Кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аз эҳтимоли сар задани муноқишаи гурӯҳӣ миёни хонандагони муассисаи таълимӣ пешгирӣ карданд.
Тибқи маълумоти мақомоти корҳои дохилӣ, як гурӯҳ хонандагони синфҳои 9 ва 10 қаблан бо ҳам маслиҳат карда, қасди ташкил намудани муноқишаи гурӯҳиро доштаанд. Санҷиши саривақтии кормандони милитсия имкон додааст, ки аз эҳтимоли содир шудани ҷинояти авбошӣ бо истифода аз корд пешгирӣ карда шавад. Зимни санҷиш аз ду ноболиғ ду адад корд дарёфт ва мусодира шудааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба волидайни 14 нафар ноболиғ тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, бо худи ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шудаанд.