интихобкардаатон боре пушаймон шудаед?

-Ҳаргиз! Ман касбамро зиёд дӯст медорам ва фарх мекунам, ки китобдор ҳастам. Ҳар рӯз вақте ба китобхона, ба ин даргоҳи маънавӣ омада ба хонандагон хизмат мерасонам, таъбам болида мешавад.

- Ба хонандагон чи гуфтанӣ доред?

        

- Ба хонандагон гуфтаниям, ки ҳамарӯза китоб хонанд, зеро ҳар як китоб хишти маънавиест, ки девори фикронии моро мустаҳкамтар мегардонад.

       Умар МИРСАЛИМОВ  

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД