formula
5-роҳи бе ҷоду гарм кардани дили мард
4020


Ҳар як бону мехоҳад дили мардеро ба даст орад, вале на ҳама медонанд, ки чӣ тавр ин корро кардан мумкин аст. Муҳаббат муаммои сарбастаест, ки на ҳама онро кушода метавонанд, аммо чанд тавсияи мо дар ин кор ба шумо мадад расонда метавонад. Ин қоидаҳоро риоя карда мардро мафтун намуда метавонад.

Зебою хушбӯй бошед
Мард аввал ба ҳусни зан диққат медиҳад, баъд ба дунёи ботинияш. Муҳаббати мардро ба даст овардан хоҳед, ҳамеша зебо бошед. Ба кошонаи ҳусн равед, либоси зебо пӯшед ва табассум карда гардед. Зан бояд ҳамеша зебо бошад, муҳим нест, ки нафаре дӯсташ медорад ё не.

Аз дигарон фарқ кунед
Зебо будан албатта хуб аст, вале дар атроф бонувони хушрӯй хеле зиёданд. Барои он ки мард мањз шуморо интихоб намояд, бояд аз дигарон фарқ карда истед. Шарт нест, ки мӯятонро қабуд кунед, муҳимаш тарзи либоспӯшӣ ва рафтору гуфтори шумо фарқкунанда бошад.

Хилъати кӯҳнаатонро партоед
Бо халати рангпаридаву мӯйи шонаназадаатон мардњоро талхакаф накунед. Табъи нохуш маънои онро надорад, ки ба сару либоси худ бепарво бошед. Ба атрофиён бо сару либоси хуб хуш меоед.

Маҳмадоногӣ накунед
Мард зани маҳмадоноро ҳамчун ҳамсафари ҳаётӣ қабул намекунанд. Шояд нисбати чунин бону эҳтиром пайдо намоед, вале ҳеҷ гоҳ бо духтаре, ки ҳар замон босавод буданашро нишон медиҳад, оила бунёд намекунад.

Қадри худро донед
Ба гардани ҳар мард овезон нашавед. Ба мард фаҳмонед, ки шумо сагча нестед ва агар ба қадратон намерасида бошад, дигареро меёбед. Зане, ки қадри худро медонад, ёри мувофиқ меёбад.
Ҳанӯз ҳам дили марди орзуҳоятонро наёфта бошед, бо ӯ вохӯреду баъдан чанд рӯз занг назанед ё хеле кам зангаш занед. Як ҳафта тоқат карда тавонед, мард шуморо ёд карда, барои вохӯрӣ баҳона меҷӯяд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД