35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 4-УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2026
1329

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ воқеаҳои ҷолиб рух медиҳанд. Барои пайдо кардани шиносҳои нав бештар бо мардум муошират кунед. Шахси дӯстдоштаатон метавонад хоҳиши якҷо бештар вақт гузаронданиро баён кунад. Дар кор ба шумо вазифаи муҳим супурда мешавад, ки иҷрои хуби он метавонад ба пешрафти касбӣ мусоидат кунад. Дар масъалаи хароҷот эҳтиёткор бошед ва ба саломатии худ диққати бештар диҳед.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар ҳаёти шахсиатон мувофиқи хоҳиш пеш намеравад, шояд нисбат ба интихоби ҳамсафар талаботи аз ҳад зиёд доред. Оиладорон бояд масъалаи муҳимро ошкоро муҳокима кунанд. Рӯзи мусоид барои гуфтушунид ва пайдо кардани робитаҳои нави корӣ аст. Пешниҳодҳои судманди молиявӣ низ эҳтимол доранд. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва худро аз сармою бемориҳои сироятӣ эҳтиёт кунед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз мулоиму ғамхор бошед, аз фишору баҳс худдорӣ кунед. Кӯшиш накунед, ки ақидаи худро бо ҳар роҳ ба дигарон бор намоед. Муошират бо дӯстон ва ҳамкорон табъатонро болида месозад. Барои роҳбарон рӯз серташвиш буда, қабули қарорҳои масъул зарур мешавад. Ба зиракии худ такя кунед. Нимаи аввали рӯз каме суст мегузарад, аммо то шом неруятон барқарор мешавад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз неруи рӯҳӣ ва эътимод ба худ бештар мешавад. Муносибат бо шахси дӯстдоштаатон гармтар гардида, барои баъзеҳо пешниҳоди деринтизор эҳтимол дорад. Дар кор аз уҳдаи ҳар вазифа хуб мебароед. Рӯзи мусоид барои анҷом додани баъзе корҳои молиявӣ низ ҳаст. Аммо обрӯву манфиати шахсиро ба муносибатҳои хешутаборӣ омехта накунед. Аз одамони ҳамеша шикояткунанда ва муҳити манфӣ низ дурӣ ҷӯед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз дар муносибатҳои шахсӣ каме сардӣ эҳсос шуданаш мумкин аст. Барои барқарор кардани наздикӣ бо шахси дӯстдоштаатон бештар вақт гузаронед. Агар вазъияти зиндагии шахсӣ шуморо қонеъ насозад, ба худ ва хоҳишҳои худ диққат диҳед. Дар масъалаҳои корӣ пешниҳоди судманд ё имкони хуби даромад пайдо мешавад. Дар муносибатҳои корӣ аз фиребу найранг парҳез кунед, зеро боварии дигарон дороии муҳим аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон метавонад шуморо бо як сюрпризи ғайриоддӣ шод гардонад. Дар муносибатҳо бо сухан эҳтиёткор бошед, зеро як ҷумлаи беандеша метавонад боиси ранҷиш гардад. Дар кор масъулиятшиносии шумо қадр мешавад ва ҳатто эҳтимоли мукофот вуҷуд дорад. Барои соҳибкорон рӯзи мусоид буда, имкони рушди фаъолият фароҳам меояд. Барои беҳбуди ҳолати ҷисмонӣ машғулиятҳои обӣ ва шиноварӣ муфиданд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз ташвишҳои рӯзгор ва масъалаҳои молиявиро каме канор гузошта, ба ҳаёти шахсӣ диққат диҳед. Барои муҷаррадон вақти муносибест, ки муносибатҳои худро аз нав баррасӣ кунанд. Танҳоӣ ва андеша кардан метавонад ба шумо барои дарки беҳтари эҳсосотатон кӯмак кунад. Дар кор аз ваъдаҳои беандеша ва фишори зиёдатӣ худдорӣ намоед. Ҳангоми харид эҳтиёткор бошед. Ба саломатӣ низ беаҳамиятӣ накунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Агар дар ҳаёти шахсӣ ноумедӣ эҳсос кунед, рӯҳафтода нашавед, муносибатҳои воқеӣ ҳанӯз дар пешанд. Барои ҳалли масъалаҳои ҷамъшуда шояд хароҷоти молиявӣ лозим шавад, бинобар ин аз муҳимтарин корҳо оғоз кунед. Субҳ барои иҷрои нақшаҳо ва гуфтушунид бо ҳамкорон мусоид аст, аммо шом каме хастагӣ эҳсос мекунед. Аз корҳои аз ҳад зиёд ва қарорҳои шитобкорона парҳез кунед. Ҳангоми ҳаракат ва баҳсҳо эҳтиёткор бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар масъалаҳои ошиқона имрӯз ба ҳисси дарунии худ такя кардан мумкин аст. Барои беҳтар кардани муносибатҳои оилавӣ ташаббус нишон диҳед: як сайругашт, шоми ошиқона ё туҳфаи хурд метавонад фазоро гармтар кунад. Рӯз барои ҳалли масъалаҳо бо идораҳо ё шахсони масъул мусоид аст. Аммо ба пешниҳодҳои шубҳанок фирефта нашавед, онҳо метавонанд ҳам зарари молиявӣ ва ҳам обрӯйӣ дошта бошанд. Ба ғизо ва қоидаҳои беҳдошт низ диққат диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз бахти шумо дар муҳаббат ёрӣ медиҳад. Агар танҳо бошед, эҳтимоли вохӯрӣ бо шахси ҷолиб вуҷуд дорад. Барои ошиқон беҳтар аст вақтро бо шахси дӯстдошта танҳо гузаронанд. Корҳои хона низ осонтар пеш мераванд ва барои тозакорӣ рӯзи мувофиқ аст. Дар фаъолияти касбӣ тағйирот ё пешниҳоди вазифаи нав эҳтимол дорад. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ карда, ба таҳкими саломатӣ ва масуният аҳамият диҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Имрӯз шахси дӯстдоштаатон ба таваҷҷуҳ ва ғамхории бештар ниёз дорад. Барои анҷом додани корҳои ҷамъшуда ва мустаҳкам кардани мавқеи худ рӯзи муносиб аст. Аммо масъалаҳои кӯҳнаи ҳалнашуда метавонанд ногаҳон пеш оянд ва вақти зиёдро талаб кунанд. Имкони ба даст овардани даромади иловагӣ вуҷуд дорад, вале пеш аз қабул кардани қарор тамоми хатарҳоро ҳисоб кунед. Агар бисёр кор кунед, ҳатман аз стресс ва асабоният дурӣ ҷӯед.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Имрӯз барои моҷароҳои ошиқона вақти мувофиқ нест. Беҳтар аст чанд соатро дар оромӣ гузаронда, фикру эҳсосоти худро ба тартиб оред. Боварӣ ба худ афзуда, ин метавонад ҳам ба вазъи молиявӣ ва ҳам ба муносибат бо наздикон таъсири хуб расонад. Масъулияти нокомиҳои худро ба дигарон бор накунед. Аз таҷрибаи одамони муваффақ омӯзед. Ғизои солим, хоби кофӣ ва истироҳати дуруст барои беҳбуди ҳолатон муҳим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД