goodwell
ВКД се блогерро барои паҳн кардани наворҳои таҳқиромез боздошт кард
02.10.2026
Oila.tj
140

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон се блогери тоҷик - Ибронов Раҷабалӣ, Ғаниева Миҷгона ва Раҳмонзода Далерро барои омода ва паҳн кардани наворҳои таҳқиромез дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, дар наворҳои паҳншуда шахсони нобино масхара шуда, шаъну шарафи онҳо паст зада шудааст. Гуфта мешавад, ки пас аз шикояти як гурӯҳи шаҳрвандон нисбат ба блогерон чораҳои ҳуқуқӣ андешида шудаанд. Бо қарори суд Ибронов Раҷабалӣ ва Раҳмонзода Далер ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, Ғаниева Миҷгона ба пардохти ҷарима уҳдадор шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки омода ва паҳн кардани маводи таҳқиромез, ки шаъну шарафи шаҳрвандонро паст мезанад, метавонад боиси ҷавобгарии қонунӣ гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД