tobiston
Тайёраҳои “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Ванҷ парвоз мекунанд
65

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” боз як хатсайри нави дохилӣ кушодааст. Тавре хадамоти матбуотии ширкат хабар додааст, имрӯз, 23-юми июни соли 2025 тайёраи аввалин дар масири Душанбе - Ванҷ парвоз мекунад.

Тайёраҳо дар як ҳафта як маротиба, рӯзи ҷумъа ба Ванҷ парвоз мекунанд. Парвоз аз Душанбе ба Ванҷ соати 08:00-и субҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар бозгашт аз Ванҷ ба Душанбе тайёра соати 09:30 парвоз мекунад.

Нархи чиптаи ҳавопаймо барои парвоз ба Ванҷ 750 сомонӣ буда, вақти парвоз 50 дақиқа аст.

Ёдовар мешавем, ки парвози ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе - Хоруғ низ фаъол буда, ҳафтае се маротиба анҷом дода мешавад. Нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин масир 900 сомонӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД