1xbet
Садамаи маргбор дар роҳи Данғара - Бохтар
49

Субҳи имрӯз яке аз мухлисони сомонаи Oila.tj ба мо навори кӯтоҳи видеоиеро фиристод, ки аз сар задани садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Данғара - Бохтар гувоҳӣ медиҳад.

Тавре муаллифи навор зимни суҳбат ба мо гуфт, ин ҳодисаи нохуш рӯзи шанбе, 21-уми июн тақрибан соатҳои 16-17-и бегоҳ сар зада, якбора се мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Бар асари ин фалокат чанд нафар ҷони худро аз даст дода, теъдоди дигари мусофирон бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Бори дигар аз тамоми ронандагон хоҳиш мекунем, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёт карда, ҳаёти худу дигаронро дар хатар нагузоранд, зеро онҳоро дар хона падару модар, зану фарзанд ва дигар азизонашон интизоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД