arzon replenishment
Зиндон шавҳарамро Қуръонхон кард
743


Салом! Хонандаи доимии “Оила” ҳастам ва мехоҳам саргузашти оилаи худамро нақл кунам, то ки ба дигарон дарси ибрат шавад.

Ман баъди ба шавҳар баромадан фаҳмидам, ки шавҳарам дузд аст, зиндагиям сагона мегузашт, вале ҷойи рафтан надоштам. Падарам дардманд буданд ва маро саробонӣ карда наметавонистанд. Ба акаю янгаҳоям умед баста наметавонистам, аз ин рӯ ночор ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар тоқат мекардам.

Мехостам аз шавҳарам талаби талоқ намоям ва чизу чораамро гирифта, қаҳр карда равам, вале боз андеша мекардам, ки агар номи бади бевагиро гирифта, ба хонаамон баргардам, як умр ғуломи янгаҳо мешавам. Ҳар рӯз аз шавҳарам илтиҷо мекардам, ки аз дуздӣ даст кашад ва пеши Худованд тавба намуда, ба роҳи рост дарояд.

Аввалҳо маро чунон мезад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намемонд, вале баъди ба чанги милиса афтидан ақлаш ба ҷояш омад. Зиндон шуд. Ду сол дар паси панҷара нишаста марди қуръонхону бамаънӣ шуд.

Зиндон назарашро ба зиндагӣ дигар карда нисбати зану фарзанд меҳрубон шуда монд. Акнун ягон одами дузд, зинокор ё авбошу бероҳаро бубинад, дарҳол аз гӯру қиёмат гап кушода, ӯро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Насиб бошад, хонаи Худоро зиёрат карданист.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД