Dostoni ishqi man
22- хосияти давоии банан
876


Банан натанҳо меваи лазиз, балки барои саломатии инсон низ бисёр муфид аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи баъзе хусусиятҳои давоии банан маълумот медиҳем.

1.Хӯрдани банан барои шахсони ба депрессия гирифтор муфид аст.
2. Банан ягона мевае мебошад, ки ҳатто кӯдакон аз он аллергия надоранд.
3.Банан дар таркибаш калций дошта, мушшакҳоро пурқувват мекунад.
4. Банан барои беҳтар кардани кори микрофлораи рӯдаҳо тавсия дода мешавад.
5.Барои қабзияти рӯда(запор) банан хеле фоидабахш аст.
6.Банан ба нафароне, ки тез-тез зардаҷӯш мешаванд , тавсия дода мешавад.
7. Банан барои табобати захми меъда(язва желудка) фоида дорад.
8. Барои манъ кардани дарунравӣ банан хӯрданро тавсия медиҳанд.
9.Дар таркиби банан калий зиёд буда, барои одамони ба варзиш алоқаманд манфиати бисёр дорад.
10. Банан ба кам кардани варами пой кӯмак мекунад.
11. Пеш аз машқи бадан як дона банан хӯред, нерӯи тоза мегиред.
12.Банан барои беҳтар шудани кори узвҳои ҳозима(улучшение пищеварения)манфиат дорад.
13.Ба заноне, ки ҳангоми ҳайз бо сабаби шамолхӯрии бачадон сахт дард мекашанд, дар ин рӯзҳо бештар банан хӯрдан тавсия дода мешавад.
14.Онҳое, ки ба бемории камхунӣ гирифторанд, бояд ҳар рӯз ақаллан як донагӣ банан истеьмол кунанд, зеро он дар таркибаш оҳани зиёд дошта, бениҳоят фоидабахш аст.
15.Банан барои беморони қалб вафишори хун фоидаовар аст.
16.Банан иммунитетро баланд мекунад.
17. Банан барои санги гурда ва намакро аз гурда хорич кардан фоида дорад.
18.Банан барои рафъи дилбеҳузурӣ, бахусус токсикози занони хомиладор тавсия дода мешавад.
19.Барои раҳоӣ аз хориш, баьди газидани ҳашаротҳо, аз ҷумла хомӯшак,пучоки бананро муддати 10 дақиқа дар ҷойи ҳашарот газидагӣ баста монед.
20.Банан хосияти паст кардани ҳарорати баланди баданро дар ҳавои гарм дорад.
21.Одамоне, ки мехоҳанд одати бади сигоркаширо партоянд, бояд бештар банан истеьмол намоянд. Банан дар таркибаш калий ва магний дошта, хуморро рафъ месозад.
22.Банан интеллекти инсонро баланд мебардорад.
Дар охир таъкид карданием, ки ба беморони ба диабети канд мубтало хӯрдани банан қатъиян манъ аст.
Тарҷумаи Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД