Яке аз маъруфтарин ҳунармандони Болливуд ва ситораи филми «Зита ва Гита» Дхармендра дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт.
Аввали моҳи ноябр ин ҳунарманди машҳур бо мушкилоти нафаскашӣ ба беморхона афтида буд, аммо баъдан ӯро ба хона ҷавоб доданд.
Дхармендра яке аз маъруфтарин ҳунармандони синамои ҳиндӣ буда, аз солҳои 1960-ум то имрӯз дар беш аз 300 филм нақшҳои пурҷозиба ва хотирмон бозидааст. Барои саҳми бузургаш дар рушди синамо, соли 2012 ҳунарманд бо ҷоизаи олии Ҳиндустон - «Падма Бхушан» сарфароз гардид.
Дхармендра маҳз бо нақши Рака, қаҳрамони ҷасур ва нексиришт дар филми «Зита ва Гита» дар кишвари мо машҳур гашта, маҳбуби хурду калон гашт.
Сарфи назар аз синну солаш Дхармендра фаъолияти эҷодии худро идома медод. Филми охирини ин ҳунарманди нотакрор «Икки» рӯзи 25-уми декабри соли 2025 намоиш дода мешавад.