Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз қаҳру ғазабро канор гузоред, он гоҳ оромии хонаатон ба зудӣ барқарор мешавад. Дар масъалаҳои пулӣ хеле эҳтиёт шавед, махсусан агар роҳбар ё масъули харидкунӣ бошед. Шиноси дерина метавонад пешниҳоде кунад, ки вазъияти шуморо беҳтар созад. Барои калонсолон эҳтимоли шиддатгирии бемориҳои кӯҳна вуҷуд дорад. Асабҳоятонро ҳифз кунед, нооромии рӯҳӣ метавонад саломатиро заиф гардонад.
Савр (20 апрел-20 май)
Дӯстиро бо ишқ омехта накунед, вагарна пушаймон мешавед. Ҷуфти ҳақиқии шумо ҳанӯз пайдо нашудааст, вале дар оянда ҳатман ишқи худро пайдо мекунед. Имрӯз вақти хуб барои суҳбатҳои оилавӣ аст, ҳатто агар рӯйдодҳои ғайричашмдошт рух диҳанд ҳам. Дар ҳама кор аз шитобкорӣ худдорӣ намоед, вагарна дучори мушкилиҳо мегардед.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Имрӯз ҳаматарафа фаъол ҳастед: дар ҷои кор метавонед ба роҳбар пешниҳодҳои ҷолиб диҳед. Нафароне, ки бо тиҷорат машғуланд, имкони васеъ кардани фаъолияти худро доранд. Агар дар ин рӯз ба ягон беморӣ гирифтор шавед, шояд он тӯл кашида, музмин гардад. Аз ҷойҳои серодам ва бемориҳои гузаранда дурӣ ҷӯед.
Саратон (21 июн-22 июл)
Агар муҷаррад бошед, дар ин рӯз шиносии ҷолиб имкон дорад. Корҳои пешинаатон осонтар ҳал мешаванд. Бо шиносон бештар суҳбат намоед, онҳо метавонанд роҳи ҳалли мушкилоти молиро нишон диҳанд. Аз хабарҳои зиёд дурӣ ҷӯед ва бештар вақти худро дар оромӣ гузаронед. Агар лозим бошад, чашмонатонро аз муоина гузаронед, ташхис муҳим аст.
Асад (23 июл-22 август)
Дар ҷодаи муҳаббат тағйироти калон рух намедиҳад, аз зиндагии ороми худ лаззат баред. Имрӯз барои васеъ кардани доираи шиносон фурсати хуб аст, шояд шахсе пайдо шавад, ки ба зиндагии шумо таъсири муҳим расонад. Дар кор эҳтиёткор бошед: ҳасади баъзе ҳамкорон эҳтимол дорад. Имкони даромади хуб ва харидҳои деринтизор фаро мерасад. Аммо аз кори вазнин худдорӣ намоед, имрӯз ҷисматон истироҳат мехоҳад.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Имрӯз дар интихоби бахти худ иштибоҳ намекунед. Дар хона тағйироти мусбат эҳтимол дорад, ки вазъи молиро низ беҳтар месозад. Агар мушкилоти корӣ бартараф шаванд, то шом фишори рӯҳӣ кам мешавад ва ба корҳои хона диққат медиҳед. Баъзеҳо метавонанд даромади ғайричашмдошт ё туҳфа гиранд. Саломатӣ хуб аст, аммо қабули витамину минералҳо фоида дорад.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз эҳтимоли рух додани шиносоии ошиқона дар ҷашн ё ягон ҷамъомад вуҷуд дорад. Барои таъмир ё навсозии хона рӯзи мувофиқ аст. Ба шиносоиҳои фоиданок омода бошед, эҳтимол хариди калон кунед. Барои харидани мошин ё хона рӯзи созгор аст. Саломатӣ хуб аст, аммо аз ташхис ва муоинаҳои мавсимӣ даст накашед.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Занони муҷаррад бояд дар интихоби ҷуфт эҳтиёткор бошанд, хоҳишмандон зиёданд, вале нафари содиқ кам. Дӯстон аз худ дарак медиҳанд, барои мулоқот рӯзи муносиб аст. Корҳои тиҷоратӣ хуб пеш мераванд, барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ҳам рӯзи бобарор аст. Сармоягузории имрӯз фоидаи калон меорад. Дар табиат вақти бештар гузаронед, вале худро аз шамол ва сармо ҳифз кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Дар муносибатҳои ошиқона сабаби нофаҳмиҳоро пайдо кунед, вале рашк ва гумони бад накунед. Имрӯз барои корҳои хона вақти муносиб аст, аз ҷанҷол дурӣ ҷӯед. Нақшаҳоятон шояд бо сабаби вайроншавии асбобҳои техникӣ ё гум шудани чизҳоятон тағйир ёбанд. Агар пешниҳоди тиҷоратӣ шубҳаовар бошанд, аз он худдорӣ кунед. Ба машғулияти ҷисмонӣ вақт ҷудо намоед, ҷисм ба фаъолият ниёз дорад ва серҳаракатӣ ба шумо нерӯ мебахшад.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нофаҳмиҳои хурд имкон доранд, каме фосила гирифтан фоидаовар аст. Хастагӣ метавонад шуморо асабӣ кунад, аммо вазъият зуд беҳбудӣ меёбад. Субҳро ба ҷамъбасти корҳо ва тарҳрезии нақшаҳо бахшед. Имрӯз барои нақшаҳои дарозмуддат мувофиқ нест. Аз таъсири ҳаво эҳтиёт шавед: он метавонад сабабгори хастагӣ ва дардҳои ҷисмонӣ гардад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз дар муносибатҳои ошиқона нарм рафтор намоед, дағаливу садои баланд метавонад вазъро бад кунад. Оиладорҳо дар бораи беҳтар кардани манзил фикр мекунанд ва нимаи рӯз фикри хуб пайдо мешавад. Шумо метавонед истеъдодҳои пинҳонӣ ва имкониятҳои навро нишон диҳед. Маблағи худро бодиққат сарф кунед. Аз пайи пул давида, саломатӣ ва наздиконро фаромӯш накунед.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз метавонед кореро, ки дербоз ба таъхир монда буд, анҷом диҳед. Дар муносибат бо наздикон тағйироти муҳим рух дода метавонад. Барои нигаҳ доштани муҳаббат, худатон кӯшиш намоед. Дар касбу кор монеаҳои ҷиддӣ имкон доранд ва шояд таҳсил ё омӯзиши иловагӣ лозим шавад. Барои тиҷорат ва корҳои вобаста ба савдо рӯзи хеле мувофиқ аст.