Arzon march 2024
Зане, ки соҳиби се касб аст
2037

Зайнура Раҷабова беш аз 8 сол аст, ки дар коргоҳи дӯзандагии воқеъ дар назди бозори “Меҳргон” ба занону бонувон хизмат мерасонад. Қаҳрамони мо то имрӯз ба садҳо занону духтарон хизматрасонӣ карда, дар ин замина шогирд омода кардааст. Ӯ як зани панҷ панҷааш ҳунар аст, ки баъд аз издивоҷ ба кулли орзуҳояш расидааст.

Зайнура дар 15-солагӣ падари 44-солаашро аз даст дода, баъди аз ин фоҷиаи дарднок ягона такягоҳи худро аз даст дода, руҳафтода гардида буд. Вале бо вуҷуди шикасти пурзӯри зиндагӣ барои ояндаи беҳтар талош карда, роҳи зиндагии шоистаро пайдо намудааст.

-Пас аз марги падарам зиндагӣ каме душвор шуд. Азбаски дар хона фарзанди калонӣ маҳсуб меёфтам, набудани даромади пулӣ ба ояндаи ман таъсир расонид. Бо сабаби зиёд будани мушкилиҳои рӯзгор натавонистам таҳсилро дар макотиби олӣ идома диҳам.
Зайнура пайроҳаи пурпечутоби зиндагиро пайваста имтиҳон кардааст, то ба модари танҳояш кӯмак намуда, дили ӯро ба ҳаёт гарм намояд. Аз ин рӯ, кори худро аз фурӯши маҳсулотҳои хурд оғоз кардааст.
-Ману модарам аз савдои кӯчагӣ ризқу рӯзӣ ба даст меовардем. Аммо ин кор бароям сангинӣ мекард. Баъдан дар чанд сех кор кардам, онҷо ҳам писандам наомад. Боз дар корхонае ба корҳои техникӣ машғул шудам.
Ҳамин гуна, Зайнура аз ҷое бо сабаби бад будани муносибат аз кор мераваду ҷои дигар даромади хеле ками пулӣ ба даст меорад. Қаҳрамони мо бо гузашти вақт пайваста касбу кори худро нав мекунад, то ба ҷое бирасад, ки роҳи ҳалли мушкилиҳои зиндагиаш гардад. Дар охир Зайнура пас аз омӯзиши думоҳа дар яке аз кошонаҳои ҳусни шаҳри Душанбе ба кор медарояд.
-Дар корхонаи нав ҳама чиз нағз буд. Кори сабук ва муштариён ҳама занон буданд. Хастагиро чандон ҳис намекардам. Аммо гоҳ- гоҳе ба худ меандешидам, ки агар донишҷӯ мешудаму дар риштае диплом медоштам, шояд зиндагиам ранги дигар мегирфт.
Зайнура аз хурдӣ мехост ҳуқуқшинос шуда, барои барқарор намудани адолат мубориза барад. Аммо бо тақозои рӯзгор, орзу дар дили ин духтари ҷавон хом монд.
-Бисёр мехостам дар зиндагӣ зану мардро баробар бубинам. Мехостам барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ талош намоям. Аммо афсӯс... Таҳсил дар ин соҳа барои ман, ки шароити хуби молӣ надоштам, душвор буд. Баъд ба хулосае омадам, ки ҳамшираи шафқат шуда кор мекунам, вале боз ҳам нашуд. Ҳамин гуна ҳасрат дар дил мондам.
Пас аз фаъолият дар кошонаи ҳусн аз пайвандони дури модараш барои Зайнура хостгор пайдо шуд. Ин духтари аз ҷабри рӯзгор ҷафокашида бе ягон дудилагӣ барои издивоҷ розигӣ дод.
-Фикр мекардам, ки пас аз оиладорӣ як дардам сад дард мешавад. Зеро аз занҳои гирду атрофам шунида будам, ки шавҳар ки кардӣ, дигар озодиҳо маҳдуд мешаванд. Ту бояд дигар на барои худ, балки барои хешу табори шавҳарат зиндагӣ намоӣ. Хушбатона, издивоҷ фикрамро иштибоҳ баровард.
Зайнура Раҷабова мегӯяд, шавҳараш қаҳрамони зиндагиаш ҳаст. Издивоҷ барои ин духтари меҳнатдӯст дарҳои расидан ба орзуҳояшро боз кардааст. Ӯ дар зиндагӣ тамоми маваффақиятҳои худро мадюни оилааш медонад.
-Пас аз оғози зиндагии муштарак чанд сол дар кошонаи ҳусн кор мекардам, вале аз сабаби он, ки корам аз субҳи барвақт то шаб идома мекард, ба масъулиятҳои хонадорӣ хубтар расида наметавонистам. Бо маслиҳати шавҳарам барои аз худ намудани касби хайётӣ дар як сехи дӯзандагӣ ба омӯзиш шуруъ намудам. Ҳоло ҳашт сол аст ҳамчун дӯзанда фаъолият мекунам.
Қаҳрамони мо ҳоло ба тамоми орзуҳои худ расидааст, ӯ бо дастгирии ҳамсараш чанд сол пеш курси омӯзиши тиббиро хатм карда, ҳоло дар маҳалла ҳамчун табиб шинохта шудааст.
-Аз худ намудани касби ҳамшираи тиб бароям бисёр хуб буд, имрӯз метавонам фарзандонамро худам сӯзандору гузаронам. Ҳатто ҷое шуд, ки шавҳарамро табобат кардам.
Қаҳрамони мо ҳоло дӯзанда, табиб ва омӯзгор аст. Ӯ соли 2023 Донишгоҳи омӯзгориро бо ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ хонда, дипломи худро гирифтааст.
-Ҳар рӯз дар хона мегуфтам, ки курсҳои омӯзишии зиёдеро аз худ намудам, вале диплом надорам. Шавҳарам, ки худ омӯзгор аст, ҳуҷҷатҳои маро бурда, ба маркази миллии тестӣ супорид. Соли 2018 ба бахши фосилавии Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуда, соли гузашта диплом гирифтам. Вале аз касби дӯзандагӣ дил канда наметавонам.Зайнура ҳоло рӯзе ду ё се курта медӯзад. Ӯ аз ин касби худ даромади хуб ба даст оварда, дар пешбарии зиндагӣ ба шавҳараш кӯмак мерасонад. Қаҳрамони 40-солаи мо соҳиби чор фарзанд асту ба духтарчаҳояш касби дузандагӣ меомӯзонад.
-Духтари калониам аллакай худаш метавонад бе ёрии ман матоъро пора карда, куртаҳои миллии тоҷикӣ омода намояд. Духтари дигариам ҳоло омӯхта истодааст.
Зайнура мегӯяд, аз соати 7-и субҳ ба кор омада, то соати ҳафти бегоҳ дар коргоҳ фаъолият мекунад. Баъд аз кор дар хона масъулиятҳои бар дӯши як зан бударо ба хубӣ анҷом медиҳад. Ҳоло шавҳар ва пайвандонаш аз келини ҳунарманди худ розӣ ҳастанд.
Зиндагӣ бисёр болову поёнҳо дорад, вале набояд дар мушкилиҳо шикаст хӯрду ноумед шуд. Қаҳрамони мо бо тамоми мушкилиҳои рӯзгор мубориза бурда, ба хушбахтӣ расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД