Arzon march 2024
3 талоқ барои тавлиди писар
24.01.2022
ОИЛА
5577

Ман як ҷавонзани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайронмонда мехоҳам сарнавишти талхамро ба шумо қисса карда, маслиҳат бипурсам.

Нигора ном дорам, 28-сола ва сокини ноҳияи Шаҳринав мебошам. Оилаи мо калон буда, 5 духтару як писарем. Шавҳари апаи калониам дар садамаи нақлиётӣ вафот карда, 5 фарзандаш сағера монданд. Азбаски язнаам хонаву дар надошту як умр дар иҷорахона мезистанд, апаи бевамондаам бо 5 фарзанди ятимаш дарди сари падару модари пирам гашт. Шукри Худо ду апаи дигарам шавҳар доранд ва ҳамроҳи оилаву фарзандонашон дар хонаҳои худашон зиндагӣ мекунанд, вале бахт ба рӯйи ман нахандид. Духтари зебо бошам ҳам, хостгорон як бор меомаданду бо ҳамин бедарак мешуданд. Ба гуфти фолбинҳо бахтам баста будааст ва баъди даводавиҳои зиёд танҳо дар синни 26-солагӣ бахтам кушода шуда, ба шавҳар баромадам.

Мақоли “дер ояду шер ояд” дурӯғи маҳз будааст, духтар, ки дер шавҳар кард, пасмондаи дигарон насибаш мегаштааст. Синну солаш ба ҷое расидааст, гӯён, маро ба як марди ба қавли худаш “занмурда” ба шавҳар доданд, ки се фарзанди хурдсол дошт. Модар надоранд, сари сағераҳоро сила кардан савоб аст гуфта, фарзандони шавҳарамро мисли фарзандони худам қабул карда, гул барин нигоҳубин мекардам, вале чӣ мегӯед, ки баъди як сол зани шавҳарам аз он дунё баргашт. Аниқтараш занаш зинда будааст ва вақте мефаҳмад, ки шавҳараш зани духтар гирифтааст, аз рашк девона шуда, ҷанҷолкунӣ меояд. Занаки шаттоҳ ба ҷойи раҳмат гуфтан, ки ман фарзандонашро як соли дароз нигоҳубин кардам, дар сарам чормағз шикаста, қиёматро қоим кард, ки “ту беҳаё, магар марди дигар наёфтӣ, ки шӯйи маро гирифтӣ”. Ҳарчанд мегуфтам, ки “ҳой апа, ман шавҳари туро зӯран нагирифтаам, хушдоманам, ки зани қуръонхон аст, ба хонаи мо хостгорӣ рафта, қасам хӯрд, ки келинаш аз касалии саратон мурда, се фарзанди писараш ятим мондаанду касе нест, ки сари ятимонро сила карда, онҳоро нигҳубин кунад, падару модари ман аз рӯйи раҳму шафқат хоҳиши онҳоро қабул карда, маро ба ин мард ба шавҳар доданд”, зани шавҳарам, ки қаҳр карда баромада рафта будааст, аз аспи ҷаҳл нафаромада, маро дашном медоду таънаву дуоҳои бад мекард.

Хуллас, баъди пайдо шудани зани шавҳарам рӯзам сиёҳ гашт. Зан аз болои шавҳараш ба суд муроҷиат намуда, талаб кард, ки барояш хона харида диҳад. Се фарзанд доштанашро ба назар гирифта, ҳавлиро ду тақсим карданд. Шавҳари номардам ба хотири он ки нисфи ҳавлӣ аз даст наравад ва алимент насупорад, аз ман пинҳонӣ дубора бо занаш оштӣ карда, ваъда додааст, ки дар бадали ду моҳ талоқи маро дода, ба хонаи волидонам бурда мепартояд.

Вақте ки ин моҷаро сар шуд, ман аллакай панҷмоҳа ҳомиладор будам. Шавҳарам ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб мекард, ки рафта, исқоти ҳамл кунам, вале аз тарси он ки мабодо баъди “аборт” кардан безурриёт шуда намонам, ман ба ин кор розигӣ надодам. Ҳамин тавр, байнамон нофаҳмӣ сар шуд ва шавҳарам маро ба хонаи падарам оварда монду бо ҳамин бедарак шуд.

Се-чор моҳи дигар дар хонаи волидонам зиндагӣ карда, баъди нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз тифли батнамро ба дунё овардам. Ростӣ, хеле вазнин таваллуд кардам, вақти зодан фишори хунам аз 200 баланд шуд ва табибон маҷбур шуданд, ки ба таври фаврӣ маро ҷарроҳӣ карда, кӯдакро бигиранд. Пас аз таваллуд кардан муддати се рӯз чашмонам намедиданд, кам монда буд, ки сари фарзанд равам, вале шавҳари беинсофам ақаллан як бор ҳам маро хабаргирӣ наомад. Кӯдакамро мисли сеғараҳо бе падар аз таваллудхона баровардам.

Ростӣ, дилам аз шавҳарам тамоман монда буд ва намехостам дар бораи таваллуд карданам ба ӯ чизе бигӯям, вале модарам “ҳар чӣ ҳам набошад, вай падар аст ва ҳақ дорад, ки бидонад” гуфта, ба он номард занг заданд ва шодиёна гирифта гуфтанд, ки занат як шоҳписар зоид. Шавҳари нокасам ба ҷойи Худоро шукр гуфтан бо ситезаву қаҳру ғазаб “аз худаш ҳам безораму аз бачааш ҳам, духтаратонро се талоқ кардам” гӯён, тариқи телефон ҷавоби маро додааст.

Бечора модари пирам телефонро хомӯш карда, зор-зор гиря карданд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ин марди худонотарси фарзандбезор маро тӯҳмат карда, гуфтааст, ки гӯё ман духтар набудам ва ба хотири шарманда нашудани падару модарам ин сирро қариб ду сол пинҳон карда гашааст. Дили ман аз худам сад фоиз пур аст, чунки бо касе ишқварзӣ накарда будам ва то шавҳар карданам ягон мард дастамро надоштааст, аз ҳамин хотир, мехоҳам шавҳари худобехабарамро ба суд диҳам, то товони тӯҳмати кардаашро пардозад ва барои писарам алимент диҳад, аммо хешу табор мегӯянд, ки зиндагии шуморо аллкай ду сол шуд, ту дигар исбот карда наметавонӣ, ки духтар ба шавҳар баромадӣ, загс ҳам надорӣ ва суд барои кӯдакат алимент ҷудо намекунад, худатро беҳуда азоб надеҳ...

Падарам се сол пеш инсулт шуда, як нимаи танаш кор намекунад ва ба қавли мардум “тару хушкаш якҷоя аст”, модарам низ бемории қанд дорад ва як рӯз сиҳат бошад, се рӯзи дигар нотоб шуда, сарашро аз бистар бардошта наметавонад. Ягона ноновари хонаводаи мо бародарам мебошад, ки худаш зан ва чаҳор фарзанд дорад. Падару модари беморам, апаам бо панҷ фарзанди ятимаш, хоҳарам, ки ҳанӯз муҷаррад аст, зану бачаҳои худаш, ману писарчаам, хулоса хӯрондану пӯшондани 16-17 нафар бар дӯши бародарам аст. Ошкоро дар ин бора чизе нагӯяд ҳам, эҳсос мекунам, ки ҷони бародарам ба лабаш расидааст, вале чӣ кор карданашро намедонад. Маҳз аз ҳамин хотир мехоҳам ба суд муроҷиат намоям, вале боз андеша мекунам, ки агар гапи хешу табор рост барояд, ба ҷойи фоида танҳо зарар дида, дар кашмакаш мемонаму халос, аз ҳамин хотир, ниёз ба роҳнамоии шумо дорам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Агар ба суд муроҷиат намоям, оё метавонам исбот намоям, ки ман нодухтар набудам ва шавҳарам маро тӯҳмат карда истодааст? Мабодо шавҳарам писарчаамро ба гардан нагирад, чӣ тавр исбот кунам, ки ин фарзанд маҳз аз ҳамин мард аст? Мо загс надорем, магар кӯдаки ман ба гирифтани алимент ҳақ дорад?

Нигора, аз н. Шаҳринав  

Поделиться новостью
Шарҳ
(4)
Мухайё 2022-01-25, 14:35
Хохарам аз хама кори хуб хаволаи хамаашонро ба Худо бисупор ва аз паи зиндагиат шав. Кудакатро апаат нигохубин кунаду худат дар ягон чо чои кор ёбу бародаратро дастгири кун.
Посух
Нигора 2022-01-25, 22:18
Худованд бехтарин дархоро ба руятон боз кунад ва гунахгорон ба чазояшон бирасанд.Омин
Посух
Фархори 2022-01-26, 10:06
Рости хело кисаи гамангез бале шумо хап нашинед ба суд дихед барои алимент хак доред.шумо ба воситаи ДНК и писвратон ба суд мурочиат кунед алимент мегирен.Дар ин ичо духтар будан набудани шумо сухим нест ба шумо аз руи нишондоди даромади шавхаратон алимент аз 80 то 120 сомони аз шавхари беноусатон ситонда мешавад
Посух
Фархори 2022-01-26, 10:08

НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД